casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

День Президента – особый день в истории Таджикистана

   В мировой политике широко практикуется признание заслуг общественных, политических, государственных деятелей - достойных представителей страны и народа. В разных странах мира, на национальном уровне, особо важные события определяются как общенациональные праздничные дни.
  В Республике Таджикистан с 2016 г. таким общенациональным праздником является День Президента Республики Таджикистан, который отмечается ежегодно 16 ноября. 
  Таджикский народ после обретения государственной независимости столкнулся с целым рядом политических проблем, поставивших будущее  государства и нации под угрозу исчезновения. Таджикистан столкнулся с навязанной гражданской войной, унесшей жизни более 150 тысяч людей, в особенности детей и молодежи. Муфассал ...
Хондан 374 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Душанбе ба маркази бузурги саноати рақобатпазири иқтисоди ҷаҳон мубаддал мегардад

  Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар баробари «шаҳри сабз» унвон гирифтанаш боз ба маркази саноатии пешрафтаи мамлакат ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ  мубаддал мегардад. Кушода шудани силсилакорхонаи саноатӣ дар Душанбе дар оғози ҳафтаи равон баёнгари он аст, ки сиёсати рушди саноат дар пойтахти мамлакат мақсаднок буда, давраҳои минбаъдаро низ пешбинӣ менамояд.

 Дар зимн андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаровро оид ба ин мавзуъ пешкаши хонандагони Агентӣ менамоем. 

Муфассал ...
Хондан 234 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(9 Овозҳо)

Ташаббусҳои аҳамияти глобалидоштаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақ ва пурсамар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

  Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.

Муфассал ...
Хондан 285 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – далели ҳамраъйии миллат

   Мусаллам аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) конститутсия қабул гардидааст. Агар чор конститутсияи аввал замони шӯравӣ ва аз ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул шуда бошанд, Конститутсияи охирон замони истиқлол ва тариқи раъйпурсии умуммихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода мекунад. Мавриди зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз соли 1989  ва махсусан пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Маҳз ҳамин давлатмард тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, вазъияти муташанниҷи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад. Муфассал ...
Хондан 237 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia