casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолият ва эҳёи арзишҳои миллӣ

wrapper

Истиқлолият ва муродифҳои он соҳибихтиёрӣ, новобастагӣ-озодии ҳокимияти сиёсӣ аз ҷумлаи он мафҳумҳое мебошанд, ки ҳолати  рӯҳӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии  фард, миллат, давлатро, ки дар асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ устуворанд, ифода мекунанд. Ин мафҳумҳо танҳо ҳангоме маънӣ пайдо мекунанд, ки акси онҳоро дар мадди назар  орем. Акси ин мафоҳим асорат, бандагӣ (убудият),чокарӣ, навкарӣ, вобастагӣ, беихтиёрӣ мебошад. Дар матни сиёсӣ ин мафҳумҳо зери асорати кишваре ё миллати бегонае қарор гирифтан, озодии миллиро аз даст додан аст. 
Ҳеҷ як ҷамъияте дурнамои таърихии худро бидуни рушду такомули имконоти фарҳангӣ ва арзишҳои маънавию ахлоқиаш тасаввур карда наметавонад. Арзишҳои фарҳангӣ, ки дар навбати худ шомили ҳар арзишҳои маънавӣ мебошад, дар тули таърихи тамаддуни башар яке аз муҳимтарин  омили  бақо ва рушду муҳаррики доимии ҳар  қавму миллате  будааст ва ҳаст. Таърихан ҳамин доштани имконоти қавии билқувваи маънавию фарҳангӣ, баъзе қавму миллатҳоро, аз чанги ҳаводиси харобиовари рӯзгор тавонистааст солим берун орад ва барои рушди минбаъдаи он нерӯ бахшад. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар ин росто, дарку эҳсоси моҳияти аслии он чӣ даврони истиқлолият ба мо дод, бе варақзадани хотираи таърихии миллат комил нахоҳад буд.
Ин амал ба мо имконият медиҳад, ки мушаххасан ба ҷавонони мо нишон диҳем, ки  чигуна бо вуҷуди гузашти аём ва ҳаводиси мудҳишу харобиовари иҷтимоӣ-сиёсӣ: ҷангҳо, асоратҳои тӯлонӣ, аз даст додани истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ халқи тоҷик боз ҳам тавонистааст ҳувияти фарҳангии худро ҳифз ва онро дар шароиту сатҳи нав рушду нумӯ бахшад.
Ҷиҳати таъйиди ин қазия кофӣ аст, як нигоҳи таҷридии ҳамафарогир (ба истилоҳи компютерӣ-масштабӣ)-е ба таърихи халқи тоҷик андозем ва хоҳем дид, ки чигуна ин миллат ҳамроҳ бо қавму халқиятҳое, ки шолудаи таърихии ӯро ташкил медиҳанд (чун: суғдиён, тахориён, бадахшониён, халқиятҳои ориёитабори афғонӣ, эронӣ) ҳар бор пас аз  дучорӣ ва гирифторӣ ба оташи хонумонсӯзи  истилогари хориҷӣ чун Ҳазрати Иброҳим аз оташи Намрӯд солим берун омада ва ё чун мурғи оташ аз зери хокистар аз нав эҳё ва пару боли баландпарвозеро кушодааст. Боварнокарданист, пас аз заволи империяи Ҳахоманишинӣ ва асорати  қариб ҳазорсолаи ин сарзамин зери султаи Юнону бохтарӣ ва селевакидҳо ва кучманчиёни кӯшонию юриши аъроб ва чингизиёни муғул, ҳокимияти муғултаборони Манғития ва ниҳоят ҳокимияти ҳафтодсолаи Шӯравӣ ин миллат тавонист, боз эҳё шавад?
   Дар давоми ин панҷ марҳилаи асорат ва эҳё миллати тоҷик натанҳо фарҳанги хешро фаромӯш накард, балки барои юнониёну македониҳо, аъроб ва муғул нақши рӯшангариро низ бозида, бар ивази футуҳоти сиёсии онҳо, тавонист алайҳи онон фатҳи фарҳангию маънавӣ кунад. Метавон гуфт, ки ин яке аз нодиртарин мисоли таърихист, ки як қавм ё миллате баъди ин ҳама тӯфонҳои харобиовари таърих, тавониста бошад, ки ҳувияти худро маҳфӯз дорад.
Асорат барои ҳар миллате бузугтарин фоҷиа буда, метавонад омили нестӣ ё ҳадди ақал заъифу нотавон гардидани он миллат шавад. Бадеҳияти ин масъалаи иҷтимоӣ ҳанӯз садсолаҳо пеш маълум буда ва моҳияти он аз тарафи ҷомеашиносон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла яке аз аввалин ҷомеашиноси илмии шинохташуда, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб, Ибни Халдун дар асари худ бо номи «Муқаддима» вазъи равонию иҷтимоии миллати дар асорат афтодаро хеле хуб тасвир кардааст. Ӯ дар фасли 24 он китоб зери сарлавҳаи «Ҳаргоҳ миллате мағлуб гардад ва дар тасаллути дигарон воқеъ шавад ба суръат рӯ ба нестӣ ва инқироз хоҳад рафт» менависад, ки «Ҳар гоҳ кохи фармонравоии миллате вожгун гардад ва ба сарнавишти бандагӣ дучор шаванд ва ҳамчун абзори бегонагон қарор гиранд ва ба онон мутакӣ шаванд, /орзӯи онон кӯтоҳ ва суст мешавад, дар сурате, ки таваллуд ва таносул ва ободонӣ/ дар партави ҳусули умед ва орзӯ ва натоиҷе аст, ки аз он ба бор меояд, аз қабили нишот ва ҷунбиши қувваи ҳайвонӣ, ва аз ин рӯ ҳаргоҳ дар натиҷаи ин сустӣ ва забунӣ навмедӣ бар қавме чира шавад ва сифот ва одоте, ки аз умед сарчашма мегирад аз инсон рахт барбандад ва асабият ҳам бар иллати ғалабаи хашм аз миён биравад. \Натиҷатан\ пайдост,ки имрон ва иҷтимои чунин миллате нуқсон хоҳад ёфт ва пешаҳо ва касбҳо ва масоии онон дар роҳи пешрафти тамаддун муталошӣ хоҳад шуд».[1] Ибни Халдун дар ин матн ҳолати иҷтимоию равониеро, ки дар натиҷаи ба асорат афтодани як миллат бар ӯ рӯй медиҳад, хуб тасвир ва баён кардааст. Ин ҳамон ҳолати навмедӣ ва аз байн рафтани орзӯст, ки натиҷаи ноилоҷӣ, бечорагӣ ва таҳқиршавию забунӣ аст, ки ин ҳолат афроди миллатро аз таассуби шахсиятсоз, ҳамон ору номус, ифтихору нишот, ҳаракату кӯшиш боз медорад.  Дар ин маврид Муҳаммад Иқбол гуфта:
«Уммате к-аз орзӯ неше нахӯрд,
Нақши ӯро фитрат аз гетӣ сутуд.»
Ба гуфтаи Ибн Халдун инсон дар ин ҳолат ҳатто аз тобеият бар хостаҳои ғаризавии қувваи зистии табиӣ- майл ба таваллуду таносул ва ободонӣ низ худдорӣ мекунад. Ӯ ин мавзӯро бештар мӯшикофӣ намуда, омили асосии гирифтор шудан ба  ин ҳолатро аз байн рафтани ваҳдат ва иттиҳоди  миллат медонад ва меафзояд: «Ба сабаби дарҳам-шикастани сипоҳ ва лашкар ва нерӯи иттиҳоди онон, ки натоиҷи мағлубият аст, дар амри дифоъ аз худ оҷиз хоҳанд гардид ва он вақт дар баробари ҳар мутаҷовиз ва нерӯи муҳоҷиме ба забунӣ ва шикастан дархоҳанд дод ва тӯъмаи ҳар озманде хоҳанд буд, хоҳ он миллат ба охирин марҳилаи камоли давлат ва кишвардорӣ расида бошад ё на».
Ин ҳама мавзӯҳои марбут ба фалсафаи озодӣ ва истиқлол аст.  Ибни Халдун дар масири ошкор кардани фалсафаи асорат ва озодӣ мӯшикофӣ намуда, онро ба мақоми инсон ҳамчун ҷонишин- халифаи Худо дар замин вобаста намудааст ва мефармояд: «Ва он ин ки одамӣ ба муқтазои хилофати худоӣ, ки дар замин ба ӯ арзонӣ гардида, ба табиати раис офарида шудааст ва ҳар гоҳ фармонравое аз мақоми риёсати худ суқут кунад ва аз расидагӣ ба ҳадафи иззат ва арҷмандӣ маҳрум гардад, чунон сустӣ ва забунӣ ба вай роҳ меёбад, ки ҳатто аз талош ва кӯшиш барои рафъи груснагӣ ва ташнагии хеш ҳам имтиноъ хоҳад варзид ва дар он сустӣ нишон хоҳад дод. Ва ин ҳолат дар ахлоқ (табиати)-и инсон мавҷуд аст ва назири онро дар бораи ҳайвоноти даранда (ваҳшӣ) низ нақл кардаанд, чунон ки гӯянд ин ҳайвонот то ҳангоме, ки дар асорати одамиён бошанд ба кори таваллуд ва таносул намепардозанд. Ва бино бар ин қабоил ва миллатҳое, ки бадинсон мамлук ва бандаи бегона шуда бошанд, ҳамвора роҳи измиҳлолро мепаймоянд ва ҷамъияти онҳо рӯ ба нузул меравад то саранҷом ба куллӣ мунқариз ва нобуд мешаванд ва бақо танҳо махсуси Худост.».[2]
Вазъи бандагии миллатҳои мусулмонро дар фарҳанги навини кишварҳои шарқ, баъд аз Ибни Халдун, аввалин бор, Абдурраҳмон Кавокибӣ дар асараш, «Табоеъул-истибдод ва масореъул-истиъбод» («Табиати истибдод ва заволпазирии асорат- бандагӣ» ва пас аз ӯ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  дар маснавии «Ҷовиднома» ва «Пас чӣ бояд кард» хеле хуб баён кардаанд.
Аммо мақсади мо аз ин иқтибоси тӯлонӣ аз Ибни Халдун он аст, ки ин назарияи сад дар сад дуруст, дар таърих истисное ҳам дорад. Ибни Халдун пас аз ин таҳлили назариявии зикршуда, ҳамчун мисол ба вазъи шукӯҳмандии эрониён  пеш аз шикаст дар муҳориба бо аъроб ва баръакс ба вазъи асафбори онҳо пас аз он ишора намуда, зимнан таъкид намудааст, ки набояд гумон кард, ки ин вазъ маълули расидани ситамгарӣ ё таҷовуз ба онон будааст, зеро фармонравоёни ислом аз лиҳози адолат дорои хусусиятҳое аст, ки бар ҳама маълум аст, балки ин ҳолат  як навъ табиат ва сиришт дар инсон аст, ки чун кохи фармонравоии ӯ ба дасти бегона вожгун гардад ва бозичаи дасти дигарон шавад ба чунин сарнавиште гирифтор мегардад.»[3] Чунон ки аз баррасии Ибни Халдун рӯшан шуд, нуктаи муҳим он аст, ки асорат бо табиати инсон созгор нест ва дар чунин ҳолат ҳар миллате рӯ ба табоҳию инқироз меорад.
Аммо муҳим он аст, миллати тоҷик баъд аз ҳар давраи асоратҳои тӯлонӣ ва муддате аз худбегонагӣ боз бар асли табиати худододи фарҳангофаринӣ баргашта, чунонки Тоҳо Ҳусейн ба тартиб дар китоби  «Ҳадисул-арбиъо» таҳлил намуда, чунон ки юнониён ба македониҳо бар ивази фатҳи сиёсӣ фатҳи маданию фарҳангӣ намуданд, ба фотеҳони худ чунин коре кардан. Ибни Халдун дуруст мегӯяд, дар воқеъ эрониён низ мисли мисриёну сурёниҳову бобилиҳо баъди истилои аъроб, чун миллат аз сафҳаи таърих бе нишон гардида ба аъроб идғом шуданд, дар остонаи ҳамчун миллат нест шудан қарор доштанд. Чунки Эрони марказӣ-ҷанубу ғарбӣ дар як муддати кӯтоҳ баъд аз шикаст дар муҳорибаи  Қодисия соли 636 то 652 дар зарфи ҳамгӣ 8-сол истиқлолияти худро куллан аз даст додан ва соли 651 ба салтанати сосонӣ хотима гузошташуд ва ҳамон вазъеро доштанд, ки Ибни Халдун  баён кардааст. Эҳёи дубораи Эрон ба шарофати тоҷикон имконпазир гардид. Чунки ҳарчанд тоҷикон бо арабҳои истилогар зиёда аз навад (90) сол аз соли 654 то737-39, яъне якҷоя бо шуришҳо тақрибан сад солмубориза бурда, барои ҳифзи истиқлолияти худ қаҳрамониҳо карданд. Баъди ворид шудан ба хилофат низ ҳуввияти худро, дар фазои васеътари сиёсию фарҳангӣ аз нав, дар робита бо фарҳанги исломӣ бозсозӣ намуда дар як муддати кӯтоҳ тавонистан дар шинохти ислом ва интишори тамаддуни исломӣ аз тамоми миллатҳои исломқабулкарда пешдастӣ бигиринанд.
Ногуфта намонад, ки дар ҳар яке аз ин давра кушишу таъсиргузорӣ ба ҳувияти миллати асир ва истиқлолияти аздастдода, заминаи муборизаҳои идеологию фарҳангӣ аз китобу китобхонасӯзӣ гирифта, то таҳмили дину ойин ва идеологияи худ  бадааст ва муддате дар натиҷаи ин сиёсат азхудбегонашавӣ ва комилан бенишон шудани ҳуввияти миллӣ мисли мисриёну бобулиён ва  муддате ҳатто испониҳо ва халқҳои шимоли Африқо низ ҷой доштаас, вале  дар ин росто таҷрибаи миллати тоҷик беҳамтост.
Сарвари Давлат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат Мӯҳтарам Президенти  Кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат 04.07.2013, қайд намудааст: «ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид.
Зимнан дар шарҳи қазияи зикршуда баён менамояд:”Яъне истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд.”       
Воқеан таҷрибаи таърихии инсоният нишон дод, ки рушди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ  дар ҷомеаҳои шарқии суннатӣ одатан ба осонӣ, дар масири шоҳроҳи ҳамвору бемонеа сурат намегирад. Бозсозӣ ва таҳаввули низоми суннатӣ ба низоми  мардумсолорӣ (демократӣ) ва муносибатҳои  нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар сатҳи чунин ҷомеаҳо бо мушкилӣ, талошу қушишҳои зиёд дар роҳи тарбияи мафкура ва фарҳанги нави сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-ахлоқӣ амалӣ мегардад. Ҳатто кишварҳои аврупоӣ, барои он ки ба сатҳи рушду тараққии асрҳои XIX-XX бирасанд, як давраи эҳёву ислоҳи шуури динӣ-миллиро тайи тақрибан 4-5 аср аз Давраи Эҳё -асрҳои XIV-XVI то асри XIX-XX -ро пушти сар карданд.
Раванди эҳёи фарҳанг ва арзишҳои миллию динии мо низ дар баробари рушди бесобиқа ва густаришу тааммуқи доимӣ, баъд аз истиқлолият, бо як қатор зиддиятҳо рӯ ба рӯ буда ва мебошад, ки комилан барҳам задани онхо ҳанӯз вақту талошу кӯшишҳои зиёдеро металабад.
Маълум аст, ки зиддиятҳо омили муҳими рушду тараққӣ мебошанд. Диалектикаи ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳоро метавон дар арсаи фарҳанг низ ташхис ва пайдо кард. Ин зиддият дар ростои эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ чӣ буда метавонад ва дар ин 25-соли истиқлолият мо  дар ин замина чигуна зиддиятҳо доштем ва чигуна онҳоро ҳалу фасл ва хунсо кардем ва карда метавонем? Таззодҳои буда дар ин замина чанд навъанд ва ғ-ра?
Дар табақабандии аввал, таззодҳоро ба ду дастаи асосӣ: назариявӣ ва амалӣ метавон тақсим кард. Ҳамчунин зиддиятҳои фародинӣ ва дохилидинӣ, фаромиллӣ ва дохилимиллӣ. Зиддиятҳои назариявӣ пеш аз ҳама бо асосӣ назариявии коркард ва муайян намудани ҷойгоҳи дин дар низоми давлати дунявӣ вобаста буд ва мебошад.
Дар ин росто бо назардошти рӯҳияи даврони шуравӣ рӯй овардан ба дин ва кӯшиши эҳёи арзишҳои динӣ, тавам –якҷо бо арзишҳои миллӣ, ба ибораи В.И. Ленин «як қадам ба пеш ду қадам ба ақиб» гаштан буд. Чунин тасаввур мерафт, ки дар оғози асри XXI, кӯшиши эҳёи арзишҳои динӣ, баъди 70-соли кӯшиши аз дин раҳоӣ ёфтан, дингурезиву динситезӣ, ки натанҳо кишвари шуравиро, балки тамоми Аврупоро фарогирифта буд, ҷуз кӯшиши боз баргашт ба қуруни вусто чизи дигаре буда наметавонад. Ҳатто як қисм зиёиёни мо, ки дорои рӯҳияи дуявияти радикалию эктремистӣ буданд, гаҳ ошкору гаҳ ниҳонӣ сару садоҳое низ баланд карданд.
Аз тарафи дигар дар сатҳи омма, нуфуз кардани ин рӯҳия ва истиқлолталабии ифротӣ, экстремистӣ мунҷар ба ворид шудани рӯҳияи исломи сиёсӣ ва мубаллиғону муздурони он низ гардид, ки дар натиҷа кишвар ба ҷанги аҳлӣ-гражданӣ кашида шуд.
Аммо аз ибтидо, заковати сиёсии Президенти кишвар барои аз ин бумбасту зиддиятҳо баромадан роҳи амну оптималии дурустро мадди назар намуда ин зиддиятро барҳам зада тавонист. Мо тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, ҳамзамон баракси даврони шуравӣ, гароиш ва эҳтироми худро ба арзишҳои динӣ эълон намудем ва дар натиҷа беҳтарин ва мусолиматомезтарин модели муносибати дину давлатро дар асоси принсипҳои миллии дунявият бунёд кардем, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» заминаи ҳуқуқии онро гузоштанд.  
Ҳанӯз 31 декабри соли 1992 Пешвои миллат дар самити Шӯрои Олии кишвар изҳор медорад, ки «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад[4]  Ӯ инчунин 15 ноябри соли 1993 фармудааст: «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунон ки маълум аст, эҳтироми ҷумҳурии моро ба принсипҳои эътирофшудаи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократию дунявӣ эълон намуд »[5]  Сарвари миллат Президенти Кишвар аз ҳамон ибтидо, дар баробари ин принспи аввал,  принсипи дуввумро, ки дар нигоҳи сатҳӣ бо принсипи аввал зид менамояд 8 сентябри соли 1996 дар маҷлиси ботантанаи бахшида ба рӯзи истиқлолият иброз медорад: «Мо ба дини мубини ислом, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем.» ва зимни баршуморидани нақши гузаштагони баруманди тоҷик дар ривоҷу густариши дини мубини Ислом меафзояд: «ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мост.»[6]
Дар ҷоддаи ин натиҷаи сиёсати оқилона ва диалектикӣ имрӯз мо ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардидем ва ин роҳро то охир идома хоҳем дод. Ин маънии онро дорад, ки сайри такомулии ин низом идома дорад, мо ҳанӯз ба ниҳояти ин роҳ нарасидаем. Табиист, ки ба камоли матлуб расидани ин низом вақту шароиту фурсати бештаре металабад.
Бо вуҷуди ин, метавон бо боварии том гуфт, ки мо намунаи беҳтарини модели давлати дунявӣ ва муносибати созандаи дин ва давлатро дорем, ки ҳатто муддате ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ дошта намояндагӣ дар порломони кишвар доштанд ва то замоне, қонуншиканӣ накарда буданд, озодона амал мекарданд. Дар мо тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон нисбат ба дин комилан риоя мешавад ва дар муқоиса бо даврони шӯравӣ озодии диндорӣ куллан фарқ дорад.
Мутаассифона, баъзе аз доираҳои динии мо тамоми навъҳои фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллии моро танҳо дар доираи фарҳанги динӣ, он ҳам танҳо дини Ислом хулоса карданӣ мешаванд, ки ин худ навъи дигари зиддият-зиддияти фарҳанги миллиро ба вуҷуд меорад. Аввалан, чунонки аз илми фарҳангшиносӣ маълум аст, фарҳанги миллӣ сохтор ва банду бофти мураккаб дорад. Он аз шаклу навъҳо ва аносири гуногуни фарҳангӣ: забон, адабиёт, анвои санъат: мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, хунарҳои зебо, санъати гуногуни моддиву маънавӣ, ба мисли фарҳанги илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, адабӣ, ҳунарӣ ташаккул меёбаду дар равобити доимии мутаассиршавӣ ва таъсиррасонӣ мебошад. Ин пояи асосии ғановат ва танаввуъу гуногунрангӣ ҳувияти миллӣ моро ташкил мекунад. Ҳатто дар сурати мазмунан ягона, яъне динӣ будан низ гуногуншаклии фарҳанг аз байн намеравад.
Гузашта аз ин фаҳанги миллӣ метавонад  мисли курраи Замин як чанд қишру қабат дошта бошад, намешавад танҳо як қабати охиринро дид ва дигар қабатҳои онро нодида гирифт. Мо мехоҳем намехоҳем ба ҳастии ин қабати охир, вуҷуди он қабатҳои қаблӣ бетаъсир нестанд.
Яки дигар аз навъи зидди дохилидинӣ  арзишҳои фарҳангии мо иборат аз таърихан хусусияти шаклан миллӣ доштани диёнати мо мебошад. Ин зиддияти дохили динии дар он зоҳир мешавад, ки аввалан, дар илоҳиёт бо вуҷуди амалан тавҳидӣ будани имону этқоди мардуми мо, ин тавҳид дар сатҳи боло ба шакли  ваҳдати вуҷудӣ ё ҳамахудоӣ (пантеизм) зуҳур кардааст ва аксари бузургони мо гароиши ирфонӣ, доштанд. Ҳама адибону шоирони маъруф, ҳатто файласуфон ва мутакаллимон чун Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино ва дар охирин даври такомули эҷодиашон ба ирфону тасаввуф рӯй оварда буданд. Магар мартабаи эшон, ки дар байни мардуми Осиёи Марказӣ эътибору обрӯи хоса дорад, мартабаи аҳли тасаввуфу ирфон нест?
Имрӯз ин масъала ҳассосияти бештаре пайдо кардааст, чунки як гурӯҳ пайравони фирқаи салафия, ки пири маънавияшон Ибни Таймия мебошад, гароиш ба тасаввуфу ирфонро куфр эълон кардаанд ва мутаассибона бо он мубориза мебаранд.
Ҳоло он ки ин хусусияти миллии диёнати мо, бо фаромиллӣ – ҷаҳонӣ будаи дини Ислом зиддияти усулӣ надорад. Дар он вуҷуди халқияту қабоилу миллат рад карда нашудааст, чунки дар Қуръони карим Худованд фармудааст: «Мо шуморо аз зану мард, халқҳо (миллатҳо) ва қабилаҳо офаридаем якдигаро бишносед (ё бо якдигар таъоруф-муносибати боадабона кунед), ҳамоно гиромитарини шумо назди Худо (на ҷинсу, қавму қабилаю халқияти шумо балки) ботақвотарини шумоён мебошад, Ҳамоно Худо олиму донанда аст».[7]
Вале дар ҳар сурат фарҳанги динӣ танҳо яке аз навъҳои фарҳанги миллӣ буда, давлат дар баробари дигар шаклу навъҳои фарҳанг ба фарҳанги динӣ низ эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Бинобар ин, барои ҳалли дурусти муносибати давлат ба фарҳанги динӣ мо бояд таносуби мутақобил ё диалектикии фарҳанги миллӣ ва диниро дарк кунем. Мо набояд арзишҳои фарҳанги миллиро ба арзишҳои фарҳанги динӣ ва ё баръакс муқобил гузорем. Маҳдуд кардани фарҳанги миллии тоҷикӣ сирф бо фарҳанги исломӣ низ чандон саҳеҳ нест. Дар баробари ин, ҷудо кардани фарҳанги динӣ ҳамчун унсури алоҳида ва мустақил низ кори дуруст намебошад. Бисёр унсурҳои милливу динӣ бо ҳам идғому маҳлул шуда, паҳнои фарҳанги миллиамонро вусъат бахшидаанд.
Дар ҳамин робита яке аз масъалаҳои пурмубоҳиса бо ифротгароёни исломӣ, бахусус салафиён, масъалаи таносуби миллият ва диният аст. Табиист, ки ин ду мафҳум-миллияту диният на ҳамеша бо ҳам ягона ҳастанд. Дар ин росто, метавонанд миллатҳои гуногун дорои як диёнати воҳид ва баръакс, афроди миллати воҳид диёнати гуногун дошта бошанд. Гузашта аз ин, як миллат метавонад таърихан ду ё бештар диёнатро эҷод ва пайравӣ карда ва вобаста ба он, дорои ду ё бештар қишри фарҳангӣ бошад. Ин масъала, низ дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти кишвар  дар муқоиса бо таърихи фарҳани ғарбӣ матраҳ шуда буд. Маълум, ки мардуми аврупоӣ то асрҳои ду-чаҳори мелодӣ, то дини ҳукмрон гардидани дини насронии сомиасос диёнатҳои бисёрхудоии ориёӣ-аврупоӣ доштанд. Юнониёну румиён дорои фарҳанги ғании илмию фалсафӣ ва тамаддуни пешрафта буданд, ки заминаи асосии Давраи Эҳё дар муҳити динии масеҳӣ гардид. Дар ин маврид, ягон аврупоӣ фарҳанги томасеҳии худро ночиз намешуморад ва кӯшиши муқобилгузории ин ду зинаи рушду таҳаввули фарҳангиро намекунад.
Давлатдории миллии мо тайи ин 33-соли истиқлолият маҳз дар заминаи шинохт, ҳифз ва рушду такомул бахшидани ҳамон анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки симои миллии моро таҷассум мекунанд, арзи вуҷуд намуда, шукри Худо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯву эътибори хосае пайдо карда, пойгоҳи бисёре аз байналмилалӣ  гардидааст. Зиёда аз ин, таърихан  арзишҳои тоисломии мо натанҳо дар рушду такомули фарҳангии миллӣ, балки ташаккули динҳои сомӣ аз ҷумла ислом саҳим мебошанд ва дар аҳди ислом, дар ташаккули фарҳангу тамаддуни исломӣ нақши бориз доштаанд. Мо бояд моҳияти ин арзишҳоро амиқ дарк намоем ва барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, шуури динӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ саъю талоши пайваста варзем.
Ин танҳо намунае аз чанд зиддия ва масоиле, буд ки дар масири эҳёи арзишҳои миллию динӣ вуҷуд доштанд ва доранд, мутаассифона ҳаҷми ин мақола барои баҳс дар атрофи масоили дигар имконият намедиҳад, вале худи ҳамин мухтасар далолат бар он мекунад, ки ин мавзӯ ба таҳлилу баррасии васеътар ниёз дорад.
 
 
Шерзот Абдуллозода ходими пешбарӣ
шуъбаи масалаҳои фалсафии динӣ
ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia