casino malaysia
casino malaysia
Ифротгароии динӣ – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

wrapper

 Гаравиши баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ на танҳо мушкилии ҷидии Тоҷикистон, балки зуҳуроти номатлубу нигаронкунандаи тамоми ҷаҳони муосир мебошад. Ифротгароии динӣ ё ба истилоҳ “экстремизми динӣ” яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шуда, таълимоти диниро сатҳӣ ва бо фаҳмиши рӯякӣ аз худ менамояд. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ кардан хоста, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил мегардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад.
 Ифротгароёни динӣ барои расидан ба мақсадҳои худ асосан ба ҷавонони фанатики дин, дорои саводи пасти динию дунявӣ ва зудбовару мушкилидор таваҷҷуҳ менамоянд. Тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ дода, нисбати дин, давлат ва шахсиятҳои бонуфуз ҳар хел овозаҳои беасосоро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муќаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.
Мушоҳидаҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротии динӣ шомил шудаанд, муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ мебошанд. Ба андешаи ман сабабҳои дар хориҷи кишвар, махсусан, Россия ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ гаравидан ва ифротӣ шудани баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ чунинанд:
  1. Дар ҳаёти иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дин нақши калон дорад, зеро аксарияти онҳо ба арзишҳои динӣ афзалият медиҳанд, дин ба сифати дастгирии маънавӣ ва танзими муҳити иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ баромад менамояд. Бо сабаби дар хориҷӣ кишвар рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти гуногун, беадолатиҳо ва нобаробариҳои зиёди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба дин бамаротиб меафзояд. Аз ин вазъият гурӯҳҳои ифротгаро ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯ моҳирона истифода мебаранд.
  2. Дар хориҷи кишвар баъзе аз руҳониёни ифротгарои динӣ нисбатан озодона фаъолият намуда, мақоми баланди иҷтимоиро соҳиб шудаанд ва ба рафтори иҷтимоии муҳоҷирони меҳнати таъсири назаррас расонида метавонанд. Онҳо ба Россия рафта, ҷонибдорони худро ҷамъ меоранд ва ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои динии ифротии худро паҳн менамоянд.
  3. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар масҷидҳои исломии Россия намоз мехонанд, ба ҷавонони мусулмони мазҳабҳои гуногуни исломӣ шинос шуда, ба рафтору амали онҳо пайравӣ менамоянд (масалан, гузоштани риши баланд) ва дигар анъанаҳои диниро ба ҳадди ифрот мерасонанд. Ба ақидаи коршиносон дар баъзе аз масҷидҳои исломии Россия мазҳабу равияҳои гуногуни дини ислом тарғиб карда мешаванд.
  4. Бештари муҳоҷирони меҳнатии хориҷии Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон аз муҳити тарбиявии оила, назорати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва волидайну хешовандони худ берун мондаанд.
Аксарияти кулли ифротгароёни динӣ саводи кофии динӣ надоранд, таҳсилоти дурустӣ динӣ ва исломӣ нагирифтаанд, ахбори динии онҳо баъзе маълумотҳои одитарини фиқҳӣ, таърихӣ ва ривоятиву қиссавӣ мебошад, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯйи динӣ дастрас намудаанд. Асоси динро ба таври соддалавҳона, зоҳирӣ ва яктарафа мефаҳманд, бе ҳеҷ гуна таҳлил ва андеша фатвоҳо ва суханони роҳбарони худро қабул ва пайравӣ мекунанд. Нисбат ба ҳокимияти сиёсии қонунӣ, қонунҳои амалкунанда, ҳувияти миллӣ ва фарҳангу тамаддуни форсию тоҷикӣ ҳисси нафат ва бадбинӣ доранд, нафарони муқобили худро танқид ва таҳқир менамоянд.
Фикр мекунам, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ифротгароии динӣ дар амал татбиқ намудани чунин тадбирҳо мусоидат менамоянд:
 баланд бардоштани сатҳи донишҳои динӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани аҳкоми аслии дини ислом;
 баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмӣ ва арзишҳои дунявии ҷавонон;
 дар ВАО, сомонаҳои интернетӣ, блогҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани маводи таълимию тарбиявӣ ва тарғиботу фаҳмондадиҳӣ;
 ба Россия ба сафари корӣ равон намудани мутахассисони соҳаи дин ва руҳониёни бонуфузи Тоҷикистон ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ;
 тақсими маводи тарғиботӣ ба ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ мераванд;
 ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани раванди таҳсили динии “ҳуҷрагӣ”-и наврасону ҷавонон ва ғайраҳо.
Ҳукумати Тоҷикистон хатарҳои ифротгароёни диниро дарк кардааст ва бо ин сабаб, ба муқобили онҳо муборизаи оштинопазирро пеш гирифтааст. Гурӯҳҳои ифротию террористӣ на танҳо ба ҳокимияти сиёсӣ, балки ба ҳар як қишри ҷомеа, ҳар як оила ва ҳар як шаҳрванд хатар дорад. Аз ин рӯ, муқовимат ва мубориза ба ифротгароии динӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва озодихоҳ мебошад.
 
Миров Ф.С. 
ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia