casino malaysia
casino malaysia
Масъалаи занон ва ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат

wrapper

  Масъалаи занону ҷавонон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа яке аз масоили рузмаррае ба ҳисоб меравад, ки аз замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон, ба он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода мешавад.  
  Зан дар оилаи тоҷик аз қадим ҷои махсусро ишғол мекард ва имрӯзу дар оянда низ чунин хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте, ки дар оила зан соҳибмаърифат аст, албатта фарзандони солиму солеҳа ва соҳибмаърифатро ба воя мерасонад. Солимии ҷомеа аз солимии оила ва оилаи солим аз фарзандони солим ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала иброз доштанд, ки «аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд».
Воқеан ин нишондодҳо далели онанд, ки занону бонувони тоҷик аз ғамхориҳои Пешвои миллат ҳамеша бархурдоранд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳимро мебозанд ва дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Занон имрӯз дар ҷомеаи мо дар баробари оила, боз фаъолияти хешро дар самтҳои гуногуни хидмати давлатӣ, аз қабили илму фарҳанг, сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту маънавиёт ва ғайра идома дода истодаанд ва ҳукумати кишвар низ марҳила ба марҳила мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, дар ҳама самтҳои гуногуни фаъолият дастгирии хешро расонида истодааст.
  Дар барорбари занон, ҷавонон низ дар Тоҷикистон зери диққати ҳамаҷониба қарор доранд ва дар рушду инкишофи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, зеро ҷавнон ояндаи миллатанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои ҳарсола таъкид мекунанд, ки “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”. Дар Паёми навбатӣ низ нисбати ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда иброз доштанд, ки “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.”
Имрӯз ҷавонони даврони истиқлолро боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби чунин раҳбари хирадманд ғамхориҳо нисбаташон зоҳир гардида, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодаанд.
  Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, бояд сармашқи асосии кору фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад ва бо истифода аз ҷаҳонбинии васеъи хеш барои рушди илму фарҳангу тамаддуни миллати хеш кӯшиш намоянд. 
  Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Дар фазои сулҳу оромишу субот барои пешрафти ин миллати куҳанбунёд кӯшиш ба харҷ додан ва ояндаи ин миллатро сохтан қарзи виҷдонии ҳар як ҷавони тоҷику тоҷикистонист!
 
Муҳаммадиева Сайҳуна
корманди Маркази антропологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia