casino malaysia
casino malaysia
НБО-и Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон

wrapper

   Пешрафти давлат, рушди мунтазами иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамбастагии қавӣ дорад. Тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин сабаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ ба неруи барқ ва сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ таваҷҷуҳи фавқуллода зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
  Хушбахтона, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об буда, дар сурати истифодаи иқтидори пурраи неруи об ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем. Истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии имрӯзаи кишварамонро қонеъ мегардонад, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба муваффақиятҳои азим ноил гардидааст, неругоҳҳои барқи обии зиёди хурду бузург сохта ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, сохтмони бузургтарин иншооти аср – НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН босуръати баланд идома дорад ва дар ҳолати пурра ба кор даромадани ҳамаи чархаҳои он (17 млрд кВт-соат нерӯи барқ дар як сол)Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гашта, ба кишвари содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад.
Лоиҳаи НБО-и Роғун ҳарчанд аз даврони Шуравӣ таҳрезӣ гардида бошад ҳам, аммо сохтмони он бо сабабҳои гуногун ба таъхир меафтод. Пас аз Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар ин марҳила масъалаи аз ҳама муҳим ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва пешгирии азбайнравии давлату миллати тоҷик буд. Бо фарорасии Ваҳдати миллӣ ва бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон новобаста ба монеагузориҳои ҷиддии давлатҳои ҳамсоя НБО-и Роғун аз санҷишҳои созмонҳои байналмилалӣ гузашта, сохтмони он аз нав оғоз гардид. Имрӯз дар НБО-и Роғун тамоми корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ва босуръат идома дорад, дар сохтмони аср шаҳрвандони зиёди кишварамон (қариб 15 ҳазор корманд) ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд ва барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароит муҳаё шудаанд.
    Фикр мекунам, сохта ва ба истифода дода шудани НБО-и Роғун ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ барои Тоҷикистон чунин манфиатҳо дорад:
рушди босуботу устувори иқтисодиёти миллӣ;
амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва пешрафти саноати миллӣ;
афзоиши неруи содиротии кишвар;
афзудани буҷети кишвар;
коҳиш ёфтани таъсири хавфу хатарҳои буҳронҳои иқтисодӣ;
пойдор мондани қурби пули миллӣ;
боз ҳам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва афзудани ҳиссаи намояндагони синфи миёна;
таъмини гардидани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ;
беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагӣ ва таъмин гардидани зиндагии шоистаю сазоворӣ аҳолӣ;
устувор гардидани ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ;
баланд гардидани ҳисси ватандустӣ ва ҳуввияти миллии шаҳрвандон;
баланд гардидани нуфузу мартабаи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ ва ғайраҳо.
    Албатта, сохтмони чунин иншооти беназири аср, ки ҳатто давлати шуравӣ бо он ҳама қудрату бузургии худ ба анҷом расонида натавонист, кори саҳлу осон набуда, захираҳои бузурги молию молиявӣ, неру ва сармояи инсонӣ, сабру таҳаммул ва аз ҳама муҳимтар – ваҳдату оромии кишвар ва дастгирии васеи ҳамаи қишрҳои ҷомеаро талаб менамояд. Бунёди НБО-и Роғун орзуи деринтизори тоҷикистониён, нангу номус ва ифтихори миллӣ мебошад.
   Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди ватандӯст ва бо нангу номуси Тоҷикистон бо ҳар васила дар анҷом ёфтани ин сохтмони беназир, боҳашамат ва бузурги аср саҳмгузор бошад. Ояндаи дурахшони кишварамон, ҷойгоҳи сазовори ҷаҳонии Тоҷикистон ва зиндагии шоистаю сазовори мардуми шарифи мамлакатамон ба рушди соҳаи энергетика ва ба истифода дода шудани НБО-и Роғун вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, сохтмони НБО-и Роғунро яке аз самтҳои сиёсати муваффақу оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастоварди муҳими халқи тоҷик дар даврони Истиқлоли миллӣ номида метавонем.
 
Миров Ф.С. 
ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia