casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Таъмини ҳуқуқ ба таҳсили занону духтарон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини баробҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдориамон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, муқаррар намуд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз ҷинс ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (банди 1 маддаи 17). Бар замми ин дар банди дуюми моддаи мазкур муқаррар намуд, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Ин маънои онро дорад, ки мамлакатамон ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Муфассал ...

Донишмандони тоҷик ва рушди илмҳои табиию риёзӣ дар Асрҳои Миёна

Аз касе пӯшида нест, ки дар олами Шарқ имрӯз илм, хусусан, илмҳои табиию риёзӣ мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нукта ишора карда, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд». Ва хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо иқдоми Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд. Муфассал ...

Имрузу фардои мо маърифат аст (дар ҳошияи Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба  “Рӯзи дониш ва  “Дарси сулҳ”)

 

 Дарси сулҳи имсола монанди ҳамаи дарсҳои солҳои гузашта ҷолиб, хотирмон, мубрам, коргар буд.
Аввалин нуктае ки дар байни мардум мушоҳида кардем ҳамовозии гарму ҷушон пайдо кард суханони Президенти арҷманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,- Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми муаллим аст. Албатта он пешниҳод, ки дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун “Дар бораи  мақоми омузгор” омода карда ба мақомоти қонунгузориву ҳукуматӣ пешниҳод шавад, аҳамияти қонуниву воқеъӣ хоҳад дошт.
Ин нукта чӣ дар байни мардум, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хусусан дар байни муаллимони мактабҳои миёна истиқболи гарму ҷӯшон ёфт. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia