casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

“Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” – ташаббуси нави Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии босаодати башарият

Дар ҷаҳони имрӯзи пур аз таззоду ихтилофҳо, ки бар асари ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо зуҳур кардаанд падидаи сулҳ ва таъмини амният арзиши амалии худро боз ҳам муассиртар гардонидаанд. Зеро сулҳу оромӣ омили асосии таъмини пешрафти зиндагии босаодату фарҳаманд барои ҳар як инсон маҳсуб меёбад. Тоҷикистон чун кишвари тарроҳи сулҳу вусъатбахшандаи фарҳанги сулҳпарварӣ дар ин самт ҳамеша гомҳои аввалин ва устувор мегузорад. Муфассал ...

Забони модарӣ бояд чун ганҷ ҳифз шавад

         Имрўзҳо дар ҷаҳон ба ҷашнҳои муқаддас ва миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аммо муқаддастарин фурсат, номгузории рӯз бо номи рӯзи забони модарӣ аст. Чун забон ва гуфтор хусусияти фарқкунандаи инсон аз дигар мавҷудот буда, бо забони модарӣ сухан гуфтан атои Худованд ба инсон аст. Инчунин вожаи «модар» дорои мазмуни ғанӣ ва пуршараф буда, мавзӯи забони модарӣ низ мебошад. Муҳим барои миллатҳо ва мардумон ин аст, ки равобити онҳо бо ҳамдигар тафоҳум дошта бошад ва чунин масъала ҷуз бо истифода аз забони модарӣ имкон надорад.
         Забон ҳамчун воситаи асосии тафаккур дар баёни ҳувияти ҳар як шахс ё миллат наќши аввалро мебозад. Дар воқеъ, забон зарфи андеша ва дар шаклҳои гуногуни хаттӣ, шифоҳӣ ва фолклорӣ дар рӯи замин ҷараён мегирад ва нақши як шахс ё миллатро дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба дигарон ва наслҳои оянда тасвир мекунад. Дарки мақом ва аҳамияти ҳар як забон дар ҷомеа муҳим аст. Бояд фаҳмид, ки забони ҳар миллат бо рӯҳи он миллат иртибот дорад. Ҳар гуна беэътиноӣ ба ин принсип аслан поймол кардани ҳуќуќҳои аввалиндараҷаи он миллат ва дар натиҷа зарбае ба ҷисми тамаддуни башарӣ мебошад. Забони модарӣ аввалин сарвати бебаҳои ҳар як инсон ва ҳар миллатест, ки дар сайёраи замин кӣ ва чӣ будани ҳузури инсон ё миллатро расман эътироф мекунад. Муфассал ...

  “Мактубот”-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун сарчашмаи илмӣ

 “Мактубот”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҷмуи номаҳои ӯст, ки бо хоҳиши дӯстону пайвандонаш барои амирон, вазирон, ҳокимони замон, донишмандону орифон ва фарзандонаш иншо гардидаанд. Номаҳои Мавлоно Ҷалолуддин дорои арзишҳои баланди илмӣ ва адабӣ буда, ҳамчун сарчашмаи адабӣ ва намунаи ҷолиби номанигорӣ мебошанд. Ҷалолуддини Румӣ андаруни ин номаҳо миқдоре аз оёту ҳадис, ҳикоятҳои дилпазир, ашъори арабиву форсӣ, амсолу ҳикам, луѓоту ибороти ҷолибро мавриди истифода қарор додааст, ки сабаб гардидаанд, ки ин номаҳо ба “манзалаи сарчашмаи муҳимми сухансанҷии форсӣ истиқбол карда шаванд”. Бахусус, пораҳои зиёди шеърӣ, ки дар номаҳои Мавлоно ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ оварда шудаанд, машҳуранд ва шоирону адибони баъдӣ дар мактубҳои худ аз онҳо истифода кардаанд. Дар номаҳои Мавлоно Ҷалолуддин ашъори зиёд истифода шуда, он ба намунаи насри содаву фасеҳ иншо гардидааст, ки ҳамчун ёдгори вижаи адабӣ ва номанигорӣ дар Осиёи Саѓири замони мусаннифи он мебошад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia