casino malaysia
casino malaysia
Озодӣ ва истиқлоли миллӣ

wrapper

   Муассисаи нашриявии  “Дониш”-и  Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон   монографияи нави   узви  вобастаи  АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор   Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯзро, бо номи “ Озодӣ ва истиқлоли миллӣ” ки  ба  ифтихори  35 – солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шудааст аз чоп баровард.
  Дар монография  вобаста ба  таҳқиқи  ҷанбаҳои  фалсафию  сиёсии  масъалаи озодӣ, принсипҳои  демократӣ,  истиқлоли сиёсӣ ва масъалаҳое  таҳлил  шудаанд, ки  ба  моҳияти озодии инсон,  инкишофи  тафаккури озод ва  таҳкими истиқлоли миллӣ  вобастагӣ доранд. Ҳамзамон  масъалаҳои назариявии истиқлол, моҳияти таърихию сиёсии озодӣ ва дастовардҳои  миллӣ дар заминаи паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаҳои стратегии  замони соҳибистиқлолӣ таҳлил шудаанд.
  Муаллиф дар партави фикру мулоҳизаҳо оид ба истиқлоли миллӣ андешаҳои худро дар таҳкими давлатдории миллӣ баррасӣ намуда, истиқлоли сиёсиро барои миллати тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги  аср муаррифӣ  намудааст.
  Монография барои доираи васеи хонандагон, сиёсатшиносон, пажӯҳишгарон  ва андешамандон пешниҳод гардадааст..
                                                                              
Хуршед Зиёӣ
доктори  илмҳои фалсафа, профессор,
муовини директор оид ба илм ва таълими 
Институти  фалсафа , сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia