casino malaysia
casino malaysia
Сада – ҷашни пирӯзии рӯшноӣ

wrapper

  Тоҷикон ҳамчун миллати бостонию тамаддунофар дар шоҳроҳи ҳаёти фарҳангии башарият яке аз парчамбардорон буда, тавонистаанд, ки ҳанӯз дар бомдоди таърихи мавҷудият беназиртарин ва муҳташамтарин падидаҳои маънавиеро эъҷод намуда, таҷлил ва гиромидошти онро роиҷ намоянд.
  Яке аз чуни падидаҳои беназири бостони ин Иди Сада мебошад, ки дар заминаи маъхазҳои илмӣ-бостонӣ таърихи ин ҷашнро метавон то 5 ҳазор сол рақам зад. Дар таърих аввалин бор таҷлил гардидани он ба подшоҳ Ҳушанг рабт дода мешавад. Аз маъхазҳо бармеояд, ки ин ҷашн дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, дар замони давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шаҳомоти беназир таҷлил карда мешудааст.
 Умуман метавон қайд намуд, ки Иди Сада ҳанӯз аз даврони қадим дар рӯзгори ориётаборон роиҷ гардида, ҳамчун ҷашни кашф гардидани оташ аз ҷониби инсон, таҷлили чиллаи Хуршед (яъне Офтоб), анҷоми мавсими дай – раванди шиддати сармо ва рӯзафзунии гармии Хуршед ва муждарасони аз Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Иди Сада пас аз 40 шабонарӯз гузаштан аз Шаби Ялдо - дарозтарин шаби аввали зимистон зимистон фаро мерасад. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.
  Дар ин аём Иди Сада рӯзи 10-уми баҳманмоҳ, 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз бо шаҳомоти хоса ва сатҳи густурда таҷлил мегардид. Дар ин ҷашн бо манзури бузургдошти худои гармию фурӯғи миноӣ Меҳр ё ба истилоҳ Митра гулханҳои бузург афрӯхта шуда, базму тараби хоса барпо карда мешуд. Умуман, метавон гуфт, ки Иди Сада моҳиятан бозтоби таҷлили пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ буда, пайғом аз қудрат ёфтани гармӣ дар тимсоли Хуршед мебошад.
Мусаллам аст, ки номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Бо ибораи дигар, ин калима аз забони мардумони ориёӣ гирифта шуда, маънои оташро дорад. Ва дар забони авастоӣ маънои баромадан ва тулӯъ карданро ифода менамояд. 
Сада мисли Наврӯзу Меҳргон бо табиату кайҳон ва вазъу ҳоли иҷтимоии инсон иртибот дорад.
  Мусаллам аст, ки падидаҳои фавқуззикри ниёгонии мо кашфиётест, ки марҳила, замон ва вақти муайяни махсус ба ҳаёти инсон ва табиат иртиботдоштаеро ошкор намуда, ҳамчун дастоварди инсон маҳсуб мегарданд. Дар ҳамин росто Сада ҳамчун рузи кашфи оташ – як дастоварди инсонӣ бозтоб мегардад ва ин дастовард ба Шоҳ Ҳушанг ва тибқи баъзе маълумотҳо, аз ҷумла “Фарҳанги асотир”, ба Фаридун нисбат дода мешавад.
Дар заминаи тадқиқи маъхазҳои марбута метавон гуфт, ки кашфи оташ ва авалин бор истифодабарии он аз ҷониби инсон ҳамчун нумӯи шуои фарри яздонӣ яке аз аввалин тобиши рахшон ва таҳрикбахшандаи тамаддуни инсон ва василаи такомул бахшидани рӯзгори башар ҳувайдо мегардад.
  Метавон мулоҳиза намуд, ки бо ихтирои ин дастоварди бузург дар бомдоди таърихи ҳастии башар ниёгони мо на танҳо роҳи истифодабарии оташро кашф намуданд, балки онро “фурӯғи эзадӣ” дониста, гиромӣ доштани онро ҳамчун яке аз унсурҳои муқаддас ва ҷузъи муҳими ҳаёт ба ҳукми анъана дароварданд. Моҳиятан бармеояд, ки Сада рӯзи арҷгузорӣ ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва талқини муқаддас донистани рӯшноӣ мебошад.
Доир ба пайдоиш, таърихи роиҷ гардидан ва вижагиҳои Иди Сада дар адабиёти таърихию фарҳангии мутафакирони ахди қадим ва муосир афкори судманде дарҷ гардидаанд, ки бо истифода аз онҳо метавон аз бисёр махсусият ва паҳлуҳои норӯшани ин падидаи маънавии бостонӣ огаҳӣ ёфт.
  Маслан, роҷеъ ба пайдоиш ва оинҳои ин русуми ниёгонӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ маълумоти муҳим дарҷ гардидааст. Метавон гуфт, ки Ҳакими Тусӣ дар ин асари мондагори худ дар хусуси зуҳур ва оғози ҷашни Сада дар боби махсус муфасал маълумот дода аст, ки тибқи он ба таҷлили Сада ҳамчун рӯзи кашфи оташ аз ҷониби инсон ва як дастовард инсонӣ Шоҳ Ҳушанг – дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ – Каюмарс ва фарзанди Сиёмак асос гузошта аст. 
  Нобиға ва мутафккири бузурги машриқзамин Умари Хайём дар асари машҳури худ «Наврӯзнома» перомони ин ҷашни бузурги миллӣ афкори муҳим баён  намуда, роиҷ гардидани таҷлили онро ба рӯзи ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок алоқаманд медонад ва меафзояд, ки мардумони аз ҷавру ситами Заҳҳок раста инро «писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
  Абӯрайҳони Берунӣ нобиға, ва мутафакири дигари форсу тоҷик Иди Садаро ба замони подшоҳии Ардашери Бобакон рабт дода, сабабу василаи роиҷ гардидани таҷлили онро ба чунин омилҳо алоқаманд медонад:
  Яке ин, ки ниёкони мо рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона мешумориданд ва миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд.
  Дигар ин, дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз онҳо бар ҳама подшоҳ гардид.
  Гузашта аз ин Берунӣ дар ин рӯз ба сад расидани фарзандони Машӣ ва Машиёна ва инчунин, ба қавле низ ба сад расидани шумори фарзандони Одам Абулбашарро боис медонад.
  Мувофиқи маълумоти овардаи Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд.
  Мутафакири дигари Шарқ Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” чунин нигоштааст: “Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад”.
  Дар ин самт нигоштаҳои олимони шинохта Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский низ аз аҳамият холи нест. Онҳо доир ба таҷлили ин ҷашн дар асрҳои миёна ва вижагиҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳиза намуда, онро мансуб ба табиат дониста, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна мавриди қиёс қарор додаанд. 
  Метавон зикр намуд, ки яке аз бузургиҳои Иди Сада дар иртибот доштани он ҳодисаҳои кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурдурахш дар даҳаи аввали баҳманмоҳ мебошад.
  Албатта, ин муҳтаво андешаи онро, ки ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ бударо мусаллам месозад.
Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, Иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимии миллии тоҷикон ба  ҳисоб рафта, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат таҷлил карда мешуд. Метовон гуфт, ки Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикро бозтоб менамояд ва дар ин шаб худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ситоиш намуда, ба бузургдошти он гулханҳои бузург меафрӯзанд.
Дар заминаи маъхазҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ метавон мулоҳиза ронд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни ниёгони тоҷикон ва дигар ориёитаборон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») зуҳур ёфтааст. Ин раванд омили маълум ва роиҷ гардидани дигар ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ гардидааст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Сада дар сатҳи расмӣ таҷлил мегардад.
  Боиси ифтиҳор ва сарафрозист, ин ин ҷашни миллӣ ва русуми ниёгонии мо тоҷикон чун дигар дурдонаҳои маънавии ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдсозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, густариш ёфта истодааст.
  Дар ин росто метавон қайд намуд, ки мақоми Олии қонунгузории кишвар бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат моҳи октябри соли гузашта ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки дар мувофиқат ба он ҳамакнун ҳар сол ин ҷашни бостонии миллӣ санаи 30-юми январ, (мутобиқ ба 10-баҳманмоҳи солшумории шамсии ҳиҷрӣ) дар ҷумҳурӣ бо таври хоса таҷлил карда мешавад.
Хулоса, Иди Сада падидаест, ки анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ фаро гирифта, алорағми ҳама номусоидиҳои иҷтимоӣ ва шикастҳои сиёсии тоҷиктаборон то даврони мо боқӣ мондааст. Ид муборак!
 
Сангов Тоҷиддин
ходими илмиии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia