casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Гуштингирӣ дар масири таърихи тоҷикон

Дар рисолаи номбурда манбаҳои таърихию назарявии гӯштини тоҷикии “гӯштингирӣ”, мафҳум, навъ ва вижагиҳои он, инчунин таърихи ташаккули гӯштин дар илму фарҳанги тоҷик таҳлилу баррасӣ гардида, дар заминаи ин таҳлилҳо моҳияти таърихию мақому манзалати ин намуди варзиши тоҷикӣ арзёбӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар рисола баъзе андешаҳои донишмандони бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино ва Паҳлавон Маҳмуди Хоразмӣ нисбат ба пешаи паҳлавонӣ ва дигар паҳлуҳои таърихию фарҳангии он баррасӣ гардидааст.

 

Муфассал ...

Дастовардҳои илмии Институт: Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ташаккул ва проблемаҳо

Китоби маскур аз маҷмӯи мақолаҳое иборат мебошад,ки ба масъалаҳои Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Дар он масъалаҳои мубрами ташаккул ва проблемаҳои низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он бахусус, конститутсинӣ, маданӣ, соҳибкорӣ, судӣ , мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғ. мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

     Барои ҳуқуқшиносон ва ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, тавсия карда мешавад.

Муфассал ...

Истиқлолият ва эҳёи арзишҳои миллӣ

Истиқлолият ва муродифҳои он соҳибихтиёрӣ, новобастагӣ-озодии ҳокимияти сиёсӣ аз ҷумлаи он мафҳумҳое мебошанд, ки ҳолати  рӯҳӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии  фард, миллат, давлатро, ки дар асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ устуворанд, ифода мекунанд. Ин мафҳумҳо танҳо ҳангоме маънӣ пайдо мекунанд, ки акси онҳоро дар мадди назар  орем. Акси ин мафоҳим асорат, бандагӣ (убудият),чокарӣ, навкарӣ, вобастагӣ, беихтиёрӣ мебошад. Дар матни сиёсӣ ин мафҳумҳо зери асорати кишваре ё миллати бегонае қарор гирифтан, озодии миллиро аз даст додан аст. 
Ҳеҷ як ҷамъияте дурнамои таърихии худро бидуни рушду такомули имконоти фарҳангӣ ва арзишҳои маънавию ахлоқиаш тасаввур карда наметавонад. Арзишҳои фарҳангӣ, ки дар навбати худ шомили ҳар арзишҳои маънавӣ мебошад, дар тули таърихи тамаддуни башар яке аз муҳимтарин  омили  бақо ва рушду муҳаррики доимии ҳар  қавму миллате  будааст ва ҳаст. Таърихан ҳамин доштани имконоти қавии билқувваи маънавию фарҳангӣ, баъзе қавму миллатҳоро, аз чанги ҳаводиси харобиовари рӯзгор тавонистааст солим берун орад ва барои рушди минбаъдаи он нерӯ бахшад. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар ин росто, дарку эҳсоси моҳияти аслии он чӣ даврони истиқлолият ба мо дод, бе варақзадани хотираи таърихии миллат комил нахоҳад буд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia