casino malaysia
casino malaysia
Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст  (Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бахшида ба «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ»)

wrapper

 

Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, ба вижа баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҷойгоҳи хоса дорад. Ба он хотир, ки бо баҳои сазовор ва арзандаи Пешвои миллат “Маҳз омӯзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад. Пешрафти ҷомеа ва ташаккули шахсиятҳои номбардори миллат натиҷаи фаъолияти хастагинопазири омӯзгор аст”.
Махсусан, бо дастгирӣ, ҳидоятҳо ва ташаббусу роҳнамоиҳои  бевоситаи Сарвари давлат дар тӯли даврони Истиқлол маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа эълон шуда, омӯзгор ба сифати афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш манзалат пайдо кард. Ин тадбири ҳакимона андешида имкон дод, ки дар ин ҷода тағйироту дигаргуниҳои кулии бунёдӣ рух диҳанд, иншоот ва муассисаҳои таҳсилотии замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Чунки “Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Барҳақ аст, ки омӯзгорро меъмори руҳи инсон номидаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳаё созем”. 
         Ширкати бевоситаи Пешвои миллат агар аз як тараф, чун анъана ва як падидаи нодир дар ҷараёни ифтитоҳи муассисаҳои тозабунёди соҳаи маориф аз зери таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани ин соҳаи ниҳоят муҳими ҳаёти ҷомеа гувоҳӣ диҳад. Аз тарафи дигар, дар “Рӯзи дониш” аз ҷониби Пешвои миллат бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотии кишвар аз аҳамияти муҳимми таълимиву тарбиявӣ ва тамоили инсонгаройӣ доштани иқдомҳояшон далолат мекунад. Зеро сулҳу суботи комил ва оромиву амният фазои мусоидеро фароҳам месозанд, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, бавижа низоми маориф, раванди таълиму тарбия ба таври муътадил ҷараён гирад ва рушд намояд. Зикри суханони ҳикматомези Пешвои миллатро дар ин маврид ҷоиз мешуморем, ки гуфта буданд: «Ман ҳамчун роҳбари давлат аз аввал ҷонибдори дар ҷомеа ба мақоми сазовор соҳиб гардидани омӯзгор будам ва муносибати ман нисбат ба ин табақаи созандаи ҷомеа минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд”.
         Воқеан, мусассисаи таҳсилотӣ макони омӯзиши савод, такмили дониш, одобу ахлоқ, илму маърифат, маншаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шинохти худ ва асолати миллат аст.  Ба ин хотир, Ҳукумати кишвар ҳамасола барои инкишоф ва дурнамои рушди ин соҳа тамоми тадбирҳоро меандешад, ҳамасола дар бунёд намудани теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилотӣ, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои навини техникӣ ва васоити технологӣ, бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣ, китобхонаҳои ҳозиразамон ва таъмини онҳо ба китобҳои дарсӣ ва илмии тозанашр ва ғайра муваффақ мегардад, то насли ояндасози миллат дар фазои сулҳу осоиш ва амн таҳсил карда, соҳибмаърифат ва баробар бо ҷомеаи зудтағйирёбанда қадам гузорад.
         Чӣ тавре аз суханони ироадоштаи Ҷаноби Олӣ аз мулоқоташон бо кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон бахшида ба таҷлили «Рӯзи дониш» маълум гардид тӯли даврони истиқлол соҳаи маорифи кишвар устуворона рушд кард. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 адад ба 47 адад расид, баробар бо ин шумораи донишҷӯён низ афзоиш ёфт. Ҷалби духтарони деҳоти дурдасти кишвар тавассути ковтаи Президентӣ анъанаи солҳо дар мафкураи мардум нақшбаста: духтарон бояд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил накунандро шикаст. Ба духтарони зираку ҳушманд роҳро барои таҳсил ва соҳибкасб гардидан боз кард. Минбаъд ҷудо шудани ҷой барои таҳсили писарони минтақаҳои кӯҳистон ба таҳсил шумораи онҳоро тавассути ин васила афзун кард. То ҳадде як инқилоби маърифатиро дар минтақаи кӯҳистон ба вуҷуд овард.
         Бар замми ин тавассути стипендияи Президентии «Дурахшандагон», квотаҳои аз ҷониби Ҳукумат ва Ҳукумати дигар давлатҳо барои хатмкунандагони мо ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи ҷумҳурӣ ҷудошуда, таҳаввулоти ҷиддиеро дар низоми маорифи кишвар ба вуҷуд овард.
         Ба насли ояндасози миллат имконият фароҳам овард, ки дар муассисаҳои бонуфузи давлатҳои пешрафта, аз рӯйи ихтисосҳое, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон заруранд таҳсил карда, мутахассиси варзида ва забондон тарбия гиранд. Махсусан, дар шаҳри Душанбе ин иқдом бештар амалӣ гардидааст, ки бо таъкиди Президенти кишвар барои  роҳбарони вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо бояд намунаи ибрат бошад. Онҳо бояд ин таҷрибаро андӯзанд, дар ин самт корро мисли масъулини пойтахти мамлакат ҷиддӣ ташкил кунанд ва ғайра.
         Бо вуҷуди ин, барои боз ҳам рушд кардани соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор, танзими раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи мутахассисони варзида зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз ин мулоқот назди ҳар як масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм, омӯзгорон  гузоштанд содиқона, самимона ва бо камоли виҷдон иҷро карда шаванд. Аз ҷумла:
         - хонандагон ва донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилотро вобаста ба бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, дар рӯҳияи фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангии гузашта, тарғиби идеяи миллӣ, устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу осоиштагӣ тарбия намоянд;
         - ҷалб ва пеши роҳи шомилгардии наврасону ҷавонони кишварро  ба ҳама гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ тавассути баргузор кардани дарсҳои тарбиявӣ, ташкили мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, шоирону нависандагон, дар вохуриҳои якҷояи волидайн бо намояндагони муассисаҳои таҳсилотӣ боз доранд;
         - бандҳои алоҳидаи се қонуни миллӣ – дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҷониби се ниҳоди марбута риоя карда шуда, ҳар шашмоҳа мавриди санҷиш қарор дода шавад. Зеро қонунҳои зикршуда мазмунан ва мантиқан на фақат ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодӣ, балки аҳаммияти сиёсиву амниятӣ низ доранд;
         - бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ мактабҳое, ки ба таъмир ниёз доранд, ё дар қитъаи замини онҳо имкони бунёд кардани бинои нави муассисаи замонавӣ ҷой дорад Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорон, дигар шахсони эҳсонкор ва падару модарон корҳои сохтмониро вусъат бахшанд;
         - супориши бевоситаи Пешвои миллатро дар мавриди рақамикунонии соҳаи маориф ва илми кишвар, ба чорабиниҳои гуногун сафарбар накардани хонандагон ва ғайра, саривақт иҷро намоянд;
         - ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созанд;
         - ҷиҳати тарбияи омӯзгорони ба талаботи замона ҷавобгӯй тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ба омӯзгороне, ки бесабаб ба дарсшиканӣ роҳ медиҳанд нисбаташон чораҷӯӣ намоянд. Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро ба роҳ монанд;
         - нисбат ба маълумоти оморие, ки Пешвои миллат нигаронӣ аз он намуданд:  «Тибқи маълумоти оморӣ аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд ва 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд» - нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои қонунии онро таъмин гардонанд ва ғайра.
 
 
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа,
 профессор, и.в. мудири шуъбаи
фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia