casino malaysia
casino malaysia
Паём – роҳнамои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии кишвар

wrapper

  Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фаъолияти Ҳукумати мамлакат, тамоми идораву корхонаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 арзёбӣ гашта, вобаста ба мушкилоти мавҷуда дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки иҷрои онҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар назди кормандони илми ватанӣ чанд вазифаи мушаххасе гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо на танҳо ба рушди соҳаи илм, балки ба пешбурди дигар соҳаҳои ҳаёти мамлакат низ такони ҷиддӣ мебахшад.
  Дар ҷумҳурии мо имрӯз рушди соҳаи маориф ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва техникиву муҳандисӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва амсоли он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро вазифадор намуанд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари дахлдор “барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Мо умед дорем, ки олимони ҷумҳурӣ бо таълифи китобҳои дарсии насли нав, дар сатҳи баланд ва бо истифода аз технологияҳои муосири таълимӣ бурдани корҳои таълимию тарбиявӣ дар ин кор саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамзамон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намояд. Вобаста ба ин, олимони Академияи миллии илмҳо ва ходимони илмии онро зарур аст, ки барои боло бурдани сатҳи таълим дар магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), ки тайи даҳсолаи охир дар сохтори он фаъолият доранд, тадбирҳои мушаххас андешида, омода сохтани муҳаққиқони ҷавонро барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ беш аз пеш тақвият бахшанд.
  Вазифаи дигаре, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он гузоштанд, ба иҷрои барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 дар кишвар ва таҷлили сисолагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Чунонки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, маҳз “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ба ифтихори ин санади сарнавиштсоз ва санаи муҳимми таърихии қабули он «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тамоми ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ, хусусан ба ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ зарур аст, ки бо таълифи мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таҳияи дастурҳои роҳнамо, гузаронидани семинару конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ иштироки бевосита дошта бошанд. Институти мазкур барои иҷрои ин амал неруи кадрии муносиб дошта, умед дорем, ки аз иҷрои ин вазифа ходимони илмии он сарбаландона мебароянд.
 Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавон ҳамчун як санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта шуда, ҷумҳурии мо дар соли 2024 – соли бузургдошти сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам қадамҳои устувор дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ ва гулгулшукуфии ҳаёти мардуми он хоҳад гузошт.
 
 
Хуршед Зиёӣ
 доктори илмҳои фалсафа, профессор,
и.в. директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia