casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Бозтоби симо ва шахсияти омӯзгор дар андешаҳои ҳакимонаи Пешвои миллат

Омӯзгор шахсияти калидии низоми таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ташаккулу возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, худогоҳию худшиносии муҳассилин ва тарбиягирандагон нақши асосӣ мебозад. Зеро шахсият фитрӣ тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд.
Аз ин рӯ, барои бомақсадона ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия омӯзгор бояд қобилиятҳои дидактикӣ, ташкилӣ, муоширатӣ, идрокӣ, тавсиядиҳӣ, илмӣ-маърифатӣ ва ғайраро, ки бо мазмун ва хусусиятгириҳо аз ҳам тафовут доранд, дошта бошад. Муфассал ...

Нигини фалсафа ва шарқшиносии тоҷик

Зарина Диноршоева  шарқшинос ва файласуфи муътабар, устоди фарҳехта, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва модари маънавии садҳо шогирдон, 24-уми сентябри соли 1968 дар оилаи файласуфи бузург Мусо Диноршоев ба дунё омадааст.
Муаллима аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа роҳнамо ва пешсаф буда, барои ҷомеа чароғи роҳи илму маърифатанд ва бо корномаи илмии худ дар пешрафту шукуфоии фалсафа ва шарқшиносии тоҷик басо корҳои мондагор анҷом додаанд ва ҳоло ҳам паи пажӯҳишанд.
Агар ба корномаи илмии профессор З.М. Диноршоева назар афканем, мебинем, ки то чӣ андоза ин бонуи гиромӣ дар пешрафти илми фалсафаи тоҷик саҳм гузоштааст ва доим пайи омӯзишу пажӯҳиш, таълифи китобу мақолот, таълими шогирдон ва тайёр кардани олимони соҳаи фалсафа мебошад. Муфассал ...

  Бозтоби чанде аз масоили   фалсафӣ дар шеъри Рӯдакӣ

            Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ на танҳо дар саромади ташаккули забони форсӣ, шеъру адаб ва назми оламшумули он, балки дар фарҳанги форсу тоҷик дар саргаҳи ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ қарор дорад. Бесабаб Муҳаммад Авфии Бухороӣ (вафоташ1237) ҳангоми муайян намудани исми пурраи шоир дар тазкираи машҳураш “Лубоб – ул - албоб” ба ӯ насаби Ибни Ҳаким ар –Рӯдакиро  илова накардааст.
    Дар рисолаҳои фалсафии “Ихвон –ус –сафо” низ аз Рӯдакӣ чун шоир ва файласуф ёдоварӣ шудаву доир ба робитаи назариёти ӯ ба таълимоти ин ҳалқаи илмию энсиклопедӣ ва фалсафии асрҳои миёна ишораҳо рафтааст. Ҳамчунин, мисраи машҳури “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй”, ки таъкиди бевосита дар ин љо бар калимаи “ҳикмат” аст, гӯёи робитаи хеле сахти шеъри Одам - уш - шуаро бар назариёти фалсафиро дорад. Дар баробари ин, як нигоҳи иҷмолӣ ва умумӣ ба осори шоир метавонад ҷой доштани андешаҳои баланди фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтиро дар осори шоир равшан собит созад. Муҳаққиқони муосир низ вуҷуд доштани ғоя ва дидгоҳҳои қавии таълимоти фалсафӣ дар осори Рӯдакиро таъкид намудаанд. Аммо ин хусусияти ашъори шоири бузург то ҳанӯз дар адабиёту дар фалсафаи мо ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.
   Зикр намудан ба маврид аст, ки Рӯдакӣ ба таври системанок асар ё рисолаи алоҳидаи фалсафӣ таълиф накардааст, вале дар қитъаҳои шеърӣ, ғазалиёт, достонҳо, марсияҳо ва дигар жанрҳои бадеӣ ӯ таълимоту масоили ҷавҳарии фалсафиро хеле мӯшикофона ва зарифона дар қолабҳои диниши ақлӣ баён намудааст. Хусусияти хоси таълифоти шоир низ дар ҳамин зоҳир мешавад.   Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia