casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Паём – роҳнамои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии кишвар

  Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фаъолияти Ҳукумати мамлакат, тамоми идораву корхонаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 арзёбӣ гашта, вобаста ба мушкилоти мавҷуда дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки иҷрои онҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар назди кормандони илми ватанӣ чанд вазифаи мушаххасе гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо на танҳо ба рушди соҳаи илм, балки ба пешбурди дигар соҳаҳои ҳаёти мамлакат низ такони ҷиддӣ мебахшад. Муфассал ...
Хондан 275 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) оид ба вазифаҳо дар назди илми милли ва ҳуқуқшиносӣ

  Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд. Муфассал ...
Хондан 296 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

 Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
 Ҳамватанони азиз!
 Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Муфассал ...
Хондан 311 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Баъзе масоили мубрами давлату давлатдории тоҷикон аз нигоҳи академик Бобоҷон Ғафуров

  Дар мақола сухан оид ба баъзе андешаҳои таърихӣ-ҳуқуқии мутафаккири бузурги тоҷик, муаррих, академик Бобоҷон Ғафуров меравад.
  Бобоҷон Ғафуров яке аз муаррихони барҷастае мебошад, ки таърихи пайдоиш, марҳилаҳои рушд ва тараққиёти давлатдории миллати тоҷикро ба таври пурраву ҳаматарафа мавриди омузиш қарор дода дар ин замина шоҳасари худ «Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав» офариданд. Муфассал ...
Хондан 368 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia