casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо аз Паём

wrapper

 
  Тавре маълум аст, 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
  Воқеан ҳам соли  2023 барои давлати мо соли бобарору пур аз дастовардҳои миллӣ  буд. Пешвои миллат дар паёмашон қайд намуданд, ки «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид». Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт Пешвои миллат дастур доданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву  фарҳангӣ таъсис дода шавад. Албатта, чунин иқдоми аз эҳтироми самимӣ доштан ба таъриху фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳад.
  Тавре ба мо маълум аст, Сарвари давлат ҳамеша дар баромадҳои  худ аз тағйирёбии иқлим ва хатару таҳдидҳои умумиинсонӣ ёдовар мегарданд. Чуноне дар Паём зикр гардид: «Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Дар робита ба ин, Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд».
  Дар воқеъ Сарвари давлат ҳамеша ба  масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда диққати ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Боиси ифтихори мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” эълон гардид. Инчунин дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
  Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон љиҳати дастгирї намудани соҳаи маориф ва илм таваљљуҳи зиёд дода мешавад. Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон низ ба ин масъала таваљљуҳ намуда, супориш доданд, ки  љиҳати идома додани ғамхории ҳукумат ба мардуми кишвар ва ҳавасманд гардонидани кормандони соҳаи маориф ва илм: аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.
  Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд».
Имсол, ки мо 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро љашн мегирем  аз љониби сарварри давлат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани  соли 2024 дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад. Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбирҳои саривақтӣ  барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муассири миллӣ мебошад. 
  Муҳимтарин роҳи ташаккули сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони муосир, ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун шарти баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Аз ин рў, дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва  ободии Ватани азизамон равона созем.
 
       
Қодирова Зулайхо -
ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia