casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Ҷашни Сада мувофиқи ахбори маъхазҳои таърихӣ

  Иди Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврӯз ва Меҳргон қарор дорад.  Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврӯз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврӯз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодисаҳои пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозанд. Дар ин айём деҳқонон тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, ба замин пошидани пору ва дигар корҳо машғул шаванд. Ғайр аз ин, Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз нигоҳи ниёгони мо ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевосиати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Муфассал ...
Хондан 200 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Масъалаи занон ва ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат

  Масъалаи занону ҷавонон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа яке аз масоили рузмаррае ба ҳисоб меравад, ки аз замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон, ба он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода мешавад.  
  Зан дар оилаи тоҷик аз қадим ҷои махсусро ишғол мекард ва имрӯзу дар оянда низ чунин хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки дар оила зан соҳибмаърифат аст, албатта фарзандони солиму солеҳа ва соҳибмаърифатро ба воя мерасонад. Солимии ҷомеа аз солимии оила ва оилаи солим аз фарзандони солим ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Муфассал ...
Хондан 252 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҷашни Cада пайғоме аз ғалабаи нур бар зулмот

  Ҷашни Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форси даврони ботон дар қатори ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз ба шумор меравад. Ин ҷашн яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон ва эронитабори дунё буда, дар оғози  шомгоҳ даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва ягонагиву ҳамбастагӣ, муҳаббату садоқати мардум дар мӯқобили бесадоқатию беотифагӣ аст. Мардуми эронитабор, махсусан дар як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, Шероз, Исфаҳон, Ромсар,   Аҳвоз, Кирмон, Кошон, Язд, Ҳамадон, Сабзвар, Шабистар, Ҳамадон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия ва ғайраҳо бо гирд омадани мардум дар як макон аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар паҳлуи якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.   Муфассал ...
Хондан 331 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Вопросы политических процессов в мире и национальной безопасности в Послании Главы государства 

  Послание Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона к Маджлиси Оли РТ и обществу страны затрагивало все аспекты жизнедеятельности государства и общества. Одним из важных аспектов в Послании были вопросы политических процессов в мире и национальной безопасности.  
В своём Послании Глава государства отметил, что «сложная и тревожная ситуация в регионе и мире, в том числе усиление процесса перераспределения мира, интенсивное вооружение, «холодная война», современные угрозы – терроризм и экстремизм, контрабанда оружия, киберпреступность и другие организованные транснациональные преступления вынуждают нас принять дополнительные меры для обеспечения оборонной безопасности нашей страны». Муфассал ...
Хондан 373 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia