Паём. Тарбияи ватандўстӣ муҳим аст
- Ҷумъа, Фев 03 2023
- Андешаи муҳаққиқон
«Мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромўш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23 декабри соли 2022)» баъд аз баёни пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда зарур мебошанд ва танҳо ҳамин роҳ моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонанд. Маҳз эҳсоси ватандўстӣ ҳар як шаҳрванди боору номусро барои кору фаъолияти пурсамар ҷиҳати рушду ободии Ватан ҳидоят мекунад. Пешвои миллат афзуданд, ки «ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
Чунин таъкидҳо ва даъватҳо дар бораи таҳким бахшидани рўҳияи ватандўстӣ ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба Ватан ва миллати хеш на танҳо дар Паёмҳои сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ, балки дар ҳар як суханрониҳояшон зимни вохўриҳо ва суҳбатҳояшон бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар мунтазам садо медиҳанд ва барои дар ҷомеа густаришу тақвият ёфтани рўҳияи ватандўстӣ, сафарбаркунии аҳли ҷомеа, хусусан барои ҷавонон баҳри ободонӣ ва ба як кишвари ҳамаҷиҳата пешрафтаву мутараққӣ табдил додани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон аҳамият ва таъсири хеле бузург доранд. Онҳо бояд сармашқи зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як шаҳрванди мамлакат бошанд. Барои таҳким бахшидан ба рўҳияи ватандўстӣ ин фазилати маънавию ахлоқиро ба ҳар як сокини кишвар аз айёми кўдакию наврасӣ, дар оилаю боғчаю мактаб, бо истифода аз мероси пурғановати адабию ахлоқии ниёгон омўзонидан ва талқин кардан зарур аст.
Нақш ва аҳамияти бузурги ватандўстӣ ба ҳайси як фазилати ахлоқию маънавӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва татбиқи ормонҳову арзишҳои умумиинсонӣ дар адабиёти илмии ватаниву хориҷӣ ба таври пайваста таъкид ва тавсифу тасбит шудааст. Олимону муҳақкиқон падидаи ватандўстиро тибқи мазмун ва шакли ифодаёбию амалишавии он ба навъҳои гуногун (ватандўстии ифротӣ, қотеъ, муътадил ва ахлоқӣ ва ғ.) тасниф кардаанд. Аз ҳама муфидтарин навъҳои он – ватандўстии ахлоқӣ маҳсуб мешаванд. Тарбияи умумии аҳли ҷомеа дар рўҳияи ватандустии ахлоқӣ, аз як тараф, ба рушди муштараку муътадили иҷтимоию иқтисодии ҳамаи халкҳо ёрӣ мерасонад, аз тарафи дигар, барои пешгирӣ кардани низоъ ва ҷанҷолҳои байналхалқӣ ва байнидавлатӣ ёрӣ мерасонад. Меҳру муҳаббати ватандўсти ахлоқӣ на танҳо кишвару ҳамватанонаш, балки тамоми инсониятро фаро мегирад. Тавре ки таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, мафҳуми ватандўстии ахлоқӣ маънои садоқати шахс ба арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷомеаро дорад, ки ба таҷдиди маънавии давлатҳои миллӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити муосири пешрафти илмию техникӣ мусоидат мекунад. Он халқу давлатҳои гуногунро ба ҳам наздик намуда, пеши роҳи зиддиятҳои байналхалқӣ ва байнидавлатиро мегирад.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ маҳз ҳамин навъи ватандўстии ахлоқӣ ва фазилатмеҳварро ҳамчун воситаи муҳимтарини расидан ба ҳадафҳои олию стратегии кишварамон дар назар доштаанд ва таъкид кардаанд. Мафҳум ватандўстии ахлоқӣ (фазилатмеҳвар) аз бисёр ҷиҳат бо ғояи инсондўстӣ ва арзишҳои маънавие, ки дар сарчашмаҳои динӣ-мазҳабӣ, фалсафа ва адабиёти классикии асримиёнагии тоҷик таблиғ шудаанд, созгор аст.
Дар ин ҷо кифоя аст, ки назарияи «Мадинаи фозила»-и Ибни Сино, таълимоти сиёсию иҷтимоии Низом-ул-мулк ва Муҳаммад Ғаззолиро қайд намоем. Дар осори гаронбаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии инҳо ва дигар мутафаккирони намоёни асримиёнагӣ бисёр фикру ғояҳои ҷолибу арзишманд мавҷуданд, ки метавонанд мазмуни гуманистии фазилати ватандўстиро ба таври назаррас ғанӣ гардонида, дар татбиқи амалии он муттасилона истифода шаванд.
Масалан, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии бузург, осори Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирони асримиёнагии тоҷику форс, ё худ ашъори ватпанпарваронаи шоирони маъруфи муосири тоҷик низ дорои ҳамин гуна нерўи бузурги эҳёкунанда ва таҳкимбахшандаи рўҳияи ватандўстӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, аксари шоирону нависандагони ҳам классикӣ ва ҳам муосири тоҷик аз одамушшуаро устод Рўдакӣ сар карда то Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ ва дигар шоирони маъруфи муосир, ашъоре эҷод кардаанд, ки бо ин ё он шакл бо мавзўи меҳанпарастӣ алоқамандӣ доранд.
Илова бар ин, бисёр рубоиёт ва дубайтиҳои халқии тоҷик низ бо мавзўи ватандўстӣ алоқаманданд, масалан:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ ба Канъон, хуштар.
Мисолҳои боло ҳамин ақидаро тасдиқ мекунанд, ки таълимоти иҷтимоӣ-ахлоқии сарчашмаҳои динӣ-мазҳабӣ, мероси ғании фалсафа ва адабиёти классикии тоҷик, ки дар зери таъсири бартаридоштаи онҳо таълиф ва эҷод шудааст, дар тўли садсолаҳо халқи моро дар рўҳияи меҳру муҳаббати бепоёни ҳаматарафа ба Ватан ва ҳамватанон тарбия намудаанд.
Дар баробари ин, дар тасаввуроту афкори суннатии мазҳабӣ ва этнофарҳангии мо дар баробари ғояи ватандўстӣ ғояҳои инсондўстӣ ва адолат низ мавқеъи аввалиндараҷаро ишғол намудаанд. Ин ғояҳо ба рўҳияи ватандўстии тоҷикон таъсири муайяне расонида, онро ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҷаҳонишавӣ мутавозин ва ҳамоҳанг кардаанд.
Умуман, мероси фалсафию адабӣ-ахлоқии ниёгон имрўз низ ҳамчун сарчашмаҳои фарҳангӣ-анъанавӣ барои дар ҷомеа густариш ёфтани рўҳияи ватандустии ахлоқӣ ва фазилатмеҳвар – он арзиши ахлоқию маънавие, ки Пешвои миллат онро ҳамчун воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳои олии кишвар таъбир кардаанд, метавонанд рисолати таърихии худро идома диҳанд.
Шоев Зиёвиддин
ходими калони илмии
шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ АМИТ
ходими калони илмии
шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции