Сада – фуруғи меҳр
- Чоршанбе, Фев 01 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну Ҷам ёдгор аст.
Ҷашни Сада дар баробари Наврўз, Меҳргон, Тиргон яке аз ҷашнҳои фархундаи аҷдодии мо Тоҷикон мебошад, ки сарчашма дар фалсафаю ҷаҳонбинии ақвоми эронинажоди ориёитабор дорад. Бояд қайд намуд, ки пайдоиши ин ҷашнҳои муқаддас ба умқи асрҳо дорад ва муқаддамтар аз зуҳури дини зардуштӣ ва пайдоиши Авасто аст. Сада 10-и баҳманмоҳ мутобиқ ба 31-уми январ рўзи болиғшавии Хуршед ба ҳисоб меояд, агар дар шаби Ялдо – Ҳурмузрўзи даймоҳ, рўзи таваллуди Хуршед, билоди Хуршед бошад, рўзи 10-уми обонрўзи Баҳманмоҳ чиҳил рўзагии Хуршед ҳисоб мешавад ва то Наврўз панҷоҳ рўзи дигар боқӣ мемонад. Дар мавриди пайдоиши ҷашни Сада боз ҳамчун Наврўзу Тиргон ва Меҳргон, Абурайҳони Берунӣ дар асараш Осорулбоқия, Фирдавсӣ дар Шоҳнома пайдоиши ин ҷашнро ба подшоҳи дуюми Пешдодӣ Ҳушанг рабт додаанд, ки ба мор санг андохтани Ҳушанг боиси пайдоиши оташ – озар аст, ки онро зуҳури рамзи озари самоӣ ва фарри Аҳуроӣ дар замин шумориданд ва ба он арҷ гузоштанду муқаддас шумориданд. Морро рамзи неруҳои аҳриманӣ донистанду оташро рамзи зуҳури нуру рушноӣ ва раҳои бо амри аҳуро гуфтанд.
Зи Ҳушанг монд ин ҷашн ёдгор,
Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
Гардезӣ дар асараш Зайн-ул-ахбор пайдоиши ин ҷашнро бо ба шумораи сад расидани фарзандони Одам иртибот медиҳад,Берунӣ низ ин нуктаро дар Осор-ул-боқия овардааст. Тибқи ахбори Авасто ва осори бостонии ақвоми Эронинажод пайдоиши вожаи Сада аз “Санта ё Спента – муқаддас” гирифта шудааст, ки ин нуктаро ағлаби муҳаққиқон чун Глоба Павел, Меҳрдод Баҳор тарафдорӣ мекунанд дар ин росто маҳфуми санта боз маъонии тулуъ, эҳё ва пайдоишро низ ифода мекунад. Дар Авасто ин вожаро зиёд вохурдан мумкин аст, масалан Спента армаизӣ – моҳи охирини солшумории тақвими хуршедии ориёӣ ва фариштаи пуштибони додварон ростону росткорон ва накукорону атфолу занон аст. Ё Мантра Спента – рўзи 29 тақвими хуршедии ориёӣ аст, ки маънои суханони қудсӣ ва каломи самоиро дорад ва рафтори нек, гуфтори нек, пиндори некро дар худ таҷассум мекунад. Инчунин ин вожаро имрўз низ дар номҳои бисёре аз шаҳрои Аврупоиву Амрикои Лотинӣ вохурдан мумкин аст, ки ҳамин маъниро ифода мекунанд: масалан, Санта Клаус, Санта Марино, Санта Карло, Сант-Диеого ва Санкт-Петербург ва ғайра. Оиди ҷанбаҳои устуравию ривоятӣ ва фарҳангию адабии Сада устурашиносону фарҳангшиносон таҳқиқотҳо анҷом дода тақрибан ҳама паҳлуҳои онро нишон додаанд, вале ҷанбаи фалсафию нуҷумӣ ва табиии он начандон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, биноан ҳамин нуқтаро инҷо мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Қайд кардан месазад, ки ҳамаи ҷашнҳои ориёӣ қабл аз ҳама ҷиҳати нуҷумӣ ва фалсафӣ доранд, ки реша дар ҷаҳонбинии касмологии онҳо дорад. Тибқи касмологияи ориёӣ ки ҷаҳон аз чаҳор унсури нахустмабдаъ – об, оташ, бод, хок таркиб ёфтааст, намунаи ашёвии олами самоӣ ё олами фард мебошад ва ин чор унсур муқаддасанду беэътиноӣ нисбаташон гуноҳ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, онҳо ин арконро муқаддасу гиромӣ медоштанд ва арҷ мегузоштанду беэҳтромиро раво намедоштанд. Бояд гуфт, ки пайдоиши ҳамаи ҷашнҳои ориёӣ, бешубҳа, ҷанбаи табиӣ-илмӣ ва нуҷумӣ-фалсафӣ доранд, ки вобаста ба гардиши кураи Замин дар атрофи Хуршед мебошад ва ин, дар навбати худ, боиси пайдоишу тағйирёбии фаслҳои сол, шабу рўз ва мизоҷи онҳо мегардад. Моҳияти илмию фалсафӣ ва табиӣ-нуҷумии масъала инҷост ки ҳамаи ин тағйирот дар кураи Замин вобастаанд ба чаҳор аркони муқаддас, хосияти табиива мизоҷи онҳо ки дар фосилаи муайяни замони тағйиротҳои муайяни сифатиро ба вуҷуд меоранд. Масалан фасли тобистон ки ба аркони оташ марбут мегардад, сифатҳои ин унсур гармӣ ва хушкиро дар худ дорад, фасли дай (зимистон) марбут ба об буда сардию тариро таҷассум мекунад, фасли баҳор бошад ба аркони ҳаво - гармию тарӣ ва тирамоҳ ба аркони замин ва сифоти сардию хушкӣ робита дорад. Робитаи фаслҳои сол ва тағйирёбии онҳоро дар робита ба аносири муқаддас ки боиси тағйиротҳои миқдорию сифатӣ дар олами ашё мегардад, нишон медиҳад. Тағйироти миқдорию сифатии ин аносир дар фазо ва вақт ба вуҷуд меоянд. Нуқтаи ибтидоии ҳаракати ин унсурҳо дар фазо ва вақт, аз руйи фалсафаи космогонии ориёиҳо, аз рўзи Наврўз ё худ эътидоли баҳорӣ дар мувозинат қарор дошта, дар тули 365 рўзу боз 4/1 ҳиссаи шабонарўз аз нав ба мавқеи ибтидоии худ бар мегарданд ва зимни ҳаракати худ дар фазо ва вақт ба нуқтаи қиём ё инқилобҳои тобистонию зимистонӣ 21 июн ва 21 декабр ва эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ - 21 март ва 21 сентябр расида тағйироти зикршударо ба вуҷуд меоранд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҷашни Сада, Наврўз, Меҳргон ва Тиргон ба ҳеҷ дину оин ва равияву мазҳабе иртибот надоранд, зеро пайдоиши онҳо қабл аз зуҳури кулли адён аст. Оташи Сада рамзе аз фуруғи озари самоӣ дар олами ашёвист.
Холов Ш.А.
номазди илмҳои фалсафа, мудири
шуъбаи масълаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
номазди илмҳои фалсафа, мудири
шуъбаи масълаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции