casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Терроризм: религия или доктрина?

 
 Проблема террора, терроризма – это одна из глобальных проблем человечества, крайне обострившаяся в последнее время. Эта проблема имеет несколько совершенно автономных составляющих, на его генезис повлияли различные факторальные данные, которые подвергнуты анализу в настоящей статье.
Анализ ситуации в Центральной Азии, России и США показывает, что современный терроризм приобретает личностную направленность. Наибольшую опасность в этом плане представляют экстремистские акции и устремления отдельных фанатиков, использующих террор как средство достижения своих целей. Муфассал ...
Хондан 356 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Озодӣ ва истиқлоли миллӣ

   Муассисаи нашриявии  “Дониш”-и  Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон   монографияи нави   узви  вобастаи  АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор   Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯзро, бо номи “ Озодӣ ва истиқлоли миллӣ” ки  ба  ифтихори  35 – солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шудааст аз чоп баровард.
  Дар монография  вобаста ба  таҳқиқи  ҷанбаҳои  фалсафию  сиёсии  масъалаи озодӣ, принсипҳои  демократӣ,  истиқлоли сиёсӣ ва масъалаҳое  таҳлил  шудаанд, ки  ба  моҳияти озодии инсон,  инкишофи  тафаккури озод ва  таҳкими истиқлоли миллӣ  вобастагӣ доранд. Ҳамзамон  масъалаҳои назариявии истиқлол, моҳияти таърихию сиёсии озодӣ ва дастовардҳои  миллӣ дар заминаи паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаҳои стратегии  замони соҳибистиқлолӣ таҳлил шудаанд. Муфассал ...
Хондан 294 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Сабабҳои ташаккулёбии андешаҳои экстремистӣ

    Дар ҷаҳони имрӯз, замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафту дигаргуниҳо ҷомеаи инсонӣ дар баробари муваффақиятҳо аз камбудиву хатарҳо низ кам нест.  Аз ҷумла, падидаҳои экстеризм, радикализм ва терроризм дар ҷомеа ба миён омадаанд, ки боиси нигаронист. “Экстремизм” – ифротгароӣ буда, калимаи “ифрот” аз забони арабӣ, аз решаи “фарт”, яъне “авҷ” ё “ниҳоят” сохта шудааст. Дар умум бошад “ифрот” ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Яке аз муҳқиқони ин самт маънои истилоҳи “ифротгароӣ” шарҳ дода чунин баён мекунад: “Маънои истилоҳи “ифротгароӣ” нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе аз тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат бар бовариҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад."[1, 17]. Шахси ифротӣ нафаре, ки тарзи фаҳмиш ва амалаш нисбати ягон масъала аз ҳадди эътидол мегузарад.   Муфассал ...
Хондан 310 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» дар илми ҳуқуқшиносӣ

  Мо тасмим гирифтем, ки масъалаи муайяннамоии мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ»-ро аз мавқеи ақидаи олимон ва пеш аз ҳама ҳуқуқшиносон баррасӣ намоем. Вобаста ба ин мафҳум дар қонунгузорӣ ва адабиёти соҳавӣ мафҳумҳои ба ҳам ҳаммаъно ҷой доранд. Аксар вақт дар баробари мафҳуми омухташаванда ва баъзан ҳамчун синоними он ибораҳои «таълими ҳуқуқӣ», «иттилоотнокии ҳуқуқӣ», «тарғиботи ҳуқуқӣ», «тарбияи ватандустӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ», «тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандӣ», «инкишофи саводнокии ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ» ва ғайраҳо истифода мешаванд. Муфассал ...
Хондан 2401 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia