casino malaysia
casino malaysia
Масъалаҳои иҷтимоӣ дар паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

   Азбаски масъалаи иҷтимоӣ ба ҳаёти ҳар як фард ва дар маҷмӯ ба тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ дахл дорад ва асоси рушди иқтисодиро ташкил медиҳад дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар диққати махсус дода мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки асоси пешравии ҷомеаро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, саноатикунонии босуръати кишвар таъмин менамояд, тайёр намудани мутахассисони баландихтиссос мебошад, ки дар он нақши муассисаҳои таҳсилоти касбӣ муҳим маҳсуб меёбад. Бинобар ин, дар паём ва баромадҳои худ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи мубрам ҳамавақт таваҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, чунки бе ҳалли самараноки масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан, тайёр намудани кадрҳои соҳавӣ, ки тавонанд дар самтҳои гуногуни ҳаёти истеҳсолии кишвар фаъолият намоянд ва саҳми худро барои пешрафти устувори ҷомеа гузоранд хеле муҳим мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъалаи меҳварӣ аз рӯзи фаъолияти нахустини худ аҳаммияти махсус медиҳад, ки он бори дигар дар паём таъкид карда шуд. Маълум аст, ки афзоиши аҳоли аз ҳисоби тавлид зиёд шуда, барои бо таҳсил фаро гирифтани хонандагон муассисаҳои нави таълимӣ лозим аст. Читавре ки дар паём омадааст соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро фаро гирифта бошад, пас соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Вобаста ба ин, дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Гарчанде ки дар ин соҳа корҳои зиёде шуда бошад ҳам, лекин ҳануз 73 ҳазор хонанда ҷойи нишаст надорад, оварда шудааст дар паём.  
  Ҳукумати Тоҷикистон новобаста за мушкилиҳое, ки дар натиҷаи касалии сирояткунандаи Ковид-19 ва вазъияти ногувори иқтисодии ҷаҳон ба амал омаданд, ҳар сол маблағгузори аз буҷети давлат меафзояд. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ,  ҷумҳурӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории он ба соҳаи ниҳодӣ маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд буда дар байни 183 давлат соҳиби ҷойи 21-ӯм гаштааст.
Нишондиҳандаҳои дар паём зикр шуда, нисбати ниҳоди маорифи мамлакат аз он шаҳодат медиҳанд, ки ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон нисбати ин ниҳод хеле босамар буда, мақсади асоси ба баланд бардоштани сифати таҳсилоти муассисаҳо касбӣ равона карда шудааст, ки он талабот замони муосир мебошад. Дар ин ҷанба дар паём масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ зикр шудааст, ки дар шароит саноатикунонии босуръат кишвар хеле муҳим маҳсуб меёбад.   
Читавре ки аз паёми Президенти кишвар бармеояд, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати тахассусии ҷавонон, бунёди ҷойҳои нави кори, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст. Бояд зикр кард, ки низоми маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ омили асосии пешравии ҷанбаҳои ҳаётан муҳими ҷамъият буда, бе дастгирии самараноки давлат ба муваффақият ноил шуда наметавонад. Аз тарафи дигар, ҳар як омӯзгор, ки дар системаи маориф ба таълиму тадрис машғул аст, онҳоро водор мекунад, ки  мутахассисони касбиеро тайёр намояд, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад. Аз ин ҷониб дар паём ба ниҳоди маориф ҳамчун масъалаи  ҳаётан муҳим натанҳо барои фардҳои алоҳида, балки барои тамоми ҷомеа зарур дар шароити муосир аҳаммияти махсус дода шудааст. Илова ба ин, масъалаи бо шуғли муносиб таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин  Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар давраи соли 2022 беш аз 900 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дод, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намуд. Дар паёми соли 2023 омадааст, ки аҳолии қобили меҳнат дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд шудааст ва вобаста ба ин ҳукумати  кишвар вазифа гузоштааст, ки дар соҳаҳои иқтисодӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад ва ин раванд имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ торафт кам мешавад.    
Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, дар муқоиса бо соли 2018 дар соли 2022,  62 фоиз зиёд гардид. Дар соли 2023 бошад, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Чунин чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ натанҳо боиси самаранок истифода бурдани  қувваи корӣ мегардад, балки барои рушди нерӯи инсони имконият медиҳад.
Илова ба ин, читавре ки дар паём омадааст, Давлат ва Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Соҳаи тандурусти низ яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, нишондиҳандаи асосии саломатии аҳолӣ ва қобилияти кории онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахси нишон медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Маълум аст, ки соҳаи илм воситаи асосии пешравии истеҳсолот буда, рушди соҳаи саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба он алоқаи бевосита дорад ва дар паём ин масъала ба таври муфасал баррасӣ шудааст. Бинобар ин ҳавасмандкуни дар ин соҳа мавқеи хоса дорад ва омили асосии рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Умуман паёми соли ҷори тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии қишрҳои аҳолиро дарбар гирифта, барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи босамар мегузорад.
 
Қаҳҳоров Ғ.Ғ.  
Доктори илмҳои фалсафа,Сарходими
 илмии шуъбаи сотсиологияи Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
 номи А.Баҳовиддинови АМИТ                                                 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia