casino malaysia
casino malaysia
Ҷанбаҳои синнусолӣ ва равонии гароиш ба экстремизм ва терроризм

wrapper

  Ҷанбаҳои синнусолӣ ва равонии гароиш ба экстремизм хеле муҳимманд. Тавре маълум аст, муддати хеле тулониест, ки масъала оид ба манбаи зулму ситам ва таҷовузкории инсон умуман мавриди баҳс қарор дорад. 
Баъзе аз мутафаккирон, монанди Томас Гоббс ақида доранд, ки инсонҳо табиатан бераҳм ва таҷовузгар ҳастанд. Дигарҳо, аз ҷумла Жан Жак Руссо, чунин ақидаро пайравӣ мекарданд, ки ҳама чиз тавассути фарҳанг ва тарбия ба даст меояд, табиатан мардум на хубанду на бад. 
  Маълумоте, ки илми муосир ба даст овардааст, имкон медиҳад бо боварӣ таъйид кунем, ки воқеият дар миёни ин ду қарор дорад. Таҷовузгарӣ, бидуни шак, аз маданият вобаста аст, ҳамчунин дорои унсури генетикӣ низ ҳаст, ки дар асоси мероспазирии фардӣ ба сатҳи таҷовузкории инсон таъсир мерасонад.
Ташаккули шахсияти ифротгаро ва ё террорист низ аз маданият вобаста  буда, решаҳои генетикӣ низ дорад, вале ин дар натиҷаи ҳамгироии хоси  се  нишондиҳандаи муҳими рушди шахсият ба амал меояд:
- муҳити иҷтимоию фарҳангӣ (демография, таҳсилот, дин, мансубияти миллӣ ва ғ.);
- механизмҳои даркнашавандаи рушди шахсият (психодинамикаи рафтор ва муносибот, ҳимояи равонӣ ва ғ.);
- ташаккули самтгирии террористӣ (ҳавасмадию арзишҳои даркшаванда ва ғ.).
Ба ин тартиб, заминаҳои иҷтимоию равонии ташаккули навъҳои экстремизму терроризмро дар шахсият шартан метавон ба се гуруҳ ҷудо кард:
- вижагиҳои иҷтимоию равонии макромуҳит;
- вижагиҳои инфиродиву шахсиятии инсон;
- тамоюли шахс ба фаъолиятҳои террористӣ ва ё экстремизм.
Бо вуҷуди ин, хеле душвор аст, ки сабаб ва ё ҳавасмандии куллиро муайян кард, ки тибқи он шахс арзишҳои маънавию ахлоқии ҷомеаро рад кунад ва барои расидан ба ҳадафҳояш роҳи террористию экстремизмро интихоб намояд.
Марҳилаҳои ташаккули  рафтори ифротгароёна ҳам гуногунанд. Дар зер бархе аз онҳоро меоварем:
  1. Марҳилаи аввал - сабабӣ, марҳилаи ташаккули муҳит. Рафтори харобиовар, зиддиҷамъиятӣ ва таҷовузгарона ҳамеша асоси иҷтимоӣ дорад ва маъмулан ҳисси худкамбиниро ба вуҷуд меоварад. Сабабҳои эҳсоси нокомии иҷтимоӣ метавонад инҳо бошанд:
  • иқтисодӣ (тақсимшавии шадиди ҷомеа ба бою камбағал);
  • идеологӣ (харобшавии идеяҳои ватандӯстӣ, коҳиши арзишҳои маънавӣ);
  • равонӣ (пурра воқеӣ насохтани хоҳишҳои худ, надоштани имкони расидан ба ҳадафҳои худ - масалан, таҳсилоти олӣ нагирифтан ва ғ.).
  1. Марҳилаи дуюм – ташкилӣ, узвияти расмӣ ва ғайрирасмӣ будан дар созмону ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пайдо мешавад. Ҳамаи ин имкони эҳтимолии ташаккули руҳияи ифротароӣ мебошад. Барои он ки ин зарфияти эҳтимолӣ ба воқеият табдил ёбад, ҷавонони дорои эҳсоси мушобеҳи маҳрумият муттаҳид мешаванд. Дар натиҷа гурўҳҳое, ки онҳоро идеяҳои умумӣ муттаҳид мекунанд, ба вуҷуд меоянд ва барои онҳо ташаккули образи “душман” сурат мегирад.
  2. Марҳилаи сеюм - рафторӣ, ки дар он иқдомоти мушаххас ва амалкардҳои дорои хосияти ифротгароёна зуҳур мекунанд.
Ин марҳилаҳоро метавон дар мисоли ҳар як шахсе, ки ба гурўҳҳои эктеремистӣ ё террористӣ пайвастааст (масалан, онҳое, ки ба Ироқ ва Сурия рафтаанд) ҷудо намуд: 1) сабаб – бепулӣ, бекорӣ ва ѓ.; 2) пайвастан ба узвияти ягон гурўҳи эктремистӣ, масалан, тавассути интернет; 3) иштирок ва ҳалок гаштан дар ҷангҳои Ироқ, Сурия ва ғ.
Таҳлили аломатҳои иҷтимоию демографии ифротгароҳо нишон медиҳад, ки дар фаъолиятҳои ифротгароёна ва ё террористӣ асосан мардҳо ширкат мекунанд. Ҳамчунин  ҳаракатҳои ғайрирасмии ифротгароёнаи ҷавонон вуҷуд доранд, ки саркардагон ё аъзояшон занҳо мебошанд.
Маъмулан дар фаъолиятҳои экстремистӣ шахсони аз нигоҳи ҷисмонӣ ва аз диди равонӣ солим (аз ҷумла онҳое, ки фаъолона ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд), вале дорои хусусиятҳои шахсиятию ахлоқӣ ва равонии хос мебошанд, ширкат мекунанд. Онҳо пеш аз ҳама ба мубориза бо идеология, дин ва “дигарандешон”-и номақбул такя доранд. Аксаран чунин мавқеъҳо дар пояи дараҷаи пасти фарҳангиву маърифатӣ ва огоҳии ҳуқуқии аъзои созмонҳо (гуруҳҳо)-и ғайрирасмии экстремистии ҷавонон, ҳамчунин набудани ҷиҳатгириҳои хоси ҳаётӣ (наврасону хонандагони “душвортарбия” ва ғ.) ба вуҷуд меоянд.
Дар айни ҳол, аъзои созмонҳо (гурўҳҳо)-и ғайрирасмии экстремистии ҷавонон ҳамчунин дар маҷмуъ метавонанд ҷавонони то 30-солаи таҳсилдида ва дорои маълумоти хуби улуми гуманитарӣ ва аз қонунҳо огоҳ бошанд. Онҳо танҳо бо пойбандии худ ба идеологияҳои нажодпарастию миллатгароӣ ва бераҳмӣ фарқ мекунанд.
Ҳангоми муайян кардани омилҳое, ки барои экстремизм мусоидат мекунанд, метавон шахсонеро муайян кард, ки нисбати чунин ҳаракатҳо ҳассос шудаанд. Ҳамчунин, ҷавононе, ки намояндаи категорияҳои иҷтимоии зерин ҳастанд, ба "минтақаи хатар"-ҳои ифротгароёна ворид мешаванд:
  • зодагони хонаводаҳои камбизоат ва аз нигоҳи иҷтимоӣ гумроҳи дорои мақоми пасти иҷтимоию иқтисодӣ, сатҳи нокофии фикрӣ ва моил ба инҳирофот (майзадагӣ, нашъамандӣ, хушунатҳои ҷисмонӣ ва ахлоқию маънавӣ);
  • «ҷавонони тиллоӣ», ки иштиёқ ба беҷазоӣ доранду ба худ ҳама чизу фароғати фавқулодаро иҷоза медиҳанд, узвият дар гуруҳҳои хурди фарҳангҳои экстремистиро ҳамчун шакли табиии вақтгузаронӣ меҳисобанд;
  • наврасон, ҷавононе, ки майл ба ҳаддиаксаргароӣ (максимализм), хушунат, бо қувваи ҷисмонӣ ҳал кардани мушкилоту баҳсҳо, инчунин шеваҳои вокуниши ташаккулнаёфта ва фаҳмишу худтанзимкунии норасо доранд;
  • ҳомилони хурдафарҳангҳои ҷавонон, аъзои иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ ва моил ба инҳирофоти хоси гуруҳҳои кӯчагӣ.
Дар ҳоли ҳозир аъзои созмонҳои экстремистии ғайрирасмии ҷавонон, асосан шахсони то 30-сола мебошанд, мутаассифона ноболиғони аз 14 то 18-сола низ ҳастанд.  Эҳтимолан сатҳи баланди ҷинояткории ифротгароёнаи наврасон мустақиман  ба синну соли аз 14 то 18-сола алоқаманд аст, зеро ин гурўҳ барои “ҷазб”-и идеяҳои радикаливу миллатгароёна, миллатбадбиниву ифротгароёна муносиб мебошанд, бинобар ин, дар ин синну сол  омода кардани шахсон барои анҷом додани амалҳои ифротӣ осонтарин роҳ аст.
Аз нигоҳи равонӣ ба синни наврасӣ ва ҷавонӣ рушди худшиносӣ, эҳсоси муштоқонаи адолат, ҷустуҷӯйи маъно ва арзиши зиндагӣ хос аст. Дар сурати холигии идеологӣ таваҷҷуҳи наврасон ва навҷавононро идеяҳое ба худ мекашанд, ки онҳо бо “қолабҳо”-и идеологии ҷолиб зиннат дода шуда, ба таври худ аз идеяи адолат баҳрагирӣ мекунанд ва дар онҳо мақсадҳои тайёр, ки бе тафаккур қабул мешаванд, пешниҳод мегарданд.
Хусусияти дигари синнусолии наврасон аз он иборат аст, ки онҳо нигарони пайдо кардани гурўҳи худ тавассути ҷустуҷӯйи  ҳувияти худ ҳастанд, ки бар асоси муқобилгузории содалавҳонаи “мо”-“онҳо” шакл мегирад. Ҳамзамон хоҳиши мисли “ҳама набудан” дар чунин ашхос қавӣ мешавад. Аз ҳамин ҷо талоши пайвастан ба ин гуна “мо”-е, ки  аз “ҳама” фарқ мекунад, пайдо мешавад.  Ин канорагирӣ ё маргиналӣ буданро ба бор меоварад, яъне берун рафтан аз чаҳорчӯбаи меъёру қоидаҳои умумиқабулшуда,  мухолиф гузоштани худ ба чизи номушаххас. Ин ҳама дар маҷмуъ барои пайвастан ба ҳаракатҳои ифротгаро мусоидат мекунад.
Касоне, ки ба ин гуна ҷомеаҳо пайвастаанд, неофит (аз юнонӣ “тоза киштшуда” – пайрави нави дин, таълимот)  номида шуда, онҳо эҳсоси ҷой пайдо кардан дар муҳити навро доранд. Бинобар ин онҳо ҷонибдори бисёр қавии арзишҳо, меъёрҳои рафтор ва стандарту шаклҳои муносибати ба таври ғайриинтиқодӣ пазируфташудаи ин доираҳо  мегарданд.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ бештари ҷавонон дар синни аз 14 то 22-солагӣ, вақте ки рафтори онҳо гирифтори ҳеч як омили иҷтимоиву иқтисодӣ (оила, арзишҳои моддӣ, ҷойи кори ояндадор ва ғ.) нест, дар мавқеи интихоби озод ва хоҳиши таваккал, яъне риск кардан қарор мегиранд. Ин ҷавонон мактаб, оиларо тарк мекунанд ва ба шаҳрҳо ва минтақаҳои дигар мераванд, комилан озод худро эҳсос мекунанд ва ё аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир мешаванд.  Дар натиҷа пешорӯйи ин ҷавонон имконоти нав  қарор мегиранд, ки иштирокчии фаъоли ҳаводиси иҷтимоӣ шаванд ва саҳми худро гузоранд. Ҳангоми ин гуна омодагӣ, онҳо аз сабаби вазъи ноҷӯри молиявӣ ба иқдомоте, ки аз тарафи касе маблағгузорӣ мешаванд, ҳамчун ба як манбаи иловагии даромад менигаранд.

Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia