casino malaysia
casino malaysia
Кароматулло Олимов - Инсоне аз табори аҳли фазл

wrapper

Олимов Кароматулло 27-уми июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падари донишманд Олимхони Эшонтура ном дошта, аз зумраи афроди маънавиятгустар, равшанфикри навовари аввали асри XX, аз дастпарварони мактабҳои маъруфи минтақаи Мовароуннаҳр ба ҳисоб мерафт. Мавсуф, дар баробари забони модарии худ донандаи хуби забони русӣ буда, дар соҳаи тиб, ташхис ва табобати беморон низ дониши фавқулодда дошт. Ба табобати мардум машғул шуда, пайваста талош меварзид, ки хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сирояткунандаро пешгирӣ карда, дасти мадад ба мардум расонад. Модари Кароматулло Макраматхон яке аз занҳои боиффат, фозила, донишманд, фарҳангӣ буда, аз мактаби бедилхонӣ, ки дар шаҳри Истаравшан васеъ паҳн шуда буд, тарбия гирифта, дониши заруриро дар риштаи шеъру шоирӣ, маънидодкунии мазмуни шеър ва тавзеҳи мафҳумҳо маҳз аз ин мактаб бардошт намудааст. Баъдан, бо тахаллуси Махфӣ Киромзода шеър навишта, дар муҳити адабию фарҳангии Вароруд ҷойгоҳи худро пайдо намуд. Мавзуи ашъорашро тасвири зебогиҳои табиат, ишқу муҳаббати софу самимии инсон, муҳаббату садоқат ба Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги аҷдодӣ ва ғайра ташкил медоданд.
Муҳити солими фикрӣ ва фарҳанггустарии хонаводагӣ аз як тараф, аз тарафи дигар, муҳити илмию адабии шаҳри Истаравшан, ки равшанфикрон, шоирону адибонаш дорои истеъдоди баланди дарку фаҳмиши шеъру фалсафа ва адаб буданд боис гардид, ки Кароматулло аз овони наврасӣ, ҳанӯз аз курсии мактабӣ аз ҳамаи соҳаҳои донишҳои илмӣ маърифати зарурӣ гирифта, минбаъд роҳи худро дар соҳаи илм, ки машаққат ва серталабии зиёдеро тақозо медошт, муайян карда, ҷойгоҳи назарраси худро пайдо кунад.
Воқеан, кӯшишу талошҳои мудаввоми Кароматулло Олимов ҳанӯз аз давраи наврасӣ ҷиҳати азбар кардани илмҳои замонавӣ, мутолиаи мустақилонаи китобҳои бадеӣ, сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, осори ахлоқию фалсафӣ ва сиёсии мутафаккирони марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, маҷмуаи ашъори шоирон ва азёд кардани намунаи зиёди шеърҳои онҳо, азбар кардани забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ, дар сатҳи хуб азхуд кардани хати ниёкон ва дар асл мутолиа кардани осори ҳакимону донишмандони тоҷик, инчунин сабақ гирифтан аз муҳити илмӣ-фарҳангии хонаводагӣ бесамар нарафтанд. Баръакс, ин талошҳо ва мутолиаи мудаввом мусоидат карданд, ки донишманди соҳибсалиқа пас аз хатми мактаби миёнаи умумӣ (соли 1959) соҳиби зеҳну ҳӯш, ақли расо, дониши фарох ва ҷаҳонбинии возеҳ гашта, барои такмили дониш, мутахассиси варзидаи соҳавӣ шудан идомаи таҳсилро дар шуъбаи форсии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) интихоб мекунад. Соли 1959 ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи мазкур, ба сифати донишҷӯ шомил гардида, соли 1964 онро бо дипломи аъло хатм менамояд.
Фаъолияти кории донишманди соҳибандеша ва соҳибсалиқа аз соли 1995 ба сифати омўзгор дар мактаби миёнаи №19-и шаҳри Истаравшан оғоз гардида, то соли 1967 идома мекунад. Баъдан бо тавсияи Шўрои олимони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа ба шуъбаи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши таърихи фалсафа ба шуъбаи аспирантура дохил мешавад.
Дар шуъбаи аспирантура таҳти роҳбарии асосгузори мактаби навини фалсафаи тоҷик ва поягузори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Аловиддин Баҳоваддинов дар мавзуи «Андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии Саноӣ» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, соли 1971 кори таҳқиқотии худро ҳимоя менамояд.
Баъдан, ба сифати тарҷумон муддати чанд сол дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ифои вазифа намуда, баъди бозгашт ба Ватан боз ба кори илмӣ машғул мешавад. Ба масоили фалсафаи тасаввуф таваҷҷуҳи хосса дода, соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Тасаввуфи Хуросон» дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои фалсафа мегардад. Хизматҳои назаррас ва осори арзишманди таълифнамудаи ӯро ба эътибор гирифта соли 2008 ба ӯ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовор дониста мешавад. Соли 2013 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба унвони профессорӣ ва соли 2014 бошад, ба унвони академики Академияи илмҳои Тоҷикистон сазовор мегардад.
Агар ба таври мухтасар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқро нишон диҳем, месазад чунин иттилоъ дод, ки мавсуф солҳои 1969-1971 дар вазифаҳои ходими хурди шуъбаи фалсафа, 1971-1974 ходими калони шуъбаи фалсафа, 1974-1977 сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, 1977-1980 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1980-1984 сартарҷумони гурўҳи мушовирони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар Афғонистон, 1984-1985 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1985-1986 ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1986-1991 мудири сектори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи АМИТ, 1992-2001 мудири кафедраи фалсафаи Пажўҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ, 1996 вакили Шўрои вакилони халқи шаҳри Душанбе, 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000-2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2004 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамзамон раиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), 2001-2012 раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, 2004-2007 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, 2007-2008 директори Институти фалсафаи АМИТ, 2008-2011 директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, 2012-2016 ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурмаҳсул кор кардааст.
Умуман, олими сермаҳсул Кароматулло Олимов дар рушди илми фалсафа, хусусан таҳқиқ кардани осори файласуфони гузаштаи тоҷик, эҳёи арзишҳои фалсафӣ ва фарҳанги гузаштаи миллӣ, баррасӣ ва ҳалли масоили муҳими ҷомеа имрӯза, давлатдории миллии муосири тоҷикон хизмати шоиста кардааст. Ҳамаи ин талошу заҳматҳо, корҳои шоёну хизматҳои арзандаи академик Кароматулло Олимов ба эътибор гирифта шуда, мавсуф бо ордени «Нишони фахрӣ» (1982), унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), барои иштироки фаъолона дар таблиғи андешаҳои сулҳу сулҳофарӣ, таълифи асарҳои зиддитаасубӣ ва ташвиқи осори гузаштагон бо Гувоҳномаи «Узви ҳаракати сулҳи ҷаҳонӣ»-и Созмони байналмилалии байнидинӣ ва байнифарҳангӣ (Ню-Йорк, 2001), «Ҷоизаи байналмилалии фонди ба номи Манучеҳри фарҳангӣ» (2010), «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино» (2022) ва дигар ифтихорномаҳои соҳавӣ сазовор дониста шудааст.
Бояд қайд кард, ки самти асосии фаъолияти корҳои илмӣ-таҳқиқотии Кароматулло Олимовро омӯзиш ва пажӯҳиши афкори фалсафии ниёкон таълимоти фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони тоҷик ташкил медиҳад. Дар ин замина ба ӯ муяссар гардид, ки доир ба паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии намояндагони мактабҳои фалсафии марҳилаҳои гуногуни таърихӣ мақолаҳои арзишманд, китобу рисолаҳои алоҳида ба нашр расонад. Хусусан, таҳқиқи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии намояндагони барҷастаи равияи тасаввуф, аз ҷумла Абулмаҷд Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ ва Абусаиди Абулхайр аз зумраи пажӯҳишҳое ба ҳисоб мераванд, ки муҳаққиқ тавонист тавассути таҳқиқи ҳамаҷониба хонандаро ба осори арзишманди ин мутафаккирон шинос намуда, рӯзмарра ва саривақтӣ будани ақидаҳои онҳоро нисбат ба табиат ва шинохти моҳияти инсон, худогоҳӣ, маърифати олам, ҷомеашинохтӣ, танзими муносибатҳои ахлоқӣ ва ғайра нишон диҳад.
Осори таълифкардаи муаллиф гуногунҷанба ва гуногунсоҳа мебошанд. Хусусан, аз омӯзиш ва таҳқиқи фаъолияти эҷодии донишманди закитабъ метавон мушаххас кард, ки таълифоти ӯро таҳқиқоти зерин ташкил медиҳанд: «Философские и социально-этические взгляды Санои». - Д., 1970; «Мировоззрение Санои». - Д., 1973; «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ». - Д., 1988; «Хорасанский суфизм». - Д., 1994; «Хорасанский суфизм: Опыт историко-философского исследования»: Дис… доктора философ. наук. - Ташкент, 1994; «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ». - Д., 1995; «Баррасиҳо дар тасаввуф». - Д., 1999; «Машъали роҳи хирад». - Д., 2011; «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ». - Д., 2013; «Паёми садоқат. Маҷмўаи шеърҳо». - Д., 2014; «Олами ирфон. Мир суфизма. Осори мунтахаб». - Д., 2014; «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ». - Д.,2014; «Абубакр Закариёи Розӣ донишманди ҷаҳоншумул». - Д., 2016 (ҳаммуаллиф); «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-XII». - Д., 2019; «Меҳри модар. Ёднома». - Д., 2020; «Мувашшаҳот ба аҳли адаб». - Д., 2020; «Ахтари дурахшони илм». - Д., 2020; «Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ». - Д., 2020; «Машъалафрўзони хирад». - Д., 2021; «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат». - Д., 2021; «Анвори меҳр. Маҷмўаи шеърҳо». - Д., 2021 ва ғайра.
Таҳқиқоти аввалини профессор К.Олимов дар бахши таърихи фалсафаи тоҷик ба тасаввуф бахшида шуда, унвони «Ҷаҳонбинии Саноӣ»-ро дошт, ки соли 1973 ба нашр расонида шудааст. Асари калонҳаҷми муаллиф «Тасаввуфи Хуросон» мебошад, ки он ду маротиба дар солҳои 1993 ва 2014 ба табъ расидааст. Дар ин асар масъалаҳои таърихи фалсафӣ ва тасаввуфи асрҳои X-XII, аз қабили таълимоти Мустамаллӣ, Ансорӣ, Абўсаид, Аббадӣ, Хуҷирӣ ва ғайра мавриди таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.
Дар баробари корҳои сермаҳсули пажўҳишӣ донишманди пуркор ба тарҷумаи асарҳои фалсафӣ машғул гардидааст, ки самти дигари фаъолияти кории ӯ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, бо кӯшишу талошҳои бевоситаи файласуф асари арзишманди Абӯалӣ ибни Сино «Азҳавия» - аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ ва китоби «Ишорот ва танбеҳот» - аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд. Инчунин, зери назари муаллиф чандин маҷмуа, рисолаҳои илмӣ, адабию ахлоқӣ ба нашр расонида шуда, ба бисёр китобҳои тозанашри соҳавӣ, рисолаҳои илмӣ, фишурдаи рисолаҳо тақриз навиштааст. Ба сифати роҳбар ва мушовири илмӣ дар тарбия кардани кадрҳои илмӣ ҷиҳати сарафроз гаштан ба дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои фалсафа саҳми бориз дошта, соҳибмактаб мебошад.
Ҳамзамон, академик Кароматулло Олимов эътибор ва мақоми илми тоҷикро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси кишварҳои ҷаҳонӣ баланд бардоштааст. Хусусан, дар конференсия ва симпозиумҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои Русия, Амрико, Олмон, Фаронса, Белгия, Чехословакия, Булғория, Лаҳистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Чин, кишвари Араб ва Уқёнуси Ором доир гардидаанд, дар хусуси масъалаҳои мубрами фалсафаи имрўзаи ҷаҳонӣ ва ба хусус фалсафаи Шарқ иштирок ва маъруза кардааст. Инчунин, осори арзишманди илмиаш бо забонҳои гуногун дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва ғайра рӯйи нашрро дидаанд.
Бавижа, соли 2023, ки бо дастгирии ЮНЕСКО бахшида ба таҷлили ҷашни 1050-солагии мутафаккири тоҷик Абурайҳони Берунӣ ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалидошта баргузор гардид рӯзноманигори тоҷик Фарзонаи Файзалӣ бо Кароматтуло Олимов нисбати шахсият ва муайян кардани ҷойгоҳи А.Берунӣ дар рушд ва таҳаввули донишҳои илмӣ мусоҳибаи илмӣ ташкил медиҳад, ки мавсуф ба саволҳои пешниҳоднамуда андешаҳои ҷолиб ва асоси илмидошта баён медорад.
Хусусан, аз дидгоҳи олими нозукбин Абурайҳони Берунӣ донишманди зуфунун буд ва қариб дар ҳамаи соҳаҳои илм таълифот дорад. Гузашта аз ин, оламиён ӯро чун як пажӯҳишгари ихтироъкор шинохтаанд, ки ин ҳақиқатест бе баҳс. Аз таҳқиқоти олимони ватанӣ ва хориҷӣ баръало аён мегардад, ки ӯ тамоми илмҳои замонашро аз бар кардааст. Оид ба шинохти муҳит ва пайдоиши одаму олам назари олимона меафканад, ба ҳар илме, ки рӯ овардааст, дар он ба бозёфти ҷолибу бемисл даст ёфта ё дар ин замина назари илмиву фалсафии худро мушаххас изҳор доштааст. Дар осораш, аз ҷумла дар бораи физика, коинот, нуҷум, астрономия, андеша меронад, ки бозёфтҳои бикраш то ҳол дар олами илм маълуму машҳуранд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Чунончи, масоҳати Заминро бори нахуст ӯ муайян намуд ва он аз ҳисобҳои имрӯза, ки донишмандон анҷом додаанд, хеле кам тафовут дорад. Саҳми ӯ дар илми риёзӣ, хосса инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид сохтани назарияи ададҳои бутун низ бузург аст. Дар ин росто кашфиёти зиёди Беруниро дар илми ҷуғрофия - пастиву баландиҳо ва умқи замин, маъданҳои қаъри он ки дар ин бора дар осораш маълумот додааст, дар он даврон метавон беназир донист. Ва, албатта, ин ҳама дар илм кашфиёти ҷолиб ва заминаи хубе барои оянда гардид, ки дар асоси он донишмандон боз чандин бозёфтҳои нави илмӣ намудаанд. Аз ҷумла, муҳаққиқон идеяи таълимоти офтобмарказиро бузургтарин кашфиёти Берунӣ унвон кардаанд. Воқеан ҳам, ӯ аввалин донишмандест, ки низоми геосентризмро (таълимоти юнониёни қадим дар бораи Замин, ки гӯё Замин маркази беҳаракати Коинот буда, Офтоб ва сайёраҳои дигар дар атрофи он давр мезадаанд) зери суол мегузорад ва низоми гелиомарказии оламро (таълимоте, ки Офтобро маркази ҳаракати сайёраҳо ҳисоб менамояд) пешниҳод мекунад. Ҳарчанд барои бо идеологияи замонаш муқобил нашудан, низоми заминмарказиро низ эътироф кардааст.
К.Олимов бо далелҳои илмӣ андешаи олимонеро, ки файласуфи лаҳистонӣ Николай Коперникро асосгузори назарияи гелиосентрикӣ (офтобмарказӣ) меҳисобанд, напазируфта, ба ин масъала чунин иттилоъ медиҳад, ки «онҳое бовар доранд, ки аз таърихи илми Шарқ, хосса аз осори Абурайҳони Берунӣ, бехабаранд. Ҳол он ки Берунӣ садсолаҳо пеш аз Коперник илми нуҷумро омӯхтаву дар мавриди гелиомарказӣ андешаи илман асоснок пешниҳод намуда буд. Ин кашфиёт дар олами илм ниҳоят муҳим ва дорои аҳамияти хос буд. Ӯ дар ин бора, аз ҷумла дар китоби «Қонуни Масъудӣ» чунин иттилоъ додааст: «Офтоб барои дигар ситораву сайёраҳои гирди он манбаи нигаҳдории тартиби ҷойгирии онҳо мебошад ва мақоми он дар байни онҳо ба мисли мақоми подшоҳ аст дар нисбати мамлакат. Ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ба ҳаракати Офтоб вобаста мебошад, он ҳаракати дигар ҷирмҳоро идора менамояд». Бо гузашти замон, бо рушди илму технология дурустии ин андешаи Берунӣ собит шуд.
Инчунин, ҷанбаи дигари ақидаҳои арзишманди К.Олимовро дар мавриди шинохти Абурайҳони Берунӣ он андешаи ҷолиб ташкил медиҳад, ки «Берунӣ заминро сайёраи ҳаракаткунанда хонда, ишора менамояд, ки он дар гирди меҳвари худ давр мезанад. Дар бораи ҳаракати ҷисмҳо ба сӯйи маркази Замин низ баҳс менамояд, ки ин фикри баъдан пешниҳоднамудаи физики бузурги англис Исаак Нютонро дар мавриди қувваи ҷозибаи Замин ба ёд меорад. Вай ба омӯзиши шуои кураи Замин, ки то ин замон кашф нашуда буд, дар донишомӯзӣ назарияи наве ба вуҷуд овард. Берунӣ ҳазор сол қабл аз Эйнштейн мавҷудияти зарраҳои ташкилдиҳандаи нурро пай бурда, онро аъзои латифа ном ниҳод. Ногуфта намонад, ки сарчашмаҳои таърихӣ далолат аз он мекунанд, ки глобусро ҳам бори нахуст ӯ сохтааст. Бо он далел, ки соли 1018 Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Хоразмро забт намуда, Абурайҳонро ҳамроҳи сипоҳи худ ба Ҳинд мебарад. Ӯ дар ин кишвар бо донишмандони зиёде ошно шуда, ба омӯзиш ва пажӯҳиш мепардозад ва арзи ҷуғрофии 11 шаҳрро дар Ҳинд муайян месозад. Баъди ба зодгоҳаш омадан, глобусро меофарад ва барои муайян намудани самти шаҳрҳо истифода мебарад».
Ба саволи рӯзноманигор дар мавриди он ки «Дар замоне ки ҳар гуна маълумоти нави илмӣ, мушоҳидаҳои ҷуғрофиро ба куфр пайваст мекарданд ва иддае аз уламои мутаассиби ислом ақидаҳои пешқадами илмии табиатшиносиро инкор мекарданд, ба Абурайҳони Берунӣ чӣ гуна муяссар шуд, ки мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва ҷомеаи инсонро кашф ва таъкид намояд?» - файласуфи воқеъбин посухи қонеъкунандаи илмӣ дода, андешаашро ба таври зайл пешниҳод менамоянд: «Воқеан ҳам, дар ин маврид имрӯз ҳарф задан боке надорад, зеро илм ва ҳам ҷаҳонбинии илмии ҷомеа то дараҷае рушд намуда, ки ин ҳама дар назар як далели собитшудаи маъмул аст. Аммо он айём барои Берунӣ ва уламои дигар дар ин бобат гуфтан хеле душвор буд ва хатари ҷонӣ ҳам дошт. Хосса мавриди курашакл будани Замин ва гардиши он дар атрофи меҳвари худ ва Офтоб. Берунӣ, аслан, аввалин нафаре буд, ки масъалаи мавриди назарро аз олами ислом (чандин қарн пеш аз олимони Аврупо) пешниҳод намуда буд ва ин назарро баъзе аз олимони Ҳинд дар ҳамон замон дастгирӣ менамуданд. Ҳарчанд Берунӣ ғояи ҳаракатпазирии Заминро пешниҳод ва дастгирӣ карда бошад ҳам, зоҳиран аз ошкор гуфтани он меандешад, зеро муҳите, ки зиндагӣ ва фаъолият дошт, созгор набуд. Ифротиёни тангназари аз илм бехабар метавонистанд ӯро ба куфр маҳкум бисозанд. Аз ин ҷост, ки дар ин бора ва баъзе дастовардҳову андешаҳои илмиаш фақат дар асарҳояш барои аҳли назар сухан рондааст. Ин доираи ашхоси пешқадам андешаву пешниҳодоти Беруниро ҳимоя ва ҷонибдорӣ менамуданд. Олимони Аврупо баъдтар, тавре муҳаққиқони таърихи илм собит сохтаанд, миёнаҳои садаи XIX ба тарҷума ва омӯзиши осори ӯ пардохта, ба ин восита, аз бозёфтҳои беназири илмиаш огоҳӣ ёфтаанд. Аммо то ин замон, бузургтарин олимони табиатшиноси тоҷику форс, аз ҷумла Умари Хаём, Насриддини Тӯсӣ ва амири донишманди ӯзбек Улуғбек, ба осори ӯ такя ва истинод овардаанд. Асарҳои Берунӣ ба аксар забонҳои ҷаҳон тарҷума ва бозёфтҳояш дар олами илм эътироф шудаанд».
Ҳамзамон, файласуфи дақиқназар А.Беруниро аз зумраи он мутафаккирони ақлгаро мешуморад, ки оламро ҳамеша дар ҳолати тағйирёбанда тасвир мекард, масъалаи тағйир ёфтани қишри заминро пеш гузошта, дар бораи пайдоиши кӯҳҳо, дарёҳо, ҳаракати қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳрҳо андешаҳои илмӣ баён медорад. Дар мавриди биёбони Саҳро (Сахара), ки як замон бисёр сероб буд, аммо дар натиҷаи аз байн рафтани обҳо биёбон шудаву ободӣ аз миён рафтааст назари худро пешниҳод карда буд. Инчунин, хизмати Берунӣ ҷиҳати муайян кардани тақвимҳо, сабабҳои пайдоиши солу моҳ бузург аст.
Дар фасли «Дар мабдаи сол ва моҳ»-и китоби «Осор-ул-боқия» ақидаҳои мардуми гуногунро дар бораи солу моҳ ва соли кабиса шарҳ додааст. Солро ӯ чунин таъриф мекунад: «Сол бозгашти Офтоб аст дар фалакулбуруҷ ба нуқтае, ки аз ҳамон нуқта ҳаракат кардааст». Бозгашти дувоздаҳгонаи Моҳро дар фалакулбуруҷ як соли қамарӣ ташкил мекунад.Ҷиҳати ҷолиби баёни Берунӣ дар муайян шудани сол аз рӯи ҳисоби гардиши Офтоб ва Моҳ ин аст, ки ба ақидаи ӯ гардиши ситораҳои дигарро мардум бе расад дида наметавонанд. Бинобар ин, ба Офтоб ва Моҳ рӯ овардани мардум ин будааст, ки онҳо ҳолати ҳаво, наботот, ҳайвонот ва дигаршавии фаслҳоро ба Офтоб ва Моҳ вобаста медонанд ва ба онҳо имтиёз додаанд.
Ниҳоят, баҳои файласуф доир ба он нукта, ки Берунӣ ба тарзи тафаккури илмие, ки дертар дар Аврупо васеъ паҳн гардида, боиси пешрафти улуми табиатшиносӣ ва технология гардид, саҳми сутуданӣ гузоштааст ва ба ҳамин хотир, дар толори аҳли илм дар Созмони Милали Муттаҳид муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ки ин ҳам эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хидматҳои ӯ ба тамаддуни башарӣ буда, боиси ифтихори мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, мебошад, арзишманд ва боиси таваҷҷуҳ аст.
Як нуктаи дигарро бояд қайд кард, ки ҷомеашиносону муаррихон, донишмандони соҳаҳои гуногуни кишвар вобаста ба самти фаъолият дар бораи шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бобати бунёди љомеаи миллї, тавсеаи фарњанги сулњ, татбиќи соњањои стратегии кишвар асарҳои зиёди бунёдӣ таълиф кардаанд, ки таҳлилу таҳқиқ кардаанд, вале дар байни таҳқиқотҳои анҷомдодашуда, асари илмии файласуфи тоҷик К.Олимов зери номи «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» аз ҷиҳати илмӣ арзишнок ва дар он бо таҳлилу муқоисаи далелҳои воқеӣ симои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун лидери умумимиллии тоҷикон, бунёдгузори ваҳдати миллӣ, асосгузори мактаби навини сиёсӣ ва худшиносии миллӣ муаррифӣ карда мешавад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикороти наҷиби худ: пояҳои давлатдории миллиро бо роҳи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид; соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги кишваррро бо мақсади боло бурдани маърифатнокӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ соњаҳои стратегӣ шуморида, барои рушди онҳо таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намуд; Тоҷикистонро тавассути бунёди роҳу нақбҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, ба кишвари воҳид ва транзитӣ табдил дод; эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд; бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакатро шеваи хосси давлатдории худ ќарор дод; ташаббусҳои ҳамарӯза ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро дар маркази сиёсати созандаи худ ќарор дод; таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои ҳушсифатро аз масоили калидии ҷомеадорӣ ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардум ҳисобид ва ғайра.
Ниҳоят, љомеа ба он хотир шахсиятҳоро тарбият мекунад, ки бо маҳсули эҷод ва корҳои мондагори худ, ки ба рушди он мусоидат менамояд, аз худ дарак диҳанд. К.Олимов дар ин росто худро ба сифати олими нуктасанҷ, доираи ҷаҳонбинии васеъдошта муаррифӣ намуд, ки имрӯз дар пешбурди илмҳои иҷтимоӣ-инсонагроӣ ҳамчун ахтари тобон ҷило дода, фарзанди замони худ буданро собит намуд.
Бобоҷон Самиев - и.в. мудири шуъбаи
фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва шуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;
Асрорӣ Мирзошоҳрух – сарходими шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia