casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолият ва эҳёи ҷашни Сада

wrapper

   Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.
  Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.
  Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
  Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба ҷашни Сада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
  Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Вобаста ба ин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
  Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукӯҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.
Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя карда шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дарахт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сӯзонанд ва ҷӯйу заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонанд. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик бо ҳам ҷамъ оянд, аввал дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хӯрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромӯш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, боз беҳтар.
  Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошад, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврӯз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.
Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.
  Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои  мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта шавад. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.
Хуб мешуд, ки дар гирди ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.
Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба сӯи Хуршед бурда, ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми Наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мададгор шаванд.
  Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозанд.
  Ҷашни Сада аз наздик омадани баҳору Наврӯзи хуҷаста, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва нигоҳубини хуби чорво барои гузарондани зимистон пайк медиҳад. Дар гузашта, сокинони шаҳр ва рустоҳо ба-рои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон ме-рақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид. Дар гузарондани маросими оташафрӯзӣ, муоширати хубу самимӣ, равуо байни хешу ақрабо, ҳамсояву дӯстон, гармиву сафо бахшидан ба қалби инсонҳо ва аз тарафи инсон эҳтирому гиромидошти неъмати табиат (оташ) мунъакис меёбад.
Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳо ҷойгузини наслҳои нав мегарданд. Дар қалби инсонҳо он нуре, ки аз аҷдодон мерос мондааст: урфу одат, анъанаву оини мардум идома меёбад. Шояд дар дигар шакл бошад, муҳим ин ки эҳтироми суннати аҷдодиамон давом дорад. Анъанаи оташафрӯзӣ ҳанӯз аз байн нарафта, вобаста ба шароиту муҳит дар баъзе аз деҳаву ноҳияҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва водии Ҳисор идома дорад. Мисоли ин гуфтаҳо: дар шаби тӯй, маросими гулхан афрӯхтану дар гирди оташ сурудхонон рақс карда, давр гаштани арӯсу домод аст, ки байни мардуми кишвар то ҳол роиҷ аст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.
  Имрӯзҳо мо тавассути истиқлолияти давлатии тоҷикистон соҳиби ҳақиқии ҷашнҳои ниёгон хеш гардидем. Бовар дорем, ки қалби ҳар як сокини кишвар аз шодиву сурур ҷӯш мезанад, зеро ки Сада дар даврони истиқлол эҳё гардида, меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Ва моро водор месозад, ки иди аҷдодиамонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гузаштаи худ огоҳ шаванд ва қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд.
Ҳамчунин, бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархӯрдор шаванд.
 
Зиёева З. И. 
 
ходими калони илмии Шуъбаи
фалсафаи фарҳанги ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia