casino malaysia
casino malaysia
Донишмандони тоҷик ва рушди илмҳои табиию риёзӣ дар Асрҳои Миёна

wrapper

Аз касе пӯшида нест, ки дар олами Шарқ имрӯз илм, хусусан, илмҳои табиию риёзӣ мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нукта ишора карда, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд». Ва хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо иқдоми Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар замони муосир дар кишварҳои Шарқ дар баробари паст рафтани сатҳи омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, инчунин ба мафкураи мардум хурофот роҳ меёбад, ки дар ҷумҳурии мо оқибати нохуше барои арзишҳои миллӣ дорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷомеаи имрӯза, махсусан аҳли илму зиё аз он иборат аст, ки пеши роҳи ин падидаи номатлубро бигиранд ва барои тарғибу ташвиқи илму техника дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд. Яке аз воситаҳои муҳимтарин дар ин самт омӯзиши таърихи ниёгон ва бедор сохтани ҷавонон барои идомаи анъанаҳои неки онҳо дар соҳаи илм аст.
Мутаассифона, чунонки ховаршиноси англис Бернард Люис  (1916-2018) қайд мекунад, тамаддуни Шарқ - «тамаддуне, ки муқтадир буд, ба таназзул рафт», вале эҳёи он дар дасти худи ворисони ин мероси бузург аст. Маҳз ба хотири эҳёи анъанаҳои ниёгон дар соҳаи илм мардуми моро зарур аст, ки дар самти рушди илму техника саҳми бештаре дошта бошанд.
Чунонки маълум аст, дар рушди илми асримиёнагии Шарқ хизмати донишмандону мутафаккирони тоҷик хеле бузург аст. Ин саҳми онҳоро ба эътибор гирифта, аз ҷумла дар назди бинои ЮНЕСКО ҳайкали чор нафар донишмандони бузург– Ибни Сино (980-1037), Абурайҳони Берунӣ (973-1048), Закариёи Розӣ (865-925) ва Умари Хайёмро (1048-1131) гузоштаанд. Шумораи ин олимони бузурги тоҷик хеле зиёд аст, вале дар поён саҳми якчанд нафар аз зумраи онҳоро бо такя ба манбаъҳои асримиёнагӣ ва маълумоти муҳаққиқони муосир тафсир намудаем.
Қабл аз нишон додани комёбиҳои донишмандони асримиёнагии тоҷик дар рушди илмҳои табиию риёзӣ, махсусан дар асрҳои IX-XI, мехостем таъкид намоем, ки дар ин даврон замина ва омилҳои мусоид барои рушди илму фарҳанг ба вуҷуд омаданд, ки сабабгори асосии он зуҳури давлати Сомониён буд. Ин сулолаи ҳокимиятдорони тоҷик дар қаламрави худ озодии фикру андешаро таъмин сохта ба ҳайси вазирон ва амирони минтақаҳо шахсони донишмандаро таъйин менамуданд. Онҳо олимону донишманданро дар маркази давлат ҷамъ оварда, барои машғулӣ ба илму адаб ва тарҷумаи осори илмӣ оид ба фалсафаву тиб ва навъҳои дигари ҳикмат аз забонҳои дигар шароити мусоидро фароҳам сохтанд. Ҳамаи ин ва омилҳои дигар рушди илмро дар асрҳои миёна таъмин намуданд.
Аз ҷумлаи донишмандони бузурги тоҷику форс, қабл аз ҳама, Абумусо Ҷобир ибн Ҳайёнро (721-815) таъкид кардан зарур аст, ки яке аз асосгузорони химия ҳисобида мешавад. Ӯ аз зумраи мутафаккиронест, ки алхимияро ба химия табдил доданд. Таҷрибаҳои амалии Ибн Ҳайён аз амалиёти кимиёвии пешгузаштагон бо ҷанбаҳои илмияшон тафовути зиёд доштанд.
Ӯ тарозуеро ихтироъ кард, ки бо дақиқии 1/6 грамм маводро бармекашид. Ибн Ҳайён асбоби нави кимиёвӣ, аз ҷумла ретортҳоро фикр карда баровард. Олим реаксияҳои химиявии редуксияро, ки барои гирифтани электрон мусоидат мекунанд, калсинатсия ва роҳи осонтарини тақтирро истифода мекард.
Ибни Ҳайён даҳ аср муқаддамтар аз физик ва химики англис Ҷон Далтон (1766-1844), ки назарияи атом ва молекуларо коркард кардааст, дар бораи ҳиссачаҳои хурд, ки барои робитаи унсурҳои кимиёвӣ заруранд, сухан гуфтааст.  Ӯ нахустин маротиба дар химия  кислотаҳои сулфур (серная), хлор (соляная) ва азотиро маълум сохтааст.
Ақидаҳои Ибн Ҳайён дар бораи таснифи унсурҳои кимиёвӣ ба фулуз, ғайрифулуз ва маводи бухоршаванда як замина барои кашфи системаи даврии элементҳо гардид.
Мутафаккири дигар - Муҳаммад ал-Хоразмӣ (783-850) аз зумраи донишмандони ориёитабори Осиёи Миёна буда, ҳамчун олими арабизабон дар кишварҳои арабӣ ҳам хеле машҳур аст. Ӯ дар рушди ҷуғрофия, астрономия, математика ва илмҳои дигар саҳм гузоштааст.
  Машҳуртарин асарҳои ал-Хоразмӣ «Китоб дар бораи ҳисоби ҳиндӣ» ва «Китоби мухтасар дар ал-ҷабр ва ал-муқобала» (яъне, дар бораи барқарорсозӣ ва муқобилгузорӣ) буда, ба лотинӣ тарҷума шуда буданд ва ҳамчун китоб барои таълими математика дар Ғарб истифода мегардиданд.
  Тавассути осори ал-Хоразмӣ ғарбиён бо ҳисоби даҳрақамӣ (0-9) шинос гардида, аз ҳисобҳои ҳарфӣ ва рақамҳои душвори римӣ озод шуданд. Ӯ дараҷаҳои ададҳо – даҳиҳо, садиҳо, ҳазориҳо ва ғайраро ба математика ворид сохта, барои ифодаи дараҷаи холӣ рақами сифрро (0) пешниҳод сохт.
  Ал-Хоразмӣ инчунин таснифи баробариҳои дараҷаи 1 ва 2-ро ба математика ворид сохта, шаш намуди онҳоро муайян намуд. Маълумсозии тартиби зарби бисёраъзогиҳо низ аз хизматҳои ин донишманд аст.
  Ал-Хоразмӣ экспедитсияҳои илмӣ ба Рум ё Византия, Хазар (баҳри Каспий) ва Афғонистон ташкил карда, тӯли даври Заминро ба миқдори 40680 км муайян намуд, ки аз нишондиҳандаҳои муосир ҳамагӣ 200 километр фарқ дорад.
  Бояд таъкид дошт, ки аз насаби ин математик – ал-Хоразмӣ мафҳуми «алгоритм» - тартиби иҷрои амалиёт пайдо шудааст. Аз мафҳуми «ал-ҷабр», ки дар номи китоби ӯ омадааст, истилоҳи «алгебра» ба вуҷуд омад. Ба ибораи дигар, агар ал-Хоразмиро асосгузори илми алгебра ҳисоб кунем ҳам, иштибоҳ нахоҳад набуд, зеро ӯ баробариҳои ростхатӣ ва квадратиро бо тарзи дигар ҳал намудааст: агар юнониён муодилаҳои мазкурро бо роҳи геометрӣ ҳал менамуданд, пас ин донишманд роҳи алгебравии ҳалли чунин муодилаҳоро пайдо намуд.
  Як хидмати дигари ал-Хоразмӣ ин коркарди мафҳуми синус аст. Ин маъниро донишманд бо калимаи арабии «ҷайб» (яъне, киса) ифода кардааст. Тарҷумони китоби ӯ ин калимаро бо тарзи дигар хонда, онро ба лотинӣ «бухта»  (халиҷ) – «синус» тарҷума кардааст, ки то ҳол ҳам дар математика дар шакли «Sin» машҳур аст.
Абулаббос Аҳмад ибн Муҳаммад ал-Фарғонӣ (798-861) низ аз донишмандони тоҷик буда, бо номи ал-Фрагунус дар Ғарб шӯҳрат дорад.  Ӯ дар астрономия, математика ва география нақши босазое гузоштааст. Ал-Фарғонӣ асаре бо номи «Ҷамъи илмҳо оид ба ситораҳо» дорад, ки дар он оид ба 7 минтақаи иқлимӣ сухан меравад ва он ба тамоми забонҳои ғарбӣ тарҷума шудааст. Дар давоми 700 сол ин ва асарҳои дигари таълифкардаи олим ба ҳайси қомуснома ва китоби дарсӣ дар Шарқу Ғарб истифода мегардиданд.
Аз хизматҳои ал-Фарғонӣ дар илм ин аст, ки куррашакл будани Заминро исбот намуд. Бо истифода аз усулҳои математикӣ собит намудааст, ки рӯзи кутоҳтарин (23 декабр) ва рӯзи дарозтарин (22 июн) вуҷуд дорад. Ин донишманд ҳамчунин муқаррар намудааст, ки дар рӯи Офтоб доғҳо мавҷуданд. Ӯ ба таври дақиқ гирифтани Офтобро дар соли 832 исбот намуда буд.
Олими ориёинажод Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925) дар тамоми ақоси Шарқу Ѓарб машҳур буда, дар рушди фалсафа, тиб, астрономия, физика, химия ва илмҳои дигар хидматҳои сазоворе намудааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 184 таълифоти илмӣ тааллуқ дорад, ки муҳимтаринашон «Ал-ҳовӣ» ва «Китоби тиббии Мансур» мебошанд. Ба шаҳодати академик М. Диноршоев Розӣ, «пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тиб ва фалсафа дода, ба химия ва илмҳои дигари табиатшиносӣ низ машғул мегардид».
  Абубакри Розӣ аз ҷавонӣ ба омӯзиши маъданҳо, махсусан фулузот оғоз карда буд. Ӯ фулузро иборат аз симоб, сулфур (сера) ва намакҳо медонист. Барои маърифати табиати маъданҳо ин олим се унсур – хосияти мавод, олот ва амалиётро муҳим медонист.
  Бори аввал дар таърихи химия ӯ маводро ба минералҳо, растаниҳо ва ҳайвонот тақсим намуд. Минералҳоро бошад, Абубакри Розӣ аз шаш навъ иборат медонист: «руҳ» (спирт, маводи бухоршаванда); ҷисмҳо ё фулузот; сангҳо; сулфати мисс - купорос (хока); бӯрак (бӯр, сода ва ғ.); намакҳо.
  Дар таълифоти Абубакри Розӣ таҷҳизоте чун колба, истакон, гармкунакҳо ва ғайра зикр шуданд. Ӯ амалиёти химиявиро, аз қабили обшавии ҷисмҳо, софкунӣ, тақтир, сахтшавӣ, булӯршавӣ ва ғайра тавсиф намудааст.
  Бори аввал дар таърихи инсоният Абубакри Розӣ дар Бағдод шифохона ё госпитал бо маънии комили он таъсис дод, ки бо забони тоҷикӣ – «бемористон» номида мешуд. Дар ин бемористонҳо дафтарчаи бемор бурда шуда, дар онҳо шӯъбаҳои занона ва мардона дар алоҳидагӣ фаъолият мекарданд. Дар ин муассисаҳо ҳам муолиҷа мекарданд ва ҳам мутахассисонро таълим медоданд.
  Абубакри Розӣ барои пешгирии нағзак эмкуниро ба кор мебурд. Ӯ бори аввал таҷҳизотро барои гирифтани ҷисмҳои бегона аз гулӯ ва истифодаи маводи махсусро барои дӯхтани ҷарроҳӣ пешниҳод намуд. Олим ба интихоби мавзеъ барои сохтмони бемористонҳо тавсияҳо дода, зарурати махсусгардонии ихтисоси табибонро таъкид доштааст, зеро, ба қавли ӯ, як табиб наметавонад ҳамаи бемориҳоро табобат кунад. Ӯ ёрии қаблии тиббӣ ба ниёзмандонро амри хеле муҳим шумурдааст.
Олими дигаре, ки дар рушди илмҳои табию риёзӣ саҳми бузург гузоштааст, Абу Ҷаъфар Муҳаммад ибн ал-Ҳасан ал-Ҳозин ал-Хуросонӣ (с.в. 971)  буда, дар кишварҳои Ғарбӣ ҳамчун физики навовар эътироф гардидааст. Асари таълифнамудаи ӯ «Тавозуни хирад» яке аз китобҳои маҷмуӣ оид ба фанҳои табиию риёзӣ буда, қисмати он, ки ба гидростатика бахшида шудааст, ба забони англисӣ тарҷума шудааст.
Бо сабаби гузаронидани таҷрибаҳои зиёди физикӣ ал-Ҳозинро муосиронаш навовар дар физика ва механика ва «бозингар» меҳисобиданд. Асарҳои таълифкардаи ӯ ба ташкили зиҷҳо, омӯзиши кура, ҳамворӣ, масофа ва ҳаҷм, инчунин масъалаи имтидод бахшида шудаанд. Ин олим қонунҳои обшавиро кашф карда, методҳои муайянсозии онро барои ҷисмҳои сахт ва моеъ муайян сохт. Ал-Ҳозин тарозуи махсусеро ихтироъ намуд, ки барои чен кардани вазни моддаҳо дар ҳаво ва об истифода мегардид. Ӯ аз нахустин олимоне мебошад, ки ҳарорати ҳаво ва фишори онро андоза намудаанд.
Абул Вафо Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Бузҷонӣ (940-998) низ аз олимони тоҷику форс буда, дар Ғарб ҳамчун нобиғае шумурда мешавад, ки кишварҳои ғарбиро маърифатнок намудааст. Ӯ дар соҳаҳои математика ва астрономия хидматҳои бузурги илмиро ба анҷом расонидааст.
Ал-Бузҷонӣ ба китоби Птоломей (100-160) - «Ал-маҷест» тафсирҳо навишта, донишҳои замонаашро оид ба астрономия ҷамъоварӣ намуд. Омӯзиши пурраи динамикаи ҳаракати Моҳ аз хизматҳои шоистаи ӯст. Ҳамаи ин ҳисобу китоби мутафаккир оид ба назарияи ҳаракати Моҳ ба илми Ғарб гузаштанд.
Ал-Бузҷонӣ функсияҳои тригонометрии тангенс ва котангенсро ба илм ворид сохта, ҷадвалҳои онҳоро тартиб дод, инчунин бо дурустии дақиқ синуси як дараҷаро муайян сохт. Ӯ формулаи синуси ҷамъи ду кунҷро ба геометрия ворид намуда, дар баробари ал-Хуҷандӣ (940-1000) ва Ибн Ироқ (960-1036) теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои куррашакл исбот намуд.
Асарҳои таълифнамудаи Ал-Бузҷонӣ оид ба арифметика ва геометрия ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, ҳамчун китоби дарсӣ мавриди истифодаи васеъ қарор доштанд.
Фарзанди фарзонаи тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (940-1000) ихтироъкор, мунаҷҷим ва риёзидон буда, дар сохтани устурлоб ва дигар асбобҳои нуҷумшиносӣ саҳм доштааст. Ин донишманд тавассути асбобҳои сохтаи худ нахустин маротиба бузургии майли мадори Офтобро баробар ба 23°32’21" муайян кардааст, ки ин бузургӣ, ба қавли олимони муосир, аз бузургии муайяннамудаи ситорашиноси амрикоӣ Саймон Нюком -  23°34’13" хеле кам фарқ мекунад.
Абумаҳмуди_Хуҷандӣ дар илмҳои риёзӣ ва ҳандаса низ саҳми зиёд дошта, ба теоремаи машҳури математикӣ, ки бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ин математики фаронсавӣ, яъне Пйер Ферма (1601-1665) ибтидо гузошта буд. Ҳамчунин, ин донишманди тоҷик дар илми тригонометрия теоремаи синусиро барои секунҷаи куравӣ исбот кардааст.
Ба қавли муаррихони тарҷумаи ҳолаш Абумаҳмуди Хуҷандӣ устоди ду олими бузурги тоҷик – Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни_Сино будааст.
Хизматҳои бузурги Ибни Сино (980-1037) - донишманди маълуму маъруфи тоҷик дар рушди илмҳои табию риёзӣ ба ҳамагон равшананд. Ӯ ҳамчун файласуф ва табиб дар байни мардуми арабу Ѓарб низ маҳбубияти зиёде дорад. Хизматҳои ӯ, махсусан, дар рушди тиб хеле бузург буда, то кунун ҳам барои мардуми олам аҳамияти худро гум накардаанд. Китоби машҳури ӯ «Ал-қонун фит-тиб» то асри XVIII китоби рӯимизии тамоми табибони Ғарб будааст.
  Ибни Сино бори аввал аҳаммияти нишонаҳо (симптомҳо)-и бемориҳоро дар ташхиси онҳо муайян сохт. Ӯ рагҳои хунгузарониро ба набзӣ (артерия) ва ором (вена) тақсим намудааст. Ибни Сино нишонаҳо ва тартиби муолиҷаи саратон, махав, баромадани мушаку устухонҳо, ҷароҳатҳои сӯхта ва ғайраро муайян сохт. Табиби ҳозиқ бори аввал фарқияти вабо ва тоун (холера ва чума)-ро нишон дод.
  Ибни Сино пешгирии касалиҳоро тавассути риояи гигиенаи шахсӣ, тарбияи варзишии бадан ва риояи реҷаи хӯроку хоб муайян кардааст.
  Кашфи бактерия, вирус, симоби сурх ба Ибни Сино нисбат дорад. Ӯ 700 ва зиёда аз он маводи табобатиро тавсиф дода, дар тибби муосир то ҳол ҳам зиёда аз 80 дору тибқи дастурҳои ӯ истеҳсол мешаванд. Зиёда аз 150 растании шифобахш, ки Ибни Сино тавсиф намудааст, имрӯз ҳам аз ҷониби табибон барои муолиҷаи беморон истифода мегарданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, шодравон академик М. Диноршоев қайд кардаанд: «Ибни Сино таъсири пурсамаре ба рушди фарҳанги маънавии Аврупои Ѓарбӣ тавассути осори худ гузоштааст, зеро онҳо бо ин осор хеле барвақт ошно гардида буданд. Аллакай дар асри XII китоби машҳури ӯ «Алқонун фит-тиб» ва фаслҳои алоҳидаи китоби энскилопедии ӯ «Шифо» ба лотинӣ тарҷума шуда буданд… Таъсири афкори Ибни Сино хеле бараъло дар  осори Роҷер Бэкон, Алберти Бузург, Фомаи Аквинӣ, Дунс Скот, Уилям Оверенский мушоҳида мегардад».
Шоиру  файласуфи машҳури тоҷику форс Умари Хайём (1048–1131) на танҳо дар адабиёту фалсафа, балки дар соҳаи астрономия ва математика низ олими шинохта мебошад. Ӯ тақвим ё зиҷи Маликшоҳиро тартиб дод, ки аз тақвими юлианӣ ва баъдтар григориании масеҳӣ  ҳафт сония дақиқтар буд. 
Дар соҳаи математика бошад, Умари Хайём бо кашфи таснифи муодилаҳои кубӣ онҳоро бо роҳи бурришҳои конусӣ ҳаллу фасл намуд. Ин исботи теоремаҳои геометрӣ қабл аз геометрияи Н.Н. Лобачевский (1792-1856) ва Б. Риман(1826-1866) буд. Мутафаккир ба алгебра формулаи биномро ворид сохт, ки баъдтар бо номи биноми Нютон машҳур гардид. Ҳамзамон, Хайём пешгӯӣ карда буд, ки муодилаҳои кубӣ се решаи мусбат доранд, ки бо формулаи Ҷ. Кардано (1510-1576) баъдтар исбот гардид. Ин мутафаккир таносубҳои Евклидро (325-265 то мелод) бо назарияи ададӣ иваз намуд. Ӯ инчунин бори аввал дар илм тавсеаи мафҳуми ададро то адади аслии мусбат асоснок намудааст.
Маълумоти дар боло зикршуда ба хубӣ собит месозад, ки мардуми тоҷик на танҳо дар асрҳои миёна ба илм, хусусан илмҳои табиию риёзӣ, ҳандаса, тиб ва соҳаҳои дигар таваҷҷуҳи хосса доштанд, балки дар замони муосир ҳам метавонанд дар саффи пеши донишмандону муҳандисони олам қарор дошта бошанд. Барои ин бояд ба омӯзиши фанҳои фавқуззикр дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, дар таҳсилоти иловагӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуда, рушди тафаккури ақлонию мантиқӣ, техникӣ ва табиию риёзии наврасону ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва худи онҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиши осори ниёгон оид ба илмҳои табиию риёзӣ қарор гирад.
 
 
 
Зиёӣ Хуршед Махшулзода
доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia