casino malaysia
casino malaysia
Ҷашни Сада мувофиқи ахбори маъхазҳои таърихӣ

wrapper

  Иди Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврӯз ва Меҳргон қарор дорад.  Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврӯз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврӯз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодисаҳои пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозанд. Дар ин айём деҳқонон тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, ба замин пошидани пору ва дигар корҳо машғул шаванд. Ғайр аз ин, Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз нигоҳи ниёгони мо ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевосиати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Бисёре аз донишмандони тоҷик дар қатори дигар идҳои  бостонии ориёиҳо пайдоиш, таҷлил ва суннатҳои Садаро низ дар осори худ зикр намудаанд. Дар ин хусус Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш ҳикояти аҷибе меорад, ки рӯзе шоҳи ҷаҳон Ҳушанг бо гурӯҳе аз лашкариёнаш ба кӯҳсор меравад ва дар роҳ мори азимҷуссае ба онҳо ҳамлавар мегардад. Ҳушанги гурд сангеро бардошта, ба сари мор кӯфтанӣ мешавад. Санги партофтаи ӯ ба санги дигар бархӯрда, як даста шарора фурӯғ медиҳад. Ҳушанг оташро кашф намуда, онро ҳадяи Худованд мепиндорад ва «фурӯғи эзидӣ» меномад. Сипас, бо ҳамроҳонаш ин рӯйдодро ҷашн мегиранд. Фирдавсӣ Ҳушангро поягузор ва аввалин ҷашнгирандаи иди Сада донистааст:

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин,

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд, агар бихрадӣ”.

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.[1]   

Устурае, ки Абулқосим Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ ба он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимӣ будани ин ҷашни ниёгон хабар медиҳад. Аз рӯйи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Сада дар замони шоир низ таҷлил мегаштааст.

Дар ин таъкиди Абулқосим  Фирдавси падид омадани оташ ва рӯшноӣ мӯҷиби мубориза ба муқобили торикӣ буда, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ намуда, ба ҳамдигар хушӣ орзу мекунанд ва кинаву адоватро аз дил дур месозанд.

Вале Абӯрайҳони Берунӣ дар асари худ «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» бунёди ин ҷашнро ба Фаридун нисбат медиҳад ва мегӯяд: «Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд... Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб... Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Бироюсп (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯзе, то мағзашон дар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор аз он ду тан якеро яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афридун ӯро бигрифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: «Тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаме. Ва ҷумлаи эшон аз каси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвии ӯ нигаранд. Ӯ касеро пеш фиристод ва бифармуд, то ҳар касе ба боми хонаи худ оташ афрӯхтанд. Зеро-к шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд, пас он наздики Афридун ба мавқеъ афтод ва ӯро озод кард ва бар тахти заррин нишонд ва «Мисмуғон» ном кард ».[2]  Тавре аз ин иқтибос бармеояд,  Берунӣ низ номи ин ҷашнро ба шумораи сад марбут медонад, ки «аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб».

Ҳамчунин, Абурайҳонӣ Берунӣ дар асари дигари худ «Осор –ул-боқия»  қайд менамояд, ки  «Асосгузори сулолаи Зиёриён Мардовиҷ бини Зиёри Дайламӣ (928-935) мебошад, ки вай лашкаркаши бо маҳорати амир Асфор будааст, ки он дар музофоти Гургон ва Табаристону Қазвин ҳокимият дошт. Мардовиҷ пас аз ҳокимиятро ба даст даровардан, чун шоҳаншоҳони гузаштаи сарзаминаш ба тахти тиллоӣ нишаста, саркардагону наздиконашро барои ба сар гузоштани тоҷҳои симин даъват менамояд. Маҳз Мардовиҷ амр мекунад, ки дар Исфаҳон ҷашни Садаро бо тантана қайд намоянд».[3]

Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ дар  «Зайн-ул-ахбор» тамоми идҳои тақвимии бостонии ориёитаборро бо санаҳояш тариқи ҷадвал нишон додааст, ки дар баёни онҳо иди Сада низ зикр мешавад. Аз ҷумла, дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон бо ҷадвал» мегӯяд: Тибқи ҷадвали тартибдодаи Гардезӣ Ҷашни Сада ба 10-уми баҳманмоҳ рост меояд. А. Гардезӣ дар боби «Шарҳи ҷашнҳо ва идҳои Муғон» чунин навиштааст: «Садаи бузург. Чунин гӯянд муғон, ки андар ин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли Машӣ ва Машона ва эшон ду мардуми нахустин буванд, чунонки мусалмонон гӯянд Одам ва Ҳаво, муғонро он ду тан буданд. Ва боз баъзе гӯфтанд, миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, бад-ин сабаб Сада ном кардандаш. Аммо сабаби оташ афрӯхтан андар вай он аст, ки андар он шаб Армойил, ки вазири Беварасп буд, марде некуният буд ва чун Заҳҳок ҳар рӯз ду мардро аз баҳри морони хеш куштан фармуд, ин Армойил аз он ду мард якеро бикуштӣ ва якеро раҳо кардӣ ва ӯро гуфтӣ, то аз ҷаҳониён пинҳон шудӣ ба ҷойе, ки кас хабари эшон наёфтӣ. Ва чун Афридун бар Заҳҳок зафар ёфт, ин мардумони озодкардаи Армойил сад мардум шуда буданд ва ҳама андар кӯҳи Дамованд пинҳон буданд. Ва Армойил пеши Афридун омада, бад-ӯ тақриб кард ва ин бо вай бигуфт. Афридун ӯро устувор надошт, пас сиқаи хешро Афридун бад-он кӯҳ фиристод, то бингарад ва (ҳақиқат) падид кунад ва ӯро хабар диҳад. Ва Армойил бифармуд, то он мардумони мутанаккир ҳар касе оташе ҷудогона бияфрӯхтанд. Пас сад оташ бияфрӯхтанд, чунонки ҳамаро Афридун бидид. Ва бад-он чи Армойил шафқат карда буд дар ҳаққи онҳо, ӯро Афридун биситуд ва вилояти Дамованд ба Армойил бидод, то бад-ин ғоят ҳанӯз фарзандони ӯ доранд»[4].

Таҷлили ҷашни Сада ва пайдоиши он дар аҳди бостон дар осори адибони   классики тоҷик низ хеле хуб тасвир ёфтааст.  Аз ҷумла, Манучеҳри Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро низ  ишора намудааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

З-он барфурӯз, ки имшаб андар ҳисор бошад,

Ӯро ҳисор, миро, чархи уқор бошад.

          Шоири қасидасарои қарни  XI Унсурӣ низ пайдоиши ҷашни Садаро ба аҳди Фаридуну Ҷамшед нисбат медиҳад. Ба гуфтаи ӯ гӯё шаби таҷлили ин ҷашн замини шаб ба мисли кӯҳи Тур аст: 

          Сада ҷашни мулуки номдор аст,

          Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

          Замини ин шаб гӯё Кӯҳи Тур аст,

          К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст…

Дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бобати пайдоиши ҷашни Сада  фикру ақидаҳои гуногун аст.  Яке пайдоиши ин ҷашнро ба замони Ҳушанг ва дигаре ба пирӯз гардидани Фаридун ба Заҳҳок ба қалам додаанд.  Ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдод Баҳор ва дигарон пайдоши ва моҳияти Садаро дар асарҳои худ шарҳ доданд, ки баъзе онҳо сабаби пайдоши Садаро тақлид ба Хуршед (Офтоб) ва баъзеи дигар эҳтироми беандоза доштан ба оташ тасвир намудаанд.  Ба андешаи  Меҳрдод Баҳор Сада марбути зардуштиён нест, балки пеш аз онҳо пайдо шудааст, вале онҳо ҳоло Садаро таҷлил менамоянд. Пас муддате дини Зардуштӣ ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад, вале иди Садаро, ки чун ҷодуӣ менигоштанд, вориди дин накарда буданд.

Ҷашни Сада дар таҳқиқотҳои уламои имрӯза  мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтааст. Масалан А.Раҳмонзода дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, таъкид менамояд, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ ба табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта, бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ  ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд. Вобаста ба ин таъкид карда шуда буд, ки: «Дар сарчашмаҳои оиниву устуравии мардуми эронитабор, аз ҷумла, тоҷикон, аввалин андешаву орзуҳои мардум ифода ёфтаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо рамзи таассуроти нахустин халлоқони олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазҳабҳои мухталифи миллӣ ва дигар манбаъҳои хаттӣ пояи устувор пайдо кардаанд. Устураҳои миллии халкҳои эронитабор маҳз дар ҳамин сарчашмаҳо ҷой гирифта, аз ҳамин роҳ ба фарҳанг ва адабиёти бадеӣ шомил гардидаанд».[5] 

Аммо мувофиқи ривоятҳои дорои хусусиятҳои табиатгароёна, Сада дар замоне таҷлил мегашт, ки ҳанӯз оташ пайдо нашуда буд ва нахустин тасаввуроту бовариҳои аҳди бостон вориди устураҳои ташаккулёфтаи адёни ибтидоӣ мегардиданд. «Дар дини маздоии куҳан ва баъдтар ойини меҳрапарастӣ ва зардуштия Сада таҷассуми худро дар оташ ва равшанию гармии он ёфта буд. Аз ин рӯ ҷашни Садаро ҷашни пайдоиши оташ арзёбӣ намудаанд»[6].

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин агар аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Минбаъд, маҳз бо пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш ёфт. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо карда, аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд.

Ҳамин тавр, дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарияҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ  ва иддаи дигар пайдоиши онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расонидаанд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

 Ҳамчунин, боиси зикр аст, ки тибқи сарчашмаҳои гуногун ва таҳқиқотҳои уламо баъди коста шудани нерӯю тавоноии сармо шиддати сардӣ рӯ ба завол ниҳода,  садумин рӯз аз оғози зимистон ва сад рӯзу шаб (50-рӯзу 50 шаб) пеш аз Наврӯз ин идро ҷашн мегирифтанд.   Бештари муҳаққиқон маҳз номи Иди Садаро ба шумораи сад, ки зикр намудем, нисбат медиҳанд.  Масалан, бештари онҳо ба он назаранд, ки   вожаи Сада сохта мебошад ва аз шумораи сад гирифта, ба он  пасванди  “а” илова карда шудааст. Аз ҷумла,  дар асари Муҳаммад Муин “Фарҳанги форсӣ” ва “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба чунин маъно омадааст:  “Вожаи сада аз нигоҳи сохтмони дастурӣ вожаи сохта буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шудааст (сад+а) (дар паҳлавӣ sat/sadh). Дар луғат ба маънии аср ва қарн, яъне сад сол низ меояд. Масалан: садаи 21. Вале аслан ба маънии ҷашн аст, ки даҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳаи Эрони бостон гирифта мешуд… ва дар ин ҷашн оташафрӯзӣ мекарданд”.[7]

 Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.[8] Аммо Меҳрдоди Баҳор, ки худ авестошинос низ мебошад, ба таври мантиқӣ вожаи садаро ба таври зерин маънидод  намудааст: «Вожаи авестоии саза (saδā) ки исми муаннас аст, ба маънои зуҳур, ошкороӣ ва пайдоӣ аст. Ин вожа аз решаи санд (sand) ба маънои ба назар расидан муштақ гаштааст. Ба яқин дар канори вожаи муаннаси сазо (saδā) вожаи музаккари саза (saδa) ҳам метавонистааст вуҷуд дошта бошад. Дар забонҳои эронии миёнаи ғарбӣ алоқаи бисёре вуҷуд дорад, ки исм ва сифатро бо афзудани пасванди ак (ak), ки худ бозмондаи ака (aka) дар Эрони бостон аст, ба кор баранд. Бад-ин рӯй вожаи саза (saδa) дар Эрони бостон метавонист ба сурати сазак (saδak) ё садак (sadak) дар форсии миёна вуҷуд ёбад, ки талаффузи ҷадидтари он дар форсии миёна сазаг (saδaг) ё садаг (sadag) буда ва ҳамин ду талаффуз дар форсӣ ба сурати «саза» ё «сада» дида мешавад. Вуҷуди вожаи муарраби «сазақ» дар арабӣ ва таркибҳои «барсазақ» ва «навсазақ», ки номи панҷумин рӯзи баҳман аст ва дар он рӯз ба истиқболи ҷашни Сада мераванд, ҳадси моро дар бораи вожаи сазаг (saδag) ё садаг (sadag) таъйид мекунад ва мерасонад, ки чунин вожаҳое дар забонҳои эронии миёнаи ғарбӣ вуҷуд доштааст. Бинобар ин, муҳтамилан вожаи сада, на бо вожаи сад, балки бо решаи санд (sand) маънои «зоҳир шудан» марбут аст ва маънои он «зуҳур, ошкороӣ, пайдоӣ» аст»[9] 

  Бо вуҷуди ин, дар бораи пайдоиши ҷашни Сада нақлу ривоятҳои  ба ҳам мухолиф  зиёданд, вале баштари онҳо дар бобати номи «Сада» ва аз калимаи “сад” гирифта шудаи он  ба ҳам мувофиқат мекунанд. 

Ҳамин тавр, ҷашни Сада дар бисёре аз осори адабии ниёгону шоирони имрӯза инъикос ёфтааст, вале бо вуҷуди баҳсу мунозираҳои зиёд ба таври аниқ ва дақиқ муаян намудани санаи пайдоиши он имкон надорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Садаро пешдодиён, ниёгони пешазориёии тоҷикон ҷашн мегирифтанд ва баъдҳо он вориди зиндагии қавмҳои гуногуни ориёӣ: ҳам эрониён ва ҳам турониён гардид. Аз сабаби он ки барои зардуштиён Хуршед, оташ, рӯшноӣ муқаддас буданд, Сада вориди рӯзгори онҳо низ шуд ва ҳоло ин дар байни зардуштиёни кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаромӯш нашудааст.

 Аз рӯйи баъзе сарчашмаҳои адабиву таърихӣ маълум мегардад, ки ҷашни Сада ҳар сол даҳуми баҳманмоҳи солшумории ҳиҷрии хуршедӣ (пас аз 40 рӯзи Шаби Ялдо (22-декабр), яъне зодрӯзи эзид Митра (Меҳр) таҷлил гардида, моҳияти асосиаш пирӯз гардидани некӣ бар бадӣ, рӯшанӣ бар зулмот ва гармо бар сармо будааст. Мардум бо шодиву хурсандӣ оташи бузург афрӯхта, дар даври он рақсу бозӣ ва ҳар гуна ҳунарнамоӣ мекарданд. Онҳо бо ин амали худ ва оташафрӯзӣ ба таври рамзӣ, гӯё бунёди фасли зимистон ва сарморо месӯзониданд.

Ҳамин тариқ, аз таҳлили сарчашмаю устураҳо ва инчунин дар такя ба онҳо  метавон гуфт,  равшанӣ ва оташу Хуршед таҷаллии Худованд аст. Нур мояи зиндагӣ ва Хуршед афзори рӯзгор ва зиндагӣ дониста шудааст. 

Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Сада дар байни юнониёну румиён ва дигар қавму миллатҳои Аврупо низ маълум мебошад. Бештари онҳо дар пайдоиши Сада ба гуфтаҳои Абулқосим Фирдавсӣ такя мекунанд.

Ҷашни Сада аз пайдоиши худ дар тӯли таърих ташаккул ёфта,  дар аҳди Сомониён таҷлил карда мешудааст. Дар аҳди Ғазнавиён низ ин идро ҷашн мегирифтанд.  Муаррихи барҷастаи давраи Ғазнавиён Аблуфазл Байҳақӣ таҷлили ин ҷашнро дар аҳди Ғазнавиён, махсусан Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд  дар асари худ «Таърихи Байҳақӣ» сабт намудааст. Ӯ, аз ҷумла мегӯяд: «Ва рӯзи чоршанбе ҳафтдаҳуми (моҳи) сафар пас аз бор хилвате кард амир бо вазир ва соҳибдевонони рисолат ва авлиёву ҳашам ва Хоҷа Ҳусайн Микоил низ он ҷо буд ва рой заданд дар маънии ҳаракат ва қарор гирифт бад-он ки сӯи Марв рафта ояд ва бар ин боз пароганданд. Ва Хоҷа Ҳусайн Вакил шуғл бисохт ва бистуми ин моҳ сӯи Марв бирафт, то мисол диҳад улуфот ба тамомӣ сохтан, чунон ки ҳеҷ бенавое набошад, чун раияти мансур он ҷо расад. Ва пас аз рафтани ӯ то се рӯз амир фармуд, то саропарда бар роҳи Марв бизаданд бар сефарсангии лашкаргоҳ. Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз он ҳамаи лашкар ба саҳро  бурданд ва газ кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданд ва дар саҳрое, ки ҷӯйи оби бузург буд, бар он шурф  меафгаданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чӯби сахт баланд ва онро ба газ биёгандиданд. Ва гази дигар, ки сахт бисёр буд, болои кӯҳе баромад бузург. Ва улуҳ (уқоб)-и бисёр ва кабутар ва он чи расм аст аз дороти ин шаб, ба даст карданд»[10]

Аз ин гуфтаҳои Байҳақӣ бармеояд, ки дар он рӯзгор ҷашни Сада аз ҷониби подшоҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд: « Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби ҷӯйи об, ки шароъйе зада буданд, бинишаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд ва пас аз он шунидем, ки қариби даҳ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд ва кабутарони нафтандул бигзоштанд ва дадгон ба қарондуд ва оташзада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар чунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад»[11].

Бояд қайд кард, ки ҷашни Сада то аввали садаи 20 – уми асри ХХ ҷойгоҳи хоса доштааст, вале дар давоми қариб як аср агарчи  он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид.  Солҳои 70 –уми садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна таҷлили Ҷашни Сада мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дархатонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта, шодмонӣ мекарданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд.

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва чи нек аст, ки дар таи чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ  доир ба ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шудаанд ва аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлкат ҷашн гирифта мешаванд, вале дар бораи ҷашни Сада дар кишвар таҳқиқоти мукаммал ҳанӯз оғоз нашуда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст созмон дода нашудааст. Бо вуҷуди ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам, ҳангоми нахустин маротиба ҷашн гирифтани Меҳргон дар баромади худ қайд намуданд: « …барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Пас аз ин суханрониҳои Сарвари давлат аз соли 2017 инҷониб ҷашни Сада дар кишвар таҷлил карда мешавад, ки дар он мардум дар гирди оташ давр зада, ҳунарҳои мардумиро пешкаш ва омодагии худро ба кишту кор нишон доданд.

Ҳамин тариқ, аз омӯзишу таҳлилҳо ва назарсанҷиву хулосабарориҳои сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҷашни Сада яке аз идҳои бостонии мардуми ориёитабор буда,   панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб пеш аз Наврӯз таҷлил карда мешавад, ки   маҷмӯи он сад мешавад ва ба 30 январ рост меояд.  Ин ҷашн  муждае аз Наврӯз  расонида,  назди ниёгони мо бо суннату анъанаҳояш ҷойгоҳи хосе доштааст ва он дар сарчашмаҳои таърихӣ ба таври фарох тасвир ёфтааст. 

 

Садаф Ҷангибекова

Корманди Шуъбаи фалсафаи фарҳанг-и ИФСҲ АМИТ

 

 

 

[1] Абулќосим Фирдавсї. Шоњнома. љилди 1. Душанбе: Адиб, 1987. С.- 54.

[2] Абўрайњони Берунї. Китоб-ут-тафњим ли авоили саноат-ит-танљим. Душанбе: Дониш, 1973. С.-145.

[3] Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-Боқия.-Душанбе. Ирфон, 1990. С.- 5-6.

[4] Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ. Зайну-л-ахбор. Душанбе: «Бухоро», 2014. С.- 278.

[5] Раҳмонов А. Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тољикӣ. Душанбе, 1999. С.- 80.

[6] Донишномаи фарњанги мардуми тољик. Душанбе, 2018. С.- 582.

[7] Муњаммад Муин. Фарњанги форсї. Љилди 2. Тењрон: Амири Кабир, 1364. С. 1847.; Фарњанги забони тољикї. Љилди 2. Москва,1969. С.-174.

[8] Муњаммадљаъфар Ёњаќї. Фарњанги асотир ва достонворањо дар адабиёти форсї. Тањиягари матн ва шарњу тавзењот ва таълиќоти Рустами Вањњоб. Душанбе: Бухоро, 2014. С.-468.

[9] Баҳор Меҳрдод. Љусторе чанд дар фарҳанги Эрон. Теҳрон: Интишороти Фикри рўз, 1376. С.-241.

[10] Байњаќї Муњаммад Њусайн. Таърихи Байњаќї. Љ.1. Тењрон, 1388. С.- 327.

[11] Њамон љо.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia