Фазилатҳои истиқлоли давлатӣ
- Сешанбе, Окт 10 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Истиқлоли давлатӣ соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва мустақилона ба роҳ мондани муносибату ҳамкориҳо дар муносибатҳои хориҷиро ифода менамояд. Дар натиҷаи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлат ба сифати субъекти муносибатҳои байналхалқӣ шинохта шуда, миллат соҳиби ҳуқуқи худмуайянкунӣ мегардад. Соҳибистиқлол будан дар муносибатҳои байналхалқӣ маънои эътироф гардидан аз ҷониби дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳуқуқ пайдо намудан дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва нақш гузоштан дар ҳалли масъалаҳои глобалиро дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ давлат дар арсаи байналмилалӣ мақсаду манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро ҳимоя ва татбиқ менамояд.
Ба андешаи мо Истиқлоли давлатӣ барои кишвар, миллат ва шаҳрвандонамон чунин шароиту имкониятҳоро фароҳам овард:
-озодии миллат барои мустақилона муайян намудан таърих ва тақдири худ;
-ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз мероси пурғановати фарҳангии халқи форсу тоҷик;
-ободу зебо гардонидани сарзамини кунунии Тоҷикистон тавассути корҳои ободкорона, сохтмони биноҳои боҳашамат, роҳҳою пулҳо ва иншоотҳои бузурги аср, сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва ғайраҳо;
-Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагию ҳамраъйии халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон;
-таъсисёбӣ ва неруманд гардидани Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат;
-фароҳам омадани шароити мусоид барои худмуайянкунии шахсӣ ва касбии шаҳрвандони Тоҷикистон;
-фароҳам омадани шароити мусоид барои ҷойивазкунии иҷтимоии шаҳрвандон, махсусан ҷавонони Тоҷикистон
-ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон;
-зиндагии шоён, сазовор, бехатар ва осудаи шаҳрвандони Тоҷикистон;
-фароҳам омадани шароити мусоид барои таҳсилот, фаъолияти ҷамъиятӣ, пешрафти касбӣ ва худмуайянкунии бонувони Тоҷикистон;
-пайдо шудани имкониятҳо барои сафарҳои корию меҳнатӣ, сайёҳӣ ва таълимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар давлатҳои хориҷӣ;
-боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ғайраҳо.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои замони муосир масъалаи устувор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамояд.
Махсусан, хатари гурӯҳҳои ифротгаро, ки барои барҳам задани субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллии кишварамон талош меварзанд, ботадриҷ меафзояд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шуда, бо ҳар восита ба зидди пешрафт, осудагӣ ва зиндагии шоёну ороми ҳаватанони худ мубориза мебаранд. Агар чунин нафарон бо ин ҳама талошҳо неруи хешро дар ободии кишварамон сарф мекарданд, дар пешрафти Ватан ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоштанд.
Истиқлоли давлатӣ арзиши олии иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, сарвати миллиест, ки ҳифзу пойдор мондани он аз ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ватандӯстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва кордонию соҳибкасб будани ҳар як ҳамдиёри мо вобастагӣ дорад. Ҳамбастагию ҳамдилӣ, муттаҳидию ҳамраъйии тоҷикистониён меҳвари истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд ва мувофиқи таъкиду ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад. Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи ҳамватанони азиз 32-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро муборакбод мегӯем ва орзумандем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамеша дар ҳамин хел фазои сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ зиндагонӣ намоянд!!!
Миров Ф.С.
ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ, факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ, факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Барфиев А.М.
муаллими калони кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
муаллими калони кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон