casino malaysia
casino malaysia
Фалсафаи ҷашни Сада

wrapper

 Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”. Эмомалӣ Раҳмон
  Дар аксари сарчашмаҳои ориёиҳо мавҷудияти ҳаётро ба чор омил: ҳаво, хок, об ва оташ вобаста менамоянд. Ин чор омил ба эътиқоди мардумони ориёитабори бостонӣ,– унсурҳое мебошанд, ки “масолеҳи сохтмон”-и тамоми олами моддии табиӣ ва кайҳонӣ маҳсуб мешаванд. Оташ дар инҷо ифода аз омили гармӣ ба муқобили сардӣ буда, таҷассумгари нерўи эҳёгару ҳаётбахши табиат ва ба эътиқоди зардуштиён сифатҳои зотию феълии илоҳии аҳурамаздоист. Тавре, ки аз мазмуни сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони гузашта бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои мардумии мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Ҷашни Сада марбут ба бузургдошти оташ буда, аз ин рӯ назди зардуштиён арҷманд мебошад.
  Зардуштимазҳабони ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ менамоянд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки то имрӯз дар шаҳри Кирмони Эрон суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти оташ яке аз чаҳор унсури мабодии ҳаёт ва нерӯҳои неки аҳурамаздоӣ инчунин рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад. Шоири бузурги асри XI Фаррухии Самарқандӣ дар бузургдошти ҷашни Сада фармудааст:      
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,      
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Муҳимтарин анъанаи марбут ба ҷашни Сада – оташафрўзӣ мебошад. Ба ривояти “Таърихи Байҳақӣ”, ҳангоми таҷлили ҷашни Сада дар баробари Маҳмуди Ғазнавӣ Манучеҳрии Дамғонӣ дар васфи ҷашни Сада қасидае суруда аст:
Омад эй сайиди аҳрор! Шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Оташе бояд чуноне, ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Оташафрўзӣ дар ҷашни Сада, бузургдошти оташ ба ҳайси як арзиш ё муқаддасоти динӣ маънои амиқи фалсафӣ дорад ва аз таълимоти ҳастишиносии дини бостонии мардумони ориёӣ – зардуштия маншаъ гирифтааст.
Чунин моҳияти ҷашнҳо ва эътиқоду анъанаҳои динӣ-фарҳангии мардумони ориёиро, ки дар таълимоти зардуштия ва китоби муқаддаси он – Авесто инъикос ёфтааст, шоири бузурги олмонӣ Гёте хуб дарк намуда, зардуштияро барҳақ “дини меҳнат ва низому тартиботи зиндагӣ” номидааст. Дар воқеъ, ҷашни Сада, ки дар ибтидо аз умқи таълимоти ҳастишиносии зардуштия маншаъ гирифтааст, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин дигар корҳои кишоварзӣ буда, ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ мебошад.
Ҳамин гуна моҳият ва хусусиятҳои мусбату неки ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада боис шудаанд, ки онҳо дар масири тўлонии ноҳамвори таърих алорағми ҳама ҷафокориҳову бедодгариҳо, маҳфуз бимонанд ва то замони мо расида, бо рангу ҷилои беҳтар ва бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд.        Парлумони Тоҷикистон охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ расман (30-уми январ) таҷлил карда мешавад.
 
Шоев Зиёвиддин 
н.и.ф., ходими калони Шуъбаи
масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia