casino malaysia
casino malaysia
Сабабҳои ташаккулёбии андешаҳои экстремистӣ

wrapper

    Дар ҷаҳони имрӯз, замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафту дигаргуниҳо ҷомеаи инсонӣ дар баробари муваффақиятҳо аз камбудиву хатарҳо низ кам нест.  Аз ҷумла, падидаҳои экстеризм, радикализм ва терроризм дар ҷомеа ба миён омадаанд, ки боиси нигаронист. “Экстремизм” – ифротгароӣ буда, калимаи “ифрот” аз забони арабӣ, аз решаи “фарт”, яъне “авҷ” ё “ниҳоят” сохта шудааст. Дар умум бошад “ифрот” ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Яке аз муҳқиқони ин самт маънои истилоҳи “ифротгароӣ” шарҳ дода чунин баён мекунад: “Маънои истилоҳи “ифротгароӣ” нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе аз тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат бар бовариҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад."[1, 17]. Шахси ифротӣ нафаре, ки тарзи фаҳмиш ва амалаш нисбати ягон масъала аз ҳадди эътидол мегузарад.  
      “Ифротгароии динӣ” яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ ё экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин  ва дар амал кардан  ба таълимоти динӣ сахтгирии  беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андоза мегузарад. Ифродгароии динӣ як намуди фаҳмиш ва тафаккури инсон мебошад, аммо агар ин фаҳмиш инкишоф ёбад он ба радикализм (тундравӣ) ва дар охир ба терроризм (даҳшатафканӣ) рафта мерасад.
     Сабабҳои дохилии пайдоиши ифротгароии динӣ дар кишвари мо, Тоҷикистон аз омилҳо, зуҳуротҳо ва равандҳое иборат мебошанд, ки табиатан гуногун буда, бартараф кардани онҳо чи аз тарафи давлат ва чи аз тарафи ҷомеа хеле душвор мебошад. Аммо бартараф кардани ин душвориҳо шарти муҳими пешгири ва мубориза бо ифротгароӣ мебошад. Ба сабабҳои дохилии пайдоиши ифротгароӣ маҷмўи душвориҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд, ки сари вақт ҳалу фасли худро наёфта, боиси пайдоишу рушди тамоюлҳои номатлуби ифротӣ гаштаанд, ки инҳо мебошанд: тафовути даромад байни қишри аҳолии сарватманд ва қашоқ, душвории иҷтимоишавии ҷавонон, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, мавҷуд набудани идеяи миллии муттаҳидкунандаи ҷомеа, тарғиботи ифротӣ тавасути Интернет байни ҷавонон, сатҳи пасти иҷтимоии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ва мавҷудияти сатҳи баланди фаъолияти ифротӣ.
Яке аз сабабҳои хело муҳим ва асосӣ ин ҷаҳонбинии ҳар як инсон мебошад, ки дар асоси он фаҳмиш ва тасаввур шакл мегирад. Надоштани маърифати дурусти дарки олами атроф инсонро водор месозад, ки дар як доираи маҳдуд қарор гирифта, дар он то ба дараҷае расад, ки аз ифрот оҳиста-оҳиста ба тундравӣ, яъне таблиғоти ҷаҳонбинии номукаммали хеш ва билохира ба даҳшатафканӣ даст занад.
     Ҷаҳонбинӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ, маҷмӯи ақидаҳо роҷеъ ба воқеият, табиат, ҷамъият, мақоми инсон  дар ҷомеа ва тазоҳуроти ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти одамонро ифода мекунад. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинӣ барои ҳамагуна маслак, афкори иҷтимоӣ, динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун зерниҳод хизмат мекунад.
     Ҷаҳонбинӣ пояи инкишофи тасаввур буда, бояд васеъ ва дурусту мукаммал бошад. Нафароне, ки имрӯз ба эсктремизму радикализм ва терроризм даст мезананд, ҳатто аз маърифати дурусти динӣ воқиф нестанд. Дониши динии онҳо дар доираи баъзе маълумотҳои умумӣ шакл гирифта, меъёрҳо ва мафҳумҳои диниро ба таври бисёр маҳдуд, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмида, дар доираи он амал мекунанд. Барои нафари ифторгаро ҳеҷ гуна арзише вуҷуд надорад, ба ҷуз фаҳмиши нодурусту номукаммали ӯ. Ҷонибдорони ин ақидаҳо баҳри ҳақ баровардани мавқеъ, дуруст нишон додани арзишҳои худ пурра ва ё қисман арзишҳои умумипазируфташудаи иҷтимоиро инкор намуда, қодиранд барои тасдиқи ақидаҳои худ аз роҳу воситаҳои зӯроварона истифода баранд. Вале бояд қайд намуд, ки инсон дар натиҷаи кӯшиш ба фаҳмиши васеътар дастёб мегардад. Васеъ кардани доираи ҷаҳонбинӣ аз худи ҳар як шахс вабастагӣ дорад. Инсон набояд бо як фашмиши маҳдуду номукаммал қаноат кунад. Ҳамарӯза бархурдор шудан аз донишҳои навин метавонад инсонро аз ҷаҳонбинии маҳдуди хеш бираҳонад ва ба ҷаҳонбинии илмӣ бирасонад. Ҷаҳонбинии илмӣ – ҷаҳонбинии нисбатан васеътар буда, он ба далелу истбот такя мекунад ва аз хурофоту ифрот инсонро раҳонида, барои фаҳмишу дарки ҳақақати асил роҳ мекушояд.
     Аксаран ҷомеаи имрӯзи мо ва алалхусус ҷавонон ҷаҳонбинии хешро дар такя ба дин шаклгирӣ мекунанд, ки ин омилҳо ба ифротгароӣ бурда мерасонанд. Хушбахтона имрӯз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуна хатарҳо пешгириӣ шуда истодаанд. Аммо ҳар як ҷавони замони соҳибистиқлолиро шарт ва зарур аст, ки аз доираи маҳдуди ҷаҳонбинии хеш берун омада, бо зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии илмии хеш, барои пешрафти ақоиди ин давлати дунявӣ гомҳои устувор бардорад. Чунки бунёд кардани ҷомеаи солим ва орӣ аз ҳар гуна ғаризаҳо ин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Муҳаммадиева Сайҳуна
Докторанти PhD-ии шуъбаи таърихи
фалсафаи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
Адабиёт:
  1. А. Раҳнамо. Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ чист? Душанбе: “ЭР-граф”, 2021. – 156 саҳ.
  2. Муҳаммад А.Н., Абдуҷалилов А. Тероризм ва дин (таҷрибаи Тоҷикистон). Душанбе: “Дониш”, 2021. – 75 саҳ.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia