casino malaysia
casino malaysia
Рушду инкишофи иқтисоди «сабз» - ояндаи Тоҷикистон (Андешаҳо пиромуни Паём)

wrapper

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ба рушду инкишофи иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст. Ба ин мақсад Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул шудааст. Самтҳои асосии  ин Стратегия иҷрои тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:
- истифодаи самараноки энергияи «сабз» ва таъмини сарфаҷӯии энергия;
- татбиқи иқтисоди «сабз» дар саноатикунонии мамлакат;
- ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи кишоварзӣ;
-  рушди нақлиёти «сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ;
-  амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;
- такмили низоми хоҷагидории манзилию коммуналӣ ва идоракунии партовҳо;
-  ҳифз ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва кам намудани газҳои гулхонаӣ (карбон);
-  иштироки ҷумҳурӣ дар бозорҳои ҷаҳонии сармоягузории «сабз»;
- такмили қонунгузорӣ ҷиҳати истифодаи васеи иқтисоди «сабз»;
- рушди сайёҳии экологӣ, тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ ва рушди шуғли «сабз».
Дар Паём чунин омадааст: «Бо амалисозии тадбирҳои гуфташуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад».
Албатта, гузариш ба иқтисоди сабз сармоягузории назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли энергияи сабз аз манбаъҳои барқароршаванда талаб мекунад. Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд изҳор медорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба пайомадҳои ҷаҳони муосир, хушксоливу гармшавии иқлим пешниҳоди хешро иброз намуданд, ки «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии ҷумҳуриро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд». Ба ин мақсад дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд.
Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити ҷаҳонии тағирёбии иқлим дар Дубай (1-2 декабри соли 2023) иштирок ва суханронӣ намуданд ва мо чанд  иқтибоси асосиро аз ин суханронӣ манзури шумо мегардонем:
«Дар Тоҷикистон ҳамасола бо обхезӣ, ярч, тарма ва дигар офатҳои табиии вобаста ба об мувоҷеҳ мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар барномаи миллии тағирёбии иқлим - Стратегияи мутобиқшавӣ барои давраи то соли 2030 -ро амалӣ менамояд».
«Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, ҷумҳурӣ аз рӯи ҳаҷми ками чунин партовҳо дар ҷои 130-ум қарор дорад, яъне ба шарофати миқдори ками ин партовҳо Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад».
«Тоҷикистон 98 дарсади нерӯи барқи худро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунад ва аз рӯи фоизи энергияи сабз аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад.Кишвари мо дастовардҳои худро дар ин самт идома дода, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳои сабзро дучанд зиёд карданист. энергетика дар оянда ҳамчун асоси асосии пешбурди «иқтисоди сабз».
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар соли 2023 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул гардида, Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст. Дар ин робита таваҷҷуҳ ба пиряхҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Пиряхҳо ҷамъшавии табиии яхҳо мебошанд, ки дар натиҷаи ҷамъшавӣ ва табдил ёфтани боришоти сахти атмосфера дар сайёра ба вуҷуд омадаанд. Дар ҳазорон пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз 400 километри мукааб оби хушсифат захира карда мешавад, ки ин назар ба ҷараёни миёнаи солонаи дарёҳои мамлакати мо 8 баробар зиёд аст.
Чунин захираҳои бузурги об аз гардиши табиии об дар табиат ҷудо набуда, баръакс бевосита дар он иштирок мекунанд. Нақши онҳо дар ташаккули ҷараёни дарёҳо ниҳоят калон аст. Онҳо сарчашма ва чашмаи ҳаёти аҳолӣ, ҳайвонот ва набототи минтақаи Осиёи Миёна мебошанд.
Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ғизо, танзимгари дарозмуддати ҷараёни дарёҳои Амударё ва Зарафшон буда, нақши онҳо дар ташаккули ҷараёни дарёҳои калон ҳар сол ба ҳисоби миёна 15-25 фоизро ташкил медиҳад. Пиряхҳо манбаи барқароршавандаи захираҳои об мебошанд ва дар рушду инкишофи иқтисоди «сабз» дар ҷумҳури нақши ҳалкунанда мебозанд.
Барои муайян кардани таъсири пиряхҳо ба таѓйирёбии иқлими сайёра, ба рушди инкишофи иқтисоди «сабз» дар минтақа, тарѓибу тавзеҳи бештари ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа  пешниҳод менамоем, ки дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо» гузаронида шавад.
Ҳамин тавр, Чумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ мақом ва манзалати худро дар байни 194 давлати узви СММ доро буда, бо пешниҳодҳои глобалии худ дар ин соҳа пешсафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ташаббусҳои ҷаҳонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим, рушду инкишофи иқтисоди «сабз» саривақтӣ ва муҳим мебошанд, зеро ба коҳишдиҳии пайомадҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд.
 
Саидумар Раҷабов,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia