casino malaysia
casino malaysia
Забони модарӣ – зербинои ҳувияти миллӣ

wrapper

  Забон оинаи рӯзгори халқҳои гузаштаву ҳозира ба ҳисоб рафта, яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гаронбаҳои гузаштагон арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо якдигар гуфтугӯ карда, аз вазъи ҳамдигар огоҳ мешаванд. Ин аст, ки забонро барои равшантар зоҳир гардидани ҳар як миллат рукни тавоно ва сарнавиштсоз гуфтаанд.
  Аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъйу талошҳои зиёде шудаву рушди он дар заминаҳои баланди миллӣ фароҳам омад. Чуноне, ки Пешвои миллат,  дар ду ҷилд китоби Забони миллат-Ҳастии миллатро дар сатҳи баланд ва таърихӣ будани миллати тоҷик фароҳам оварда ва чунин гуфтааст: «Барои ман забони  тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам».
  Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузаша аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили ҳифзи он мебошад.
  Забони модарии мо забони ширину пурмӯҳтавои тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар таърихи миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати бонангу ор ва шарафманди халқи тоҷики мо фарҳанги камназиру бемисли худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Забони тоҷикӣ дар қатори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои остонии ориёист.
Олимону мутафаккирон ва донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод, яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
  Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, алалхусус ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта расидааст.
Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи “забони тоҷикӣ”-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи “тоҷикон”, давлатамонро бо номи “Тоҷикистон” ва забонамонро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанд ва ҳамчун халқият эътироф мекунанд.
  Забони адабии тоҷикии мо дар ибтидои асри ХХ дигаргуниҳои азимеро аз сар гузаронидааст ва ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ин давраи инкишоф барои забони адабӣ бо чунин тағйироти куллии худ ба забони адабии муосири тоҷикӣ наздикии бештар дорад.
Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ ба дигаргунию таҳаввулоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, дар марзҳои алоҳида густариш ёфтааст. Дар ин давра забони тоҷикӣ аз вартаи мураккабнависию сабки муншиёна раҳо гардид. Заминаи воқеӣ барои рушди бесобиқа дар роҳи соддабаёнию оммафаҳмӣ ва ба асолату покизагии давраи оғозини худ баргаштану аз имкониятҳои дохилии худ ба таври васеъ истифода бурдан ва ба забони тавонои ҷомеаи навин табдил ёфтан пайдо гардид. Ин дигаргунии куллӣ барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоие, ки давраи нави иқтисодию иҷтимоӣ ва тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеаи ба зиммаи забони модарии мо гузошта буд, шароити мусоид фароҳам овард.
Омӯзиши сайри таърихии ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки мо забонамонро дӯст дорем, барои ҳифзи он талош варзем ва ба хотири ғанӣ гардонидани ин забони ширину пурмӯҳтаво тамоми нерӯи зеҳнии кишварро сафарбар карда, рушди бемайлони онро таъмин намоем.
  Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ, муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.
  Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.
Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
  Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.
Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ин раванд, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Яъне раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст. Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Бинобар ин, саъйу талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Зеро тавре ки таъкид карда будам, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Ҳамин тариқ, забони адабии тоҷикии ибтидои асри ХХ таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронида, сифатан тағйир ёфта буд ва аз забони классикӣ акнун равшан фарқ мекард. Ин ҳама таҳаввулот барои татбиқи истилоҳоте, ки солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта ба вуҷуд оварда шудаанд, заминаи муҳимме гардид. Ин давраи инкишофи забони адабӣ бо чунин тағйироти куллии худ бо забони адабии муосир наздикии бештаре дорад. «Ин ҳалқаи пайвандкунандаи ду давраи асосии тараққиёти таърихии забони адабии тоҷик ва аввалин пояи нави такомулот ва инкишофи забони миллии адабӣ-забони ҳозираи адабии тоҷикӣ мебошад».
Тағйироти ҷиддии иҷтимоиву сиёсии ибтидои асри ХХ дар инкишофи босуръати забони тоҷикӣ ва раванди ташаккули сабку услубҳои он шароити мусоид ба вуҷуд овард.
Маҳз забони нобу шевои тоҷикӣ буд, ки бар замми таҳоҷумҳои фарҳангӣ ва фишорҳои аҷоиб тавонист асолати хешро ҳифз намуда, рукни устувори гӯёи миллати фарҳангсолори тоҷик бошад.
 
Иброимзода С.Н.  
лаборанти калони Шуъбаи масъалаҳои
фалсафии дини ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
  

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia