casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

НБО-и Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон

   Пешрафти давлат, рушди мунтазами иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамбастагии қавӣ дорад. Тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин сабаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ ба неруи барқ ва сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ таваҷҷуҳи фавқуллода зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад. Муфассал ...
Хондан 323 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ифротгароии динӣ – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

 Гаравиши баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ на танҳо мушкилии ҷидии Тоҷикистон, балки зуҳуроти номатлубу нигаронкунандаи тамоми ҷаҳони муосир мебошад. Ифротгароии динӣ ё ба истилоҳ “экстремизми динӣ” яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шуда, таълимоти диниро сатҳӣ ва бо фаҳмиши рӯякӣ аз худ менамояд. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ кардан хоста, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил мегардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад. Муфассал ...
Хондан 288 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Забони модарӣ – зербинои ҳувияти миллӣ

  Забон оинаи рӯзгори халқҳои гузаштаву ҳозира ба ҳисоб рафта, яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гаронбаҳои гузаштагон арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо якдигар гуфтугӯ карда, аз вазъи ҳамдигар огоҳ мешаванд. Ин аст, ки забонро барои равшантар зоҳир гардидани ҳар як миллат рукни тавоно ва сарнавиштсоз гуфтаанд.
  Аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъйу талошҳои зиёде шудаву рушди он дар заминаҳои баланди миллӣ фароҳам омад. Чуноне, ки Пешвои миллат,  дар ду ҷилд китоби Забони миллат-Ҳастии миллатро дар сатҳи баланд ва таърихӣ будани миллати тоҷик фароҳам оварда ва чунин гуфтааст: «Барои ман забони  тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам». Муфассал ...
Хондан 935 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Итоги государственного визита Президента Республики Таджикистан Лидера нации Эмомали Рахмона в США

  Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон отбыл в город Нью-Йорк Соединенных Штатов Америки для участия в 78-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН и встречи глав государств “Центральная Азия-США”. В ходе двухдневного визита в США, Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон провел ряд двухсторонних и многосторонних встреч, а также выступил на саммитах и сессиях ООН. Президент Республики Таджикистан также выступил на общих дебатах 78-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН тема которой стало «Восстановление доверия и глобальной солидарности: ускорение действий по повестке дня на 2030 год и Цели Устойчивого Развития в направлении мира, процветания, прогресса и устойчивости». Президент Республики Таджикистан выступил с речью акцентируя на основные глобальные вызовы и угрозы таких как международный терроризм и экстремизм, обеспечение региональной безопасности, экологические вопросы, защита ледников а также создание «зелёной экономики» и.т.д. Муфассал ...
Хондан 301 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia