casino malaysia
casino malaysia
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор…

wrapper

   Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фуру рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вижа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд. Ҳазор сол қабл барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ пури Сино фармуда буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳи боқӣ намемонад». Арҷгузорӣ ва омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёту фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятшинос ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодидагирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат дар ин хусус изҳор доштаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик беш аз пеш рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи ниёгони худ ва бад-ин минвол диравшбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
  Ҳоло диққати ононеро, ки ин сатҳоро мехонанд ба яке аз ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, ки «Сада»  ном дорад, ҷалб менамоем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки чӣ гуна ҷашн аст, вале мо мекӯшем, мухтасар аз таърихи пайдоиш ва баъзе вижагиҳои ин ҷашни бостонии миллӣ, ки худшиносӣ ва ҳамбастии инсониятро талқин менамояд, маълумоте ироа дошта бошем.
  Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин наонқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.
Чи тавре ки дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, таҷлили ҷашни Сада ҳамасола ба 10-уми Баҳманмоҳи солшумории шамсӣ (мутобиқ ба 30-уми январи солшумории мелодӣ) рост меояд. Чунонки гуфта мешавад, муҳтавои фалсафии вожаи Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Мардуми аҳди қадим ва асримиёнагӣ ҷашни Садаро бо ниҳояти хурсандӣ ва пирӯзмандӣ ҷашн мегирифтаанд, ки аз банди сардиву торикӣ раҳо гардидаанд ва дар пеш онҳоро рӯзҳои хушу хуррам ва табиати сабзу ҳавои гарме интизор аст. Ва ҷашни Сада ҳамтаборон, ҳамкешон, ёру рафиқон ва дар ниҳоят инсонҳоро сари як суфра ё маҳфиле, ки он ҷо меҳр асту садоқат асту муҳаббати самимии инсоният ҳаст, сарҷам менамуда ва ҳамзамон, талқин менамуда, ки инсонҳо нисбат ба худу ҳамгинони худ ғамхору шодиқарину ғамқарин буда бошанд. Зеро ҷашни Сада муроду ҳосилаш умеду фаррӯхрӯзӣ ато намудан бар инсонҳо аст, ки пас аз ин сардиҳову меғу ғубор инсонҳоро фасли шукуфону гармӣ интизор аст ва аз ин хотир, гузаштагони мо бештар дар ҷашни Сада шодмониву масрурӣ менамудаанд, ки моро дар пеш фасли баҳорону табиати рӯзидиҳанда интизор аст.
  Ҷашни Садаро афрӯхтани оташ шукуҳу шаҳомати дигаре зам мекунад, ки он намоди гармиву рӯшноиро ифода мекардааст, аммо бархе аз муддаиён ва радикалони адёну мазоҳиб ин оин иддао мекардаанд, ки ин ҷашни оташпарастон, яъне ҷашни Садаро хоси дини зардуштӣ медонистаанд. Вале фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус аз қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале мӯҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст». Барилова, ҷашни Сада ва  соири ҷашнҳои устуравии эронитаборон ғолибан марбут ба ҳеч кешу оине набудаанд, балки сирф фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эҷоди мардумист, ки сарчашмаҳо низ ин андешаро аксаран тасдиқ менамоянд.
Роҷеъ ба вожаи “Сада” дар осори Маҳмуди Гардезӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Хайём, Алиакбари Деҳхудо шарҳу тавсирҳои гуногун омадааст. Баъзе гӯянд Сада баргирифта аз фарзандони Каюмарс «Машӣ ва Машиёна» аст, ки ба рақами 100 мерасанд. Баъзе гӯянд дар қиёми Коваи оҳангар бар муқобили Заҳҳок 100 нафар, ки аз марг тавассути Заҳҳок раҳоӣ ёфта ва дар кӯҳи Дамованд паноҳ бурда буданд, қиём мекунанд ва ба ёрии Фаридун меоянд. Баъзеи дигар гӯянд, ки Сада, яъне 50 рӯз ва 50 шаб ба ҷашни Наврӯз монда, ё ба иборате баъзе гӯянд 50 рӯз ва 50 шаб аз зимистон гузашта. Аммо ба ҳар ҳол, таъбир ва тафсир ба ҳар навъе, ки бошад, ҷашни Сада дар тӯли солиён байни ориёиён бисёр муқаддасу гиромӣ буда ва онро гиромӣ медоштанд ва медоранд.
  Вале аз ҳама маъмултару машҳуртар дар байни мардум - «сада» баргирифта аз шумораи сад аст. Тафсироти мардумӣ аз сад бар ин андеша аст, ки пас аз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, Наврӯз даррасад ва маънии «Сада» ҳам аз ҳамин баргирифта мебошад. Аммо фолклоршиноси тоҷик Д. Раҳимов боз аз андешаи устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдод Баҳор такя менамояд, ки ин ташреҳи истилоҳи «сада», ки гуё аз ду панҷоҳ сохта шуда бошад, иштиқоқи омиёна аст. Сада аз решаи sand-и авестоӣ, ба маънои «зоҳир шудан» аст. Яъне Хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад. Ва ин тафсироти доктор М. Баҳор аз ин ҷиҳат дуруст мебошад, ки ҷашни Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо - рӯзи мелоди эзид Митра, ки ин ҳам яке аз ойинҳои бостонии эронитабон мебошад, таҷлил мегардад. Аз ин шарҳу тафсилот бармеояд, ки ҷашни Сада ҳамчун муждарасон, пайки шодиовар бар мардум мебошад. Ҷашни Сада дар дили мардум умед, нишот меоварад ва мардум аз ин муждаи садаӣ огоҳ мешаванд, ки рӯзҳои башумор мондааст, ки аз сардиву торикӣ, яъсу ноумедӣ, дуду чанги хокистари оташ раҳо бишаванд. Ва аз ин лиҳоз, дар гузашта мардум ин рӯзро хуҷаста ва муборак медоштаанд, зеро Сада қосиди фараҳмандиҳои эшон будааст. Ва агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ба ин ҷашн назар афканем, хуб дармеёбем, ки гузаштагони мо дар илму фалсафаи иҷтимоӣ, ақлгароӣ, арзишшиносӣ, табиат ва амсол аз инҳо бетафовут набудаанд, балки то қадри имкон бархурдор ва ошноӣ доштаанд, бад-ин маъност, ки аз гардиши рӯзгор ва чархи фалак бетафовут набудаанд, вагарна чи тур метавон ин гуна ҷашнҳое, ки вобаста ба гардиши сол, хуршед, моҳ ва коинот аст, ҳам кафш карду ҳам офарид?
Роҷеъ ба пайдоиш ва замону макони ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ маълумотҳои гуногун омадааст. Пайдоиши ҷашнро ба давраи ориёиҳо мансуб медонанд, ки ин рафта ба замони асотир мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ дар китоби худ «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳад, ки далели гуфтораш ҳам дар он аст, ки шоҳ Ҳушанг аввалин касе мебошад, ки оташро кашф кардааст ва ба хотири он ҷашн меорояд ва аз худ ҷашни Садаро ёдгор мегузорад. Ва ин ҷо порае аз нигоштаи Ҳаким Фирдавсиро меоварем, ки мефармояд:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
  Донишвар Абӯрайҳони Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Сада дар китоби худ «Ат-тафҳим» овардааст: « …Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯз, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристондӣ. Чун Афредун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид оянд». Аз ин гуфтори мардумшинос ва ҳаким Берунӣ бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун нисбат додааст. Ва дар манбаъҳои дигар ҷашни Садаро ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд, ки албатта, барои мо ворисони эшон пеш аз ҳама маълум гардидааст, ки ҷашни Сада ҷашнест таърихи қадим дошта, решааш дар замонҳои асотир ва асримиёнагӣ об хӯрда, то ба замони мо омада расидааст. Ифтихор ва фараҳмандии мо аз он аст, ки гузаштагони мо дар шинохти ҳамагуна ҳодисаҳои табиат ва ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоии инсонӣ ба хубӣ ошноӣ дошта будаанд. Аз ҷашнҳои суннатӣ, ҳикматҳо ва рисолаву китобҳои ба ҷой гузоштаи аҷдодон, имрӯз ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем, вале ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки на ифтихори пӯчу булфузулӣ, балки бо диду назари имрӯз баррасӣ ва мувофиқа намуд, то баъдинаҳо низ аз он баҳравар гарданду дар меҳвари ифхтихори милливу ҳувияти миллиашон қарор диҳанд.
Ҷашни Сада дар Вароруду Хуросон ва дар дигар ҷойҳое, ки эронитаборон сукунат доштанд, то замони ҳамлаи муғулҳо бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешуд. Замоне, ки муғулони бедодгару яғмогар ҳуҷумҳои пай дар пай ба сарзаминҳои тоҷикон карданду онро ғасб намуданд, оҳиста- оҳиста илму фарҳангу адаби форсу тоҷик рӯ ба таназзул овард ва аз ҷабру зулми золимон аз шаҳрҳову водиҳои гурезон шуда, ба дараҳову кӯҳҳо паноҳ оварданд. Ва золимону хунхорони ҷоҳилу таасубзада ҳама ҷашну суннат ва оини гузаштагони моро аз кешу оини зардуштӣ ва будпарастӣ дониста, барои таҷлилу ҷашнороияш муқобилият нишон дода, онҳоро то ҷое қубҳ эълом намуданд ва қисматеро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспурданд. Вале бояд қайд намуд, ки мардум ҷашни Садаро бо тағйири ном таҷлил мекарданд ва аз ҷашнгирии он даст накашидаанд. Ба мисол ҳут, чоршанбеи охирон ва амсол аз инҳо. Ғосибони хонабардӯш ва душмани илму фарҳанг ба дарки нуктаи борик намерафтанд, ки давлатдориву шоҳигарӣ мисли илму фарҳанг, ҷашну маросим ҷовидона ва намиранда нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки китобу рисолаҳо, ҷашну маросимҳо низ мисли соҳибонашон қисмати талхеро пушти сар кардаанд, вале ҷавҳар ва рисолати худро аз даст надода, дар ҳама давру замон хидматгузору раҳнамои натанҳо як миллат ё қавм, балки башарият будаанду ҳастанд.
  Ағлаби ҷашну маросимҳои гузаштагони мо храктери гуманистӣ ва ҳамзистии инсониятро дар худ доштанд ва дар батни ҷашну оинҳои бостонии аждодони тоҷикон меҳру меҳрпарасти нисбат ба инсоният парваришу густариш ёфтааст, аз ин рӯ, ҷомеашиноси ватанӣ Нозим Нурзода низ бар ин назар аст, ки нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ - замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ - ба аносири заминӣ ва материалӣ – унсурӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Аз сӯйи дигар, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Ҳамин махсусият ё вижагии ҷашнӣ ва маросимӣ Наврӯзу Меҳргон ва Ялдову Садаро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як ҷуѓрофиё ба ҷуѓрофиёи дигар, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар, аз як муҳит ба муҳити дигар интиқол дод ва дар либоси фарҳангҳои мутанаввеъ тобишҳои рангоранг ба бар намуд.
  Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ва андешаманд ин аст, ки ҷашнҳои бостонии мо, бахусус Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада агарчи аз ҷониби ҳушмандони тоҷику порс кашфу бунёдгузорӣ гардидааст, аммо ҷашнҳои зикргардида хоси як миллат ё қавме набуда, балки ҷашни умумибашарӣ будааст. Яъне ин ҷашнҳо ниёзбарор ва шодбошгӯи инсоният аст ва ба ҳеч кешу оине робитаи мустақим надоштааст. Аз ин лиҳоз, донишварону хирадмандони гузашта порсу тоҷик инсониятро дар мадди аввал гузошта, ҳар ихтироъ ё кашфиёте аз илм намудаанд хидматгузори як қавм ё минтақа набуда, бал яксон баҳри одамиён хидматгузор будааст.
  Ва имрӯз ба шарофати истиқлолият, моро имкон даст дод, ки ҷашнҳои суннативу миллии хешро аз нав эҳё ва зинда намоем. Мутахассисони соҳаи этнография, бостоншиносӣ, фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрӯз бештари оину маросимҳои миллӣ таҳқиқу баррасӣ карда шуда, қисматҳои баҳсталаби онҳо дар пажӯҳиши илмӣ қарор дода шудаанд. Ва дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат махсусан боз зикр намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки беш аз пеш баҳри эҳё ва зиндагардонии мероси маънавии гузаштагон камари ҳиммат бибандем.
 
 
Зоҳири Сайфулло
 ходими илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia