casino malaysia
casino malaysia
Ҷашни Сада ва арҷгузорӣ ба он

wrapper

  Ҷашни Сада – яке аз ҷашнҳои қадими ориёитаборон ва мардуми тоҷикзабон буда,  дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30-31 январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд. Истилоҳи  «Сада» дар забон бо мафҳумҳои гуногун тавсиф шудааст. Масалан, дар забони авастоӣ Сада маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доштааст. Дар забонҳои ориёии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Дар паҳлавӣ бошад, ба як шакле аз ин шаклҳо - сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата  буда, дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Умуман, Сада ва ҷашнгирии ҷашни Садаро донишмандон ва мутахассисон бо ақидаҳои гуногун ифода кардаанд, вале ҳамаи назарияҳои онҳо бо якдигар робита дошта, дар умум як чизро ифода мекунанд.
  Сада ин қадимтарин ҷашн буда, пайдоиши онро ба замони шоҳ Ҳушанг мансуб медонанд. Бо пайдо шудани оташ, ҷашнеро бо номи Сада номгузорӣ карда, бо урфу одатҳои хос дар он айём таҷлил карда мешуд. Бо пайдоиши оташ ва муқаддас гардидани он, дар байни мардуми пешин ин ҷашн як мақоми махсусеро пайдо карда буд. Тули солҳо ин ҷашн бо урфу одатҳои хосса на танҳо дар байни мардум, балки аз ҷониби шоҳон низ бо як меҳру самимият таҷлил мегардид.
Бо гузашти солҳо ин ҷашн мақоми худро гум кард ва қариб ки дигар касе мисли пеш ин ҷашнро пешвоз намегирифт. Аммо баъд аз истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои хусусияти қадима дошта, аз сари нав эҳё карда шуд. Барои чунин ҷашнҳои қадима, махсусан Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада рӯзҳои махсус муаяйн шуда, бо анъанаҳои хос ҷашнгирии онҳо дар байни мардум эҳё шуд. Ҷашни Сада, ки ба 30-31 январ рост меояд, дар байни мардуми тоҷик ба таври хос таҷлил мешавад. Ҷашни Садаро пирузии гармӣ ба сардӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ин айём сардии вазнин паси сар шуда, рӯзҳои гарм шуруъ мешавад. Торикї ба рӯшноӣ мубаддал мегардад. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти  Хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадоме ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Ҷашни Садаро дар байни мардуми тоҷик гарчанде мисли пешин бо ҳама урфу одату анъанаҳо ҷашн нагиранд ҳам вале бо  баъзе аз анъанаҳою усулҳои қадимиаш, он дар як қатор шаҳру деҳот ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил ҷашни Сада одатан чунин аст:
Дар 30-31 январ бо афрўхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад.  Ин  ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпо намудани як оташе бузург баргузор мешавад. Дар ин ҷашн гулдухтарон либосҳои миллӣ ба бар карда, занон хӯрокҳои болаззат мепазанд ва ҷавонписарон бошанд, бо паридан аз болои оташ қувваозмӯи мекунанд. Ин ҷашнро оғози киштукор низ меноманд, деҳқонон бошанд, аз оғози ин ҷашн шод шуда, маҳсулотҳои зироатии худ, яъне тухмиҳоро мехаранду мефурӯшанд. Ҷашни Сада муждаест аз омад-омади ҷашни Наврӯз, зеро  аз оғози ҷашни Сада то ҷашни Наврӯз 50 шаб асту 50 рўз, яъне сад рӯз аст. Аз ҷониби дигар, ҷашни Сада ин ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.
Хулоса, Сада ин пирӯзии некї ба бадӣ, гармӣ ба сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, шодӣ ба ғам, бурдборӣ ба нокомӣ  мебошад. Мо насли ҷавонро зарур меояд, ки ин ҷашнҳои қадимаро хубтару беҳтар дарк намуда, барои устувор намудани онҳо талош варзем. Аз ҳама неъматҳои Истиқлолият баҳра бурда, насли наврасро дар руҳияи арҷгузорӣ ба гузаштаи халқу миллат ва ҷашнҳои суннатиамон шавқманд созем.
 
Рӯйхати адабиёт
  1. Эмомалӣ Раҳмонов. «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ». Душанбе, 2006. - С.263.
  2. Раҳимов Д. Сада ҷашни азёдрафтаи эрониён // Чинори пургул. – Душанбе, 2008.
  3. Ҳазратқулов М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол. –Душанбе : Эр-граф, 2012.
  4. Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. – Душанбе: Ирфон, 1986.
 
 
Раҷабгули Рамазон - магистранти курси якуми
тахассуси
ҳуқуқшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia