casino malaysia
casino malaysia
Баъзе масоили мубрами давлату давлатдории тоҷикон аз нигоҳи академик Бобоҷон Ғафуров

wrapper

  Дар мақола сухан оид ба баъзе андешаҳои таърихӣ-ҳуқуқии мутафаккири бузурги тоҷик, муаррих, академик Бобоҷон Ғафуров меравад.
  Бобоҷон Ғафуров яке аз муаррихони барҷастае мебошад, ки таърихи пайдоиш, марҳилаҳои рушд ва тараққиёти давлатдории миллати тоҷикро ба таври пурраву ҳаматарафа мавриди омузиш қарор дода дар ин замина шоҳасари худ «Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав» офариданд.
Дар мақола таълимоти Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаи мардуми ориёӣ, давлат, назарияи илмии пайдоиши давлат, тоҷикон мардуми бумии Тоҷикзамин, нақши омили иқтисодӣ дар рушди давлатдорӣ ва ғайра мавриди омузиш қарор дода шудааст.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси хаттӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа азхуд накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад»[1]. Дар ростои гуфтаҳои Пешвои миллат ба фаъолияти давлативу илмии академик Бобоҷон Ғафуров назар андозем, барҳақ ин шахсияти бузурги миллати тоҷикро, ки на танҳо аз мероси хаттиву шифоҳии миллати худ оғоз намуда, онро ба таври кулливу ҷиддӣ мавриди омузишу баррасӣ қарор дода, асарҳои илмии гаронбаҳо таҳия кардаанд, балки осори худи мутафаккир аллакай ба сарчашмаи худшиносии миллӣ табдил ёфта, барои тоҷику тоҷикистониён оғозу такягоҳ ва барои дигар миллатҳо сарчашмаи шиносоӣ бо тамаддуни бузурги ориёии тоҷикон гаштааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров  яке аз мутафаккирони бузурги давраи нави таърихи тамаддуни тоҷикон мебошанд, ки бо фаъолияти ҷамъиятӣ, сиёсиву давлатдорӣ, бо асарҳои эҷоднамуда, бо фаъолияти илмиву оммавии худ таълимоти барҷастаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз худ боқӣ гузоштаанд.
 Таълимоти Бобоҷон Ғафуров оид ба давлат дар байни андешаҳои гузаштагон ва ҳамасронаш ба куллӣ фарқ дошта, мутафаккир тавонистанд, вобаста ба замону макон ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда чандин масоили сиёсиву ҳуқуқии ба миллати тоҷик дахлдоштаро аз диди нав баррасӣ намоянд.
Яке аз масоили муҳимтарин - исбот намудани давлатдории қадимаи тоҷикон буд. Дар ин росто, чандин масоили дигарро ҳал кардан лозим буд. Муваффақона ҳал намудани онҳо аз ҷониби эшон пояи андешаҳои устод ва якбора заминаҳои идеологиву амалии давлатдории тоҷиконро устувор намуданд[2].  Дар ҳақиқат, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҳошияи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ишора кардаанд, ки «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!»[3] Мутафаккир низ тибқи ин қавл амал намуда, дар натиҷаи ҷустуҷуву ковишҳои илмӣ аз худ осори барҷастаи илмӣ боқӣ гузоштанд.
Яке аз масоили муҳими фалсафиву сиёсӣ – идеологии марҳилаи таърихии шӯравӣ, ки дар назди илми тоҷик меистод, пеш аз ҳама, гузориш ва исбот намудани таърихи мардуми ориёӣ ва меросбари ҳақиқии он будани тоҷикон ба шумор мерафт[4]. Академик Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон», ки аз таърихи қадимтарин оғоз мегардад, кулли донишҳои мавҷударо оид ба халқияти тоҷик ва пешгузаштагони он ҷамъбаст ва хулосабарорӣ намуда, як хатти канданашавандаи таърихи миллатро ба вуҷуд овардааст.  Беҳуда нест, ки аксарияти  халқҳои ҳамсоя, ки таърихи халқи тоҷикро хуб медонистанд, вале ба пантуркизм дода шуда буданд, ба воситаҳои гуногун, ҳатто ба номгузории асари академик Бобоҷон Ғафуров кушишҳо ба харҷ доданд, то мамониат ба вуҷуд оваранд.  Ҳарчанд академик Бобоҷон Ғафуров умуман зидди омузиши таърихи халқ аз ҷанбаи ирқу нажод буда, дар «Тоҷикон» махсусан қайд намудаанд, ки «….кушиши аз нуктаи назари ирқият тавзеҳ додани таърихи Осиёи Миёна, ҳамчунин дигар кишварҳо, зарарнок ва аз ҷиҳати илмӣ тамоман беасос аст»[5], шоҳасари устод исботи таърихи тоҷикон - меросбарони мардуми ориёӣ мебошад.
Бобоҷон Ғафуров бештар бо масоили умдаи таърихиву ҳуқуқӣ сарукор гирифта, кушиш намуданд, ки мушкилот ва муаммоҳои онро таҳлилу баррасӣ ва нуктаи назари хешро оид ба онҳо мушаххас баён созанд. Яке аз ин гуна масоили мубрам -  масъалаи халқи бумии Осиёи Марказӣ ё ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ будани тоҷикон буд, ки бо таҳлили марҳилаи ҷамоаи ибтидоӣ ва давлатдориҳои минбаъда исбот карда шуд. Шарқшиносони шӯравиву хориҷа низ андешаҳои Бобоҷон Ғафуровро исбот намуда, андешаеро дар илм ворид сохтанд, ки тоҷикон халқи бумии кишвар мебошанд.
Таърихи пайдоиши ҳокимияти давлатӣ, кай ва чӣ гуна таъсис ёфтани давлатдорӣ дар Тоҷикзамин яке аз масоили марказии асари «Тоҷикон» мебошад. Пушида нест, ки дар илми таърихшиносии марҳилаи шӯравӣ, ки дар заминаи осори хаттии тошӯравӣ таҳия мегардид, дар Русия ба вуҷуд оварда шудани давлатдорӣ аз ҷониби «бегонаҳо»  сулолаи Рюрикҳо, ки аз ҷониби муаррихони олмонии дарбори шоҳони Рус пешниҳод шудааст, андешаи илмӣ маҳсуб мегардид. Дар заминаи ин гуна андешаҳо дар ҳудуди тоҷикзамин низ баъзе ашхосе пайдо шуданд, ки на аз ҷониби мардуми бумӣ, балки аз ҷониби давлатҳои дигар таъсис намудани давлатдории аввалин дар ин ҳудуд пешниҳод карда мешуд. Ин андеша аз ҷониби олими узбекистонӣ А.И. Ишонов соли 1961 пешниҳод карда шуд. Дар баробари ин устод академик Бобоҷон Ғафуров таърихи тоҷиконро таҳия намуда дар он далелҳои раднашавандаи рушди кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, аз заминдориву ҳунармандӣ, хонасозиву савдо ва ғайра аз ҷониби тоҷиконро дар саҳифаҳои асари пурарзиши худ ҷой дода, исбот намудааст, ки ин миллат на танҳо дар саргаҳи тамаддуни давлатсозии ориёӣ меистод, балки дар кулли ҳунару санъати халқ истеъдоди барҷаставу навовариҳо аз худ нишон додааст.
Дар баробари кулли кашфиётҳо ва далелҳои таърихии таҳлилнамудаи мутафаккир, давлат ва масоили давлатдории миллӣ ба таври доимӣ мавзуи таҳқиқотиашон маҳсуб мегардад.
Пушида нест, ки Бобоҷон Ғафуров, Солеҳ Ашурхоҷаевич Раҷабов ва даҳҳо муҳаққиқони марҳилаи шӯравии рушд ҷонибдорони таълимоти марксистӣ, аз ҷумла таълимоти марксистӣ оид ба давлат буданд. Бобоҷон Ғафуров низ ҷонибдори ин андеша буданд ва асари безаволи «Тоҷикон» низ исботи ин ақида мебошад. Устод Бобоҷон Ғафуров ба таври комил таълимоти мазкурро дар кулли асарҳои таърихии худ такмил дода, дар ин замина навовариҳои илмӣ низ пешниҳод кардаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров ҳар як ғояи марксистӣ ва қонуниятҳои эътирофшудаи онро нисбат ба кишвари тоҷикон дар заминаи таҳқиқи амиқи таърихи кишвар ва далелу фактҳои мавҷуда ва бо назари ҷиддии илмӣ ва баъзан танқидӣ меомухтанд ва сипас баҳогузорӣ менамуданд. Масалан, дар илми ҳуқуқшиносӣ нуктаи назари А.И. Ишонов - академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбакистон маъруф буд, ки дар Осиёи Марказӣ давлат дар натиҷаи ҳуҷуми империяи Ассуриҳо (Ошуриҳо ё  давлати Ассурия) ба вуҷуд омадааст. Ин андеша ки ҳамагӣ дар як сарчашма зикр шудааст, бо ягон далелу факти дигар ва ё осори таърихӣ ва ё бостоншиносӣ исбот намегардад. Аз ин сабаб, бо такя ба осори таърихӣ, Бобоҷон Ғафуров исбот кардааст, ки ҳокимият ва давлату ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ ва Ориёно дар натиҷаи такомулу рушди объективонаи мардуми маҳалл – ориёиҳо сурат гирифтааст. «Протсесҳои этникие, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ ба амал меомаданд, ҳам барои тараққиёти ояндаи худи ин сарзамин ва ҳам барои таърихи як қатор кишварҳои ҳамсоя, ки аз Ҳиндустон то Аврупои ҷануби шарқӣ масоҳати бузургеро ишғол кардаанд, аҳамияти хеле калон доштанд»[6], навиштааст мутафаккир.
Як далели исботи мавҷудияти ҳокимияти рушдёфта мавҷудияти шаҳрҳои қадима аст, ки осори қадимаи чинӣ ва юнонӣ аз он иттило медиҳанд. Маълум аст, ки танҳо додугирифт, мубодила, ба вуҷуд омадани касбҳо ва табақаҳои гуногун - заминаи мураккаб гаштани муносибатҳо дар ҷамъият шуда, он ба пайдоиши ҳокимият, дар оғоз - ҷамъиятӣ ва минбаъд, давлатӣ сабаб мешавад. Инчунин,  таъсиси шаҳрҳо ва қалъаҳо, девори атрофи шаҳр аллакай аз мавҷудияти давлатдории кишвар иттило дода, зинаи баланди тараққиётро инъикос менамояд.
Бо андешаи ба таври объективона ба вуҷуд омадани давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ таълимоти дар замони шӯравӣ ба вуҷудомада оид ба таъсиси давлатдории Осиёи марказӣ аз ҷониби бегонагонро мутафаккир  ботил сохт.
Минбаъд, вобаста ба таълимоти марксистӣ – ба  форматсияҳои пай дар пай ивазшаванда тақсим кардани таърихи рушди кишвар аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров - дар «Тоҷикон» ва якчанд мақолаи илмиашон асоснок карда мешавад. Ба андешаи ман, академик Бобоҷон Ғафуров аз оғоз ба мавҷудияти кулли форматсияҳо дар ҳудуди тоҷикон шубҳа доштанд, аз ин сабаб, китоби худро маҳз таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нав номгузорӣ карданд. Минбаъд вобаста ба мавҷудияти имконот, аниқтараш мавҷуд набудани имконоти рушди ғуломдорӣ ҳамчун форматсия, мутафаккир андешаҳои худро баён менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки андешаҳои Бобоҷон Ғафуров ба таълимоти  Карл Маркс оид ба ғояи «воситаи осиёии истеҳсолот» наздиктар аст, аз форматсияи ғуломдорӣ. Бешакку шубҳа Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муаррихи баландпоя ва соҳибтахассус тавонистанд хулосаи илмӣ оид ба ин масъалаи нозуки илмӣ пешниҳод намоянд, чунки дар Осиёи Марказӣ пояи иқтисодии мавҷудияти чунин форматсия умуман вуҷуд надошт. Мавҷуд будани ғуломон, то асри XIX ҳануз далели мавҷудияти форматсияи мустақил буда наметавонист, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ исботи худро ёфтааст.
Бобоҷон Ғафуров аввалин маротиба ба таври комплексӣ таърихи давлатдории тоҷиконро омухта, дар заминаи далелҳо сохтори давлатии ин ё он сулолаи ҳукмронро тасвир ва таҳқиқ менамояд. Дар асари машҳури «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аксар ниҳодҳои давлатӣ ва ваколатҳои онҳо ошкор шудааст. Бобоҷон Ғафуров махсусан ба ислоҳотҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи зиёд қоил буда, кушиш  намудаанд, ки омилу сабаб, мазмуну моҳият ва натиҷаи ин ислоҳотҳоро аз нуктаи назари илмӣ таҳлил ва баррасӣ намояд.
Бояд қайд намуд, ки махсусан ислоҳотҳои Ҳахоманишиҳо, минбаъд таъсири мақдуниҳо ба давлату давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ низ мавриди омузиши Бобоҷон Ғафуров қарор гирифта, яке аз аввалинҳо аст, ки эллинизмро омезиши тамаддуни ориёӣ ва юнонӣ мешуморанд.[7]  Дар асари худ қайд мекунанд, ки «Дар маданияти ба истилоҳ эллинӣ на ин ки эҷодиёти мадании «соф» юнонӣ, балки омезиши махсуси маданияти юнонӣ ва шарқӣ инъикоси худро пайдор намудааст ва дар бобати  инкишофи ин маданият роли бузургеро халқҳои Осиёи Миёна бозӣ кардаанд. Ҳафриёти археологӣ далелу мадракҳои тоза ба тозаеро меоранд, ки саҳми халқҳои шарқ, азҷумла мардумони Осиёи Миёнаро дар тараққиёти маданияти модии ҷаҳони эллинӣ собит менамоянд. Баъзе принсипҳои асосии шаҳрсозӣ бо фикру тасавуроте, ки дар шарқ хеле барвақттар аз давраи эллинӣ равнақ дошт, алоқаманд мебошад».[8]
Ин таъсири мутақобила на танҳо дар соҳаи фарҳанги моддӣ, балки маънавӣ низ ошкор аст. Бобоҷон Ғафуров қайд намудаанд, ки «Расму одатҳои мазҳабии Осиёи Миёна ва Эрон ба ақидаи динии юнониён ва римиҳо таъсири калоне бахшида, сипас ба тараққиёти дини насронӣ ҳам асароти худро гузоштааст». «Таъсири Шарқи қадим дар адабиёт, санъат, фалсафа ва дигар риштаҳои илму фанни юнонӣ низ инъикоси худро пайдо намудааст».[9] Бо ин андеша Бобоҷон Ғафуров баъзе ақидаи аврупомарказиёнро, ки Искандарро ҳамчун паҳнкунандаи эллинизм дар Шарқ мешуморанд, рад мекунад. Бобоҷон Ғафуров ҷонибдори андешае аст, ки эллинизм на падидаи фарҳанги юнонӣ, балки омезиши фарҳанги барҷастаи форс ва юнонӣ мебошад, аз ин сабаб, дар он саҳми мардуми ориёӣ хеле бузург мебошад.  
Аз нуктаи назари Бобоҷон Ғафуров иқтисодиёт ва муносибатҳои иқтисодӣ дар мавҷудият ва рушди давлат, устувории ҳокимияти давлатӣ нақши аввалиндараҷа доранд, аз ин сабаб, ислоҳотҳои пуливу молӣ заминаи ҳокимияти сулола маҳсуб мегардад. Бобоҷон Ғафуров кушиш намудааст, ки ин ислоҳотҳоро ба таври амиқ омузад ва натиҷаи онҳо, таъсири онҳоро ба сиёсати давлатӣ ва тақдири ин ё он ҳоким таҳлил намояд.
Бояд иқрор намуд, ки аксари ислоҳотҳо махсусан дар давлатдории Шибониён ва Аштархониён асосан барои ғанӣ намудани хазина равона шуда, бештар бо кам кардани иёри тангаҳо рӯпуш намудани камомади хазина буд. Аз ин сабаб, Бобоҷон Ғафуров ҷонибдори ин нуктаи назар  ислоҳотҳо набуда, онҳоро бо  тороҷи халқ баробар мекунад.  
Имрӯз шароит ва талаботи илмӣ барои азнав ва бо усулҳои нав, аз диди нав, равиши нав омухтани таърихи мардуми ориёи- тоҷикон ба вуҷуд омадааст. Чи тавре Маккиндер исбот намудааст, Осиёи Марказӣ давоми 2000 соли гузашта қалби ҷаҳон – Хартленд маҳсуб мешуд, аз ин сабаб, касе онро идора кунад, ҷаҳонро идора мекард. Аз ин нуктаи назар, ҳудуди Ориёно то асри ХХ нуктаи марказии ҷаҳон маҳсуб гардида, барои тобеъ намудани он кулли империяҳои гуногуни ҷаҳонӣ кушиш ба харҷ додаанд. Аз нуктаи назари геополитикӣ таҳлил намудани таърихи миллат метавонад, ҷанбаҳои нави ҳаёти тоҷиконро равшан намояд. Аз ин нуктаи назар таҳлил намудани масоили таърихи рушд метавонад, барои мо ҷонибҳои манфиатдорро ошкор намояд. Масалан, академик Бобоҷон Ғафуров, минбаъд Раҳим Масов кулли гуноҳи табартақсими тоҷиконро аз пантуркистон мебинанд. Имрӯз андешаҳои дигар низ дар адабиёти илмӣ пешниҳод шудааст. Вале агар мантиқан андеша намоем, агар кулли донишмандону соҳибзавқон тоҷикон бошанд, соҳиби дониш дар байни туркзабонҳо, чӣ тавре дар адабиёти илмӣ низ қайд гардидааст, нодир бошанд, чӣ гуна онҳо тавонистанд, ба дарки масъалаи худшиносӣ пештар аз тоҷикон расанд, агар як қисмати тоҷикон ки ба ин сиёсат ҳамроҳ гаштанд, қисмати хурди аҳолиро ташкил кунанд, чӣ гуна халқи авом ки худ барои дарёфти озуқа рузро шаб мекард, дар муддати кутоҳ - ба «сиёсати калон» рӯ овард ва ё ба геополитика машғул гардид. Магар мантиқӣ нест агар гуем, ки кулли масоили вобаста ба табартақсим аз боло тарҳрезӣ шудаву, тақсимот низ аз ҷониби марказ, ҳизби болшевикӣ, Сталин ва дигарон аллакай муайян шуда буданд. Дар адабиёти илмӣ ва оммавӣ гуфта мешавад, ки яке аз сабабҳо маҷбуран эътироф кардани ҷумҳурии мухтори тоҷикон доштани ҳамсоядавлатҳои ҳамзабон ва қудратманд аз қабили Ирон, Афғонистон, Ҳиндустон, ки дар онҳо форсизабонҳо зиндагӣ мекарданд, мебошад.
Он чӣ дар саҳифаи осори таърихӣ ва махсусан сарчашмаҳои илмии даврони шуравӣ ва имрӯз оид ба масъалаи ба тоҷикон додани як ҳудуди маҳдуд ва маҳрум кардан аз марказҳои таърихиамон меравад, бо мавҷудияти халқҳои кучӣ ва нимакучӣ камтар робита дорад. Ба андешаи мо, агар таълимоти пантуркистӣ таъсире ба ин раванд дошт, он таъсири камтар аз сиёсати давлатии ҳизбӣ буда, пантуркистон аз сиёсати марказ илҳом мегирифтанд. Албатта, дар солҳои минбаъда таъсири онҳо пурзур гардида, минбаъд аз ҷониби марказ ошкору ниҳон дастгирӣ меёфт, аммо дар оғоз ба андешаи мо, онҳо қудратманд набуданд ва амале анҷом шуд, пантуркистон мустақилона қудрати амалӣ кардани онро надоштанд. 
Бобоҷон Ғафуров ба ҷанбаҳои материалии рушди давлатҳои тоҷикон, заминаи иқтисодии давлатдорӣ диққат ҷалб намудааст. Дар ин замина, пешрафти на танҳо умумӣ, балки ҳар як минтақаи Осиёи марказиро дар ин ё он ҳунару санъат воқеъан кашф кардааст. Исботи ин андеша масалан, дар асари «Тоҷикон» оид ба рушд ёфтани ҳунари аслиҳасозӣ мебошад, ки бо номгузории аслиҳа ба монанди «тири имкошимӣ», «вахонӣ», «чочӣ», «чағонӣ»  ва ғайраҳо мебошад.
Бобоҷон Ғафуров кушиш намудааст, ки иллатҳо ва сабабҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди давлатро баён намуда, иллатҳои аслии барҳам хурдани онҳоро низ таҳқиқ намояд. Махсусан ҳангоме, ки сухан оид ба барҳам хурдани давлати пуровозаи Сомониён меравад, мутафаккир ҳар як сабаби онро ба таври алоҳида таҳлил кардааст. Ҳангоми таҳлили масъала мо андешаҳои устодро оид ба миллат, меҳанпарастӣ, озодагон, маънавиёти мардуми бумӣ ва ғайра метавонем ошкор кунем. Хулосаи устод оид ба истифодаи артиши кироя он аст, ки танҳо мардуми бумиву ватанпараст метавонад холисона ватани худро ҳимоя намояд. Артиши кироя барои маблағ меҷангад ва унсури боварибахш дар ин замина шуда наметавонад. Аз ин сабаб, яке аз сабабҳои таърихӣ, ки Бобоҷон Ғафуров барои мо ошкор кардаанд, дар мақомоти давлатӣ роҳ надодан ба «бегонагон», яъне мардуме аст, ки алоқамандӣ ба кишвар надоранд, танҳо барои манфиатҳои худ ва кишварҳои дигар хизмат мекунанд.
Ба сари ҳокимият омадани ашхоси камсавод, бедониш, таҳти таъсиси гуруҳҳои муайяни ҷамъиятӣ қарор гирифтани сарвари давлат, сиёсати давлатӣ, махсусан, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар метавонад, сабаби барҳам хурдани давлату давлатдорӣ гардад. Дар баробари ин, надоштани ҳамкориҳои мутақобила судманд бо кишварҳои ҳамсояи дуру наздик метавонад барои амнияти кишвар хатари ҷиддӣ дошта бошад, барои рушди кишвар монеаи ҷиддӣ гардад.
   
Буризода Э.Б.
д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
 ИФСҲ-и АМИТ
 
 
[1] Рањмон Эмомалї. Сарчашмаи худшиносии миллї // Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон: Таърихи ќадимтарин, ќадим, асрњои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. -870 с. – С.6.
[2] Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон: Таърихи ќадимтарин, ќадим, асрњои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. –  870 с.
[3] Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон. – С.3.
[4] Минбаъд дар заминаи андешањои Бобољон Ѓафуров ва њафриётњои минбаъда Юсуфшоњи Яќубшох пайдоиши мардуми ориёї ва «нахустватани њундуориёињо ќисмати љанубии Осиёи Миёна ва тахтакуњи Ирон»-ро мешуморад. Муфассал ниг.: Юсуфшоњи Яќубшоњ. Давлати Каёниён. – Душанбе, 2012. – С.92.
[5] Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон. –С.8.
[6] Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон. – С.32.
[7] Гафуров Б.Г., Цибукидис Д.И. Александр Македонский и Восток. – М.: Главная редакция восточной литературы издательства «Наука», 1980.  (456 с.) –С.7.
[8] Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон. С.104.
[9] Ѓафуров Б.Ѓ. Тољикон. – С.105.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia