casino malaysia
casino malaysia
Паём – роҳнамои рушди кишвар

wrapper

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бо пешниҳоди фикру андешаҳои тозатарин дар таҳкими низоми давлатдории миллӣ моҳияти бузургро молик аст.
Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши хеш вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба ва тахассусӣ қарор дода, пешравиҳои соҳаҳои мухталифро таъкид доштанд ва аз ҳама муҳим дурнамои ҳар як соҳаро мушаххас баён намуданд. Аз ин лиҳоз Паёми имсола як навъ муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар оѓози Паём, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонро таҳлил намуда, онро мураккаб арзёбӣ карданд ва фармуданд, ки ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб садсоли охири худ қарор дорад.
Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сиёсатӣ, инчунин, паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳлили вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонро бесабаб дар оѓози паёми худ изҳор надоштанд, чунки Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳамаи ин бӯҳронҳо, таззодҳо, таҳримот ва маҳдудиятҳои сиёсӣ дур буда наметавонад. Яъне канда шудани занҷирҳои мавҷуди таъминоти молу маҳсулот, коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот, баландшавии нархҳо, бахусус нархи маводи ѓизоӣ ва сӯзишворӣ ба кишвари мо низ таъсирии манфии хешро мегузорад.
Аммо, дар натиҷаи самаранок татбиқ намудани ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зидди бӯҳронӣ, сарфи назар аз таҳаввулоти иқтисоди ҷаҳону таъсири манфии омилҳои беруна, дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дар Паём ҳамчунин изҳор шуд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақат ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.
Аз тарафи Пешвои миллат ироъа ёфтани ин факту рақамҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз давлати мо дар доираи манфиатҳои миллии кишвар худ мустақилона татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди хешро татбиқ менамояд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум яке аз вазифаҳои муҳими он мебошад.
Ба хотири татбиқи дурнамо ва стратегияҳои рушди соҳаҳо, Ҳукумати ҷумҳурӣ системаи муайяни имтиёзҳои иқтисодиро ба истеҳсолотчиён пешниҳод намуд, ки онҳо тавассути андозҳои гумрукӣ ва андозҳои изофавии молҳо дода мешаванд. Аз тарафи дигар масъалаи баланд бардоштани низоми бонкӣ, нигаҳдории устувории қурби пули миллӣ, дар сатҳи пешбинӣ гардида нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва таъмини талаботи иқтисодиёт ба маблағузорӣ ва хусусан қарздиҳӣ, бешубҳа суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намуда, ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонанд. Омилҳои иқтисодии зикршуда ҳамчунин ба татбиқи ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар – саноатисозии босуръат заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва пешниҳоди як силсила имтиёзҳои гумрукиву андозбандӣ идомаи чорабиниҳои Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин бахшҳои саноат, коммуникатсия ва бозсозиву таҷдиди роҳҳои мошингард, истифодаи самараноки замин, обёрии заминҳои бекорхобида, масъалаҳои саноати дорусозӣ ва рушди туризм низ баррасӣ гардиданд.
Дар Паёми солонаи Пешвои миллат иброз гардида аст, ки бо мақсади расидан ба истиқлотияти энергетикӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ дар мамлакат татбиқи боз 2- лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳамзамон дар Паём масъалаи «ҷиҳати таблиѓу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатӣ, ки истеҳсолаш бо истифода аз «энергияи сабз» сурат мегирад, зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонида шудаи байналмилалӣ чораҷӯи намояд».
Ин иқдом ба кишвари мо, ки барои истифодаи нерӯи офтоб имкониятҳои бузург дорад, зарур аст. Энергияи офтоб бошад ба истеҳсоли нерӯи барқ, истифодаҳои системаи гармидиҳии об, пухтани таом ва дар оянда барои истифодаи мошинҳо бо энергияи офтоб коркард мегардад.
Зимнан масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъкид намуда, ташаббуси навбатии Президенти кишвар дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро иқдоми сатҳи глобалӣ медонем, ки боиси ифтихори мардуми кишварамон мебошад.
Ҳамин тариқ, дар Паёми имсола Роҳбари Давлат ба масоили рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ахлоқиву хештаншиносии насли ҷавон, омодасозии кадрҳои ҷавони сатҳи байналхалқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пешниҳоди занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъкид шуданд, ки ҳамаи онҳо бешубҳа ба рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон мусоидат менамоянд.  

Мирзошоҳрух Асрорӣ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia