casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Идеология барои амният ва пешрафти ҷомеа зарур аст

  Идеологияи ҷамъиятӣ ва психологияи ҷамъиятӣ дараҷаҳои шуури ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд. Идеологияи ҷамъиятӣ як навъи маърифат ва баҳодиҳӣ ба воқеият дар шакли муназзаму назариявӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Таҳти мафҳуми «идеология» одатан маҷмуи ормонҳо, арзишҳо, идеяву ақидаҳоро мефаҳманд, ки мавқеи иҷтимоии гурӯҳи калони иҷтимоӣ (табақа, қишр, синф), инчунин кулли ҷомеаро ифода мекунад ва ба ҳифзи манфиатҳои ин гурӯҳҳо, ба асоснок кардану ҷонибдорӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбии онҳо нигаронида шудааст. «Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, манфиат пайдо мешавад»[1]. Дарвоқеъ ин аксиомаи ҳаёт аст.
Идеология ҳамчун маҷмуи ормонҳо, арзишҳо ва идеяҳо аҳамияти хосса касб намуда, манфиати кулли ҷомеаро ифода менамояд ва аз ин рӯ, он аз номи ҷомеа ва тавассути ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ паҳн карда мешавад. Идеология, чун қоида, аз ҷониби ашхоси сатҳи баланди касбиятдошта, одамони аз лиҳози амаливу назариявӣ омодашуда офарида мешавад. Идеологияи таҳияшуда ва дар ҷомеа густаришёфта рисолати амалӣ дорад. Он гурӯҳҳои одамонеро муттаҳид мегардонад, ки мақсаду муҳтавои асосии идеологияи мазкурро ҷонибдорӣ мекунанд; идеология ба самту хусусияти кирдору рафтор ва амалҳои мушаххаси одамон таъсир расонида метавонад. Муфассал ...
Хондан 294 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Паём. Тарбияи ватандўстӣ муҳим аст

  «Мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромўш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
   Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23 декабри соли 2022)» баъд аз баёни пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда зарур мебошанд ва танҳо ҳамин роҳ моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонанд. Маҳз эҳсоси ватандўстӣ ҳар як шаҳрванди боору номусро барои кору фаъолияти пурсамар ҷиҳати рушду ободии Ватан ҳидоят мекунад. Пешвои миллат афзуданд, ки «ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем». Муфассал ...
Хондан 331 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҷашни Сада ва арҷгузорӣ ба он

  Ҷашни Сада – яке аз ҷашнҳои қадими ориёитаборон ва мардуми тоҷикзабон буда,  дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30-31 январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд. Истилоҳи  «Сада» дар забон бо мафҳумҳои гуногун тавсиф шудааст. Масалан, дар забони авастоӣ Сада маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доштааст. Дар забонҳои ориёии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Дар паҳлавӣ бошад, ба як шакле аз ин шаклҳо - сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата  буда, дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Умуман, Сада ва ҷашнгирии ҷашни Садаро донишмандон ва мутахассисон бо ақидаҳои гуногун ифода кардаанд, вале ҳамаи назарияҳои онҳо бо якдигар робита дошта, дар умум як чизро ифода мекунанд. Муфассал ...
Хондан 317 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Сада – фуруғи меҳр

 Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну Ҷам ёдгор аст.
 
Ҷашни Сада дар баробари Наврўз, Меҳргон, Тиргон яке аз ҷашнҳои фархундаи аҷдодии мо Тоҷикон мебошад, ки сарчашма дар фалсафаю ҷаҳонбинии ақвоми эронинажоди ориёитабор дорад. Бояд қайд намуд, ки пайдоиши ин ҷашнҳои муқаддас ба умқи асрҳо дорад ва муқаддамтар аз зуҳури дини зардуштӣ ва пайдоиши Авасто аст. Сада 10-и баҳманмоҳ мутобиқ ба 31-уми январ рўзи болиғшавии Хуршед ба ҳисоб меояд, агар дар шаби Ялдо – Ҳурмузрўзи даймоҳ, рўзи таваллуди Хуршед, билоди Хуршед бошад, рўзи 10-уми обонрўзи Баҳманмоҳ чиҳил рўзагии Хуршед ҳисоб мешавад ва то Наврўз панҷоҳ рўзи дигар боқӣ мемонад. Дар мавриди пайдоиши ҷашни Сада боз ҳамчун Наврўзу Тиргон ва Меҳргон, Абурайҳони Берунӣ дар асараш Осорулбоқия, Фирдавсӣ дар Шоҳнома пайдоиши ин ҷашнро ба подшоҳи дуюми Пешдодӣ Ҳушанг рабт додаанд, ки ба мор санг андохтани Ҳушанг боиси пайдоиши оташ – озар аст, ки онро зуҳури рамзи озари самоӣ ва фарри Аҳуроӣ дар замин шумориданд ва ба он арҷ гузоштанду муқаддас шумориданд. Морро рамзи неруҳои аҳриманӣ донистанду оташро рамзи зуҳури нуру рушноӣ ва раҳои бо амри аҳуро гуфтанд. Муфассал ...
Хондан 280 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia