casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Навидҳо аз Паём

 
  Тавре маълум аст, 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Муфассал ...
Хондан 290 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Масъалаҳои иҷтимоӣ дар паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Азбаски масъалаи иҷтимоӣ ба ҳаёти ҳар як фард ва дар маҷмӯ ба тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ дахл дорад ва асоси рушди иқтисодиро ташкил медиҳад дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар диққати махсус дода мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки асоси пешравии ҷомеаро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, саноатикунонии босуръати кишвар таъмин менамояд, тайёр намудани мутахассисони баландихтиссос мебошад, ки дар он нақши муассисаҳои таҳсилоти касбӣ муҳим маҳсуб меёбад. Бинобар ин, дар паём ва баромадҳои худ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи мубрам ҳамавақт таваҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, чунки бе ҳалли самараноки масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан, тайёр намудани кадрҳои соҳавӣ, ки тавонанд дар самтҳои гуногуни ҳаёти истеҳсолии кишвар фаъолият намоянд ва саҳми худро барои пешрафти устувори ҷомеа гузоранд хеле муҳим мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъалаи меҳварӣ аз рӯзи фаъолияти нахустини худ аҳаммияти махсус медиҳад, ки он бори дигар дар паём таъкид карда шуд. Маълум аст, ки афзоиши аҳоли аз ҳисоби тавлид зиёд шуда, барои бо таҳсил фаро гирифтани хонандагон муассисаҳои нави таълимӣ лозим аст. Читавре ки дар паём омадааст соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро фаро гирифта бошад, пас соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Вобаста ба ин, дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Гарчанде ки дар ин соҳа корҳои зиёде шуда бошад ҳам, лекин ҳануз 73 ҳазор хонанда ҷойи нишаст надорад, оварда шудааст дар паём.   Муфассал ...
Хондан 245 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Паём – роҳнамои рушди кишвар

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бо пешниҳоди фикру андешаҳои тозатарин дар таҳкими низоми давлатдории миллӣ моҳияти бузургро молик аст.
Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши хеш вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба ва тахассусӣ қарор дода, пешравиҳои соҳаҳои мухталифро таъкид доштанд ва аз ҳама муҳим дурнамои ҳар як соҳаро мушаххас баён намуданд. Аз ин лиҳоз Паёми имсола як навъ муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар оѓози Паём, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонро таҳлил намуда, онро мураккаб арзёбӣ карданд ва фармуданд, ки ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб садсоли охири худ қарор дорад. Муфассал ...
Хондан 276 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Мероси маънавии миллӣ - зери ҳимояи Сарвари кишвар

 
                                                                             (Чанд нукта андар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, бавижа дар хусуси ҳифзу муаррифии мероси маънавии ниёгон)
Қисмати фарҳанги маънавии миллати тоҷик ба аксар донишварону муҳаққиқон бармало аст, ки дар тӯли таърих ҳамеша зери таассуби диндорону аҷнабиён ба нестиву нобудӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аммо чун миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз фарҳангофару маърифатпарвар аст, ҳадди ақал дар маҳдудаи деҳаву шаҳрак ё худ хонавода фарҳангу маънавиёти худро пос медошту ҳифз мекард.
  Ҳамзамон, фарзонафарзандони миллати тоҷик дар асру замонҳо барои такмили фарҳангу илми гузаштагонашон саҳми бориз мегузоштанд ва баҳри пойдориаш низ талошу ҷонбозиҳо мекарданд. Ин ҳама заҳмату талошҳои нобиғагони миллати тоҷик буд, ки дар арсаи ҷаҳон миллати тоҷик ҳамчун миллати маърифатпарвару фарҳангофар шинохтаву маъруф гардидааст.
  Аз гузашта то ба имрӯз консепсияи миллати тоҷикро донишу ақлу илм ташкил додаасту медиҳад. Тамоми рукнҳои зиндагии тоҷикон аз донишу хирадпарастӣ сарчашма мегирад ва ин нуктаро олимони ҷаҳонӣ ҳам таъйид кардаанд. Муфассал ...
Хондан 231 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia