Идеология барои амният ва пешрафти ҷомеа зарур аст
- Ҷумъа, Фев 03 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Идеологияи ҷамъиятӣ ва психологияи ҷамъиятӣ дараҷаҳои шуури ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд. Идеологияи ҷамъиятӣ як навъи маърифат ва баҳодиҳӣ ба воқеият дар шакли муназзаму назариявӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Таҳти мафҳуми «идеология» одатан маҷмуи ормонҳо, арзишҳо, идеяву ақидаҳоро мефаҳманд, ки мавқеи иҷтимоии гурӯҳи калони иҷтимоӣ (табақа, қишр, синф), инчунин кулли ҷомеаро ифода мекунад ва ба ҳифзи манфиатҳои ин гурӯҳҳо, ба асоснок кардану ҷонибдорӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбии онҳо нигаронида шудааст. «Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, манфиат пайдо мешавад»[1]. Дарвоқеъ ин аксиомаи ҳаёт аст.
Идеология ҳамчун маҷмуи ормонҳо, арзишҳо ва идеяҳо аҳамияти хосса касб намуда, манфиати кулли ҷомеаро ифода менамояд ва аз ин рӯ, он аз номи ҷомеа ва тавассути ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ паҳн карда мешавад. Идеология, чун қоида, аз ҷониби ашхоси сатҳи баланди касбиятдошта, одамони аз лиҳози амаливу назариявӣ омодашуда офарида мешавад. Идеологияи таҳияшуда ва дар ҷомеа густаришёфта рисолати амалӣ дорад. Он гурӯҳҳои одамонеро муттаҳид мегардонад, ки мақсаду муҳтавои асосии идеологияи мазкурро ҷонибдорӣ мекунанд; идеология ба самту хусусияти кирдору рафтор ва амалҳои мушаххаси одамон таъсир расонида метавонад.
Дар охири солҳои 50-уми асри ХХ дар афкори ҷамъиятии кишварҳои Ғарб дар бораи идеяи «деидеологизатсия»-и ҷамъият муҳокимаи доманадор сурат гирифт. Андеша мекарданд, ки замони идеологияҳои густурда ва тоталитарӣ гӯё гузашта бошад. Гуфта мешуд, ки ҷомеаи муосири демократӣ акнун ба идеология умуман ниёз надорад, азбаски он фақат воситаи суистифода аз шуури омма аст. Пайравони чунин идея мутмаин буданд, ки одамон дар пояи иттилои мукаммали худ дар бораи ин ё он масъалаҳои ҷамъиятӣ имкони қабул кардани қарорҳои муносибро пайдо мекунанд. Аммо баъди чанд муддат дар кишварҳои Ғарб аз идеяи «деидеологизатсия» даст кашиданд. Алҳол маълум шудааст, ки деидеологизатсия ҳамчун инкори ягон идеология, худ як навъ идеология аст.
Дар он шароити муқовиматҳои ғоявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятии давлатҳои Ғарб мақсад доштанд, ки арзишу идеалҳои сохти мавҷудаи ҷомеаи худро ҳифз ва ташвиқ намоянд. Маҳз бо ҳамин мақсад, азбаски «…сиёсат мавҷудияти идеологияро тақозо менамояд»[2], андешаҳои нав оид ба идеология ва инкишоф додани он зарур шуд.
Дар баъзе мавридҳо идеологияи ҳукмронро расман идеологияи давлатӣ унвон намекунанд, вале сарфи назар аз ин, он тавассути ҳокимияти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ паҳн карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакатамон, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ як идеологияи ҷузъӣ ба сифати идеологияи расмии давлат эътироф карда намешавад[3]. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлати мо идеологияи худро надошта бошад. Баръакс, идеологияи давлатамон дар сиёсати он пайгирона татбиқ ва амалӣ гардонда мешавад. Дар ин росто Пешвои муаззами миллат тазаккур медиҳанд, ки «…ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад»[4]. Ҳукумати мамлакат барои манфиатҳо, ҳадафҳо ва идеалҳои давлат ва ҷомеаи мо ҳамеша талош мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки давлати беидеология умуман вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад. Шикасти идеология баробар бо барҳамхӯрии давлат ва ё сохти давлатдорӣ аст; таърих сабақ медиҳад, ки давлат бо нобуд шудани идеологияаш худ низ нобуд мешавад.
Албатта, идеологияро идеологҳо таҳия мекунанд. Онҳо аз маводи дастрасшуда, масалан аз маҳсули соҳаҳои маънавӣ (илм, фалсафа, ҳуқуқ, дин, асотир, ахлоқ), ҳамон маводро ҷудо карда мегиранд, ки мавқею манфиати гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ, давлату миллатро возеҳтар ифода карда тавонанд ва ҳамон маводро истисно мекунанд, ки изофагӣ ва ё барои давлату миллат хатарноканд. Шояд ҳаминро ба назар гирифта, файласуфи олмонию америкоӣ Ханна Арендт чунин қайд кардааст: «Ҳар як идеологияи инкишофёфта ба сифати яроқи сиёсӣ сохта, дастгирӣ кардаву такомул дода мешавад, на ба сифати таълимоти назариявӣ»[5].
Аз ин лиҳоз, дар доираи таҳияи идеология эҷодкунандагони он ба он маводҳое, ки аз консепсияву назарияҳои илмӣ, фалсафӣ ва нуктаҳои динӣ иқтибос кардаанд, маънии нав мебахшанд. Масалан, назари шахсии К.Маркс дар бораи давлат як чиз аст, вале чӣ хел фаҳмидан ва тафсир кардани ин назар аз ҷониби марксистон тамоман кори дигар аст. К.Маркс бо тафсири ақидаҳояш, ки марксистон интишор мекарданд, ошно гардида, бо истеҳзо гуфта буд: «Фақат як чизро медонам, ки ман марксист нестам»[6]. Ба ҳамин монанд, идеяҳои либерализми классикии Замони навро бо тафсир шудани он аз ҷониби ислоҳотхоҳии муосир муқоиса кардан мумкин мебуд ва ғ.
Гуфтан мумкин аст, ки идеологияро пурра ба сифати системаи дониши илмӣ, инчунин фалсафӣ ё динӣ қабул кардан нашояд. Мақсади асосии идеология сирф аз маърифат кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ иборат нест, балки ифода намудани ягон мавқеи иҷтимоӣ, ҳифз кардани ягон манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Пас, идеология ҷанбаҳои ҳам гносеологӣ ва ҳам аксиологӣ дорад.
«Шарт нест, ки дар ҳамаи тасаввуроти идеологӣ тафсирҳои илмӣ вуҷуд дошта бошад»[7]. Агар касе даъво кунад, ки идеология комилан илм аст, пас дар нисбати ин шахс гуфтан мумкин аст, ки ӯ моҳияту табиати дониши идеологиро то охир дуруст нафаҳмидааст. Тафовути муҳими илм аз идеология дар аст он, ки дониши илмӣ нисбати арзишҳо ва ормонҳо асосан бетараф мебошад.
Идеология системаи дониши муайянест, ки бо ақлоният бино карда шудааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки идеология саҳнаи набардҳои ақлию зеҳнӣ мебошад. Одатан, дар доираи ин набардҳо аксари идеологияҳоро эҷодкоронашон бо унсурҳои дониши илмӣ, утопиявӣ (ормонӣ), шиорҳои сирф ташвиқотӣ ва ғайра мусаллаҳ мегардонанд. Вобаста ба гуногунии унсурҳои мазмуни ҳар як идеологияи амалкунанда, ихтилофу танқиди ҳамдигарии идеологияҳо пуршиддат мешавад.
Идеология падидаи махсуси маънавӣ аст, чунки он, дар ниҳояти кор, дар худ маҷмуи арзишҳо, идеалҳо, тарҳҳои муайяни сохти ояндаи ҷомеаро дорад, аз ҷумла он дурнамои сохти давлат, иқтисодиёт, ниҳодҳои иҷтимоӣ (илм, дин, мактаб, ахлоқ ва ғ.)-ро тарҳрезӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки идеология бештар ба оянда нигаронида шуда, ба инкишофи стратегии кишвар хизмат мекунад. Ҳамзамон, идеология ғолибан ба ҳалли «масъалаҳои доғи рӯз» нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, талабот пеш меояд, ки ҳангоми эҷод кардани идеология ба кӯтоҳандешӣ роҳ дода нашавад, яъне ба хотири фоидаи яклаҳзагӣ барномаи дарозмуҳлати рушди ҷомеа халалдор нагардад.
Гуногунунсурии идеология ногузир фазои бисёрмазмуниро ба миён меорад. Аксарияти шаҳрвандон аз доираи ҳамин бисёрмазмунӣ барои худ арзишҳо ва дастурҳои муносибро интихоб мекунанд. Пас, дараҷаи муваффақияти идеология аз он вобаста аст, ки кадом идеалҳо, ҳадафҳо ва арзишҳоро ташвиқу тарғиб намуда, дар шууру тафаккури одамон ҷойгир мекунад.
Ҳар як идеология, албатта, бо мақсади муайян сохта мешавад. Фақат дар асоси таҳлилҳо метавон хулосагирӣ кард, ки эҷодкорони ин ё он идеология супориши иҷтимоии гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ҷомеаро чӣ тавр иҷро кардаанд. Бинобар ин, ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки байни мутахассисони соҳаҳо, масалан дар илм, фалсафа, дин, адабиёт, санъат, таърих, ҳуқуқ ва ғайра, инчунин байни идеологҳои касбӣ баҳсҳои шадид сурат мегиранд. Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳарифон дар баррасии идеяҳои мухолиф ҳукмҳои беасосро раво мебинанд. Ба қавли файласуфи немис Петер Слотердайк, «Интиқоди идеологияҳо то даъвое расидааст, ки он ба герменевтика монанд шудааст, яъне «муаллиф»-ро беҳтар аз худи ӯ фаҳмидан»[8]. Кашфи асрори таъсирбахшии идеология ва коркарди технологияи судманди интиқоли мазмуни он ба мардум, махсусан дар арафаи интихобот, барои идеологҳо ва қувваҳои сиёсӣ кори заҳматталаб аст.
Масъалаи дигар ин аст, ки дар ҳар як идеология идеалҳои ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ бо исрор ташвиқу тарғиб карда мешаванд, баъзан дар мавриде, ки барои амалигардонии онҳо шояд шароити лозима вуҷуд надорад. Чунин вариантҳои утопиявии идеология маънавияти фиребандаро ба бор оварда метавонанд. «Маънавиёт»-и пучу беасос тасаввуроти мутаассибонаро дар заминаи дин ё утопия ба миён меоранд, ки пайравонашон идеалҳои худро аз ақли солим ва ҳатто аз ҳаёт боло мегузоранд. Пас, масъалаи маънавияти идеология аз ин иборат аст: дарёфт кардану дақиқ ифода карда тавонистани алоқамандии байни талаботи рӯзмарраи воқеӣ ва идеалҳои воло, ки оммаро ба талошҳо ҳидоят кунад, дар ҳар як фарди ҷомеа фаҳмиши дурусти манфиатҳои ҳақиқии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, умумимиллӣ ва давлатиро бедор кунад.
Дар ягон мамлакат ва дар ягон давраи таърихӣ масъалаи идеология ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст, яъне баҳсу талошҳо дар ин мавзуъ хотима надорад. Аз ин бармеояд, ки идеология ҳам аз лиҳози мазмуну муҳтаво, ҳам аз ҷиҳати тарзҳои пешниҳодкунӣ ба қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳамеша бояд таҷдиди назар карда шавад. Вале дар ҳар вазъият дар он чизи асосӣ, маҳаки устувор ҳатман нигоҳ дошта шавад, агар ин идеология ҳукмрон будан, аз догматизм озод будан, робитаи ҳаёти рӯзмарра ва идеалро ифода кардан хоҳад. Маҳз дар ҳамин рисолати идеология ҳамчун падидаи махсуси маънавӣ ҳувайдо мегардад.
Дар ҳар як давраи таърихӣ, дар ҳар як кишвар тасаввурот пайдо мешавад, ки мамлакат ва ҷаҳон ба кадом самт бояд инкишоф ёбад, кадом идеалҳоро онҳо бояд пайгирӣ намоянд, дурнамои инсоният чӣ гуна хоҳад буд. Барои ҳамаи халқияту миллатҳо ва фарҳангҳо ҳалли ягонаи ин масъалаҳо вуҷуд надорад. Масалан, ИМА имрӯз ба хубӣ медонанд, ки чӣ мехоҳанд. Ҳамчун давлати абарқудрат, онҳо тамоми ҷаҳонро майдони манфиатҳои миллии худ ҳисобида, кӯшиш мекунанд, ки рафти воқеъаҳоро дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон назорат кунанд ва ҳамон ҳодисаҳоеро пешгирӣ кунанд, ки аз нигоҳи онҳо ба манфиатҳои миллиашон таҳдид мекунанд. Идеологияи ИМА аз рӯи ҳамин принсип барпо карда шудааст.
Дар шароити муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати худро дар арсаи байналмилалӣ аз рӯи принсипҳои гуманизм, адолату баробарӣ, ҳамзистии осоишта пеш мебарад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад»[9] .
Албатта, моҳияти идеология дар вазифаҳои он ифода мегардад. Идеология дар ҷомеа вазифаҳои сершуморро иҷро мекунад. Идеология неруи бузурги тамоюлбахшӣ, мутаҳидсозандагӣ, сафарбаркунандагӣ дорад. Дар ин ҷода хусусан идеологияи давлат нақши назаррас мебозад, чунки бидуни муттаҳидшавии шаҳрвандон дар атрофи мақсаду арзишҳои муайян, бе дарки ҳисси шаҳрвандии аҳолӣ давлат қудратманд буда наметавонад.
Пӯшида нест, ки дар тасмимҳои муттаҳидсозии идеологӣ гоҳҳо тамоюли тоталитарӣ зуҳур мекунад, яъне идеология мехоҳад ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти одамон роҳ ёфта, дар ҳама ҷо тартибот ҷорӣ кунад. Аз ҷумла, он ҳамеша мекӯшад, ки худи ҷараёни истеҳсолоти маънавиро пурра зери назорат гирад, вале вобаста ба хусусияти истеҳсолоти маънавӣ, ин матлаб ба пуррагӣ амалӣ намешавад. Агар идеология бо худ пурра иваз кардани ҳамаи арзишҳои маънавии ҷомеаро иқдом карда бошад, он гоҳ худи ин идеология таъсирбахшию босамарии худро гум карда, оқибат барбод меравад. Аз ин хотир, «…андешаи миллӣ ва бархӯрди илмӣ бояд ҳама гуна зуҳуроти идеологиро ба таври доимӣ назорат намояд»[10]. Сониян, назоратро аз болои интишори амалии идеология, аз болои сиёсатмадорону идеологҳо нисбатан беҳтар ба роҳ мондан мумкин аст. Дар фаъолияти идеологӣ ин кор бо роҳи дахолати мустақим, бо сензура ва манъкунӣ ё бо истифода аз воситаҳои молиявӣ анҷом дода мешавад.
Зарур аст, ки идеология некбинона бошад, ба ҳақиқат такя кунад, воқеиятро объективона инъикос карда тавонад, бурҳони қотеъ дошта бошад. Фақат бо ҳамин сифатҳо идеология барои ҷомеа ва давлату миллат муфид буда метавонад. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, «Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад»[11]. Бешак, идеология барои ҷомеа ва давлат зарур аст. Он дар пеши давлат ва ҷомеа мақсадҳо мегузорад, одамонро барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳо руҳбаланд ва ҳидоят менамояд, шуури шаҳрвандонро аз таъсири идеологияи душманона ҳифз мекунад.
Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол идеологияи умумимиллӣ инчунин бо он мақсад тақозо мешавад, ки дар ҷомеа хатару таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, қонуншиканӣ ва ғайра пешгирӣ карда шаванд. Ҳамзамон, идеология ба ҷомеаи мо барои он лозим аст, ки пеши роҳи манқуртшавии насли наврас ва бегонапарастии он пешгирӣ карда шавад, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар пояи худшиносии миллӣ такмил ёбад.
Маҳз идеологияи солим дар ҷомеа метавонад ба пешгирӣ кардани вайроншавии оилаҳо ва ҳалли масъалаҳои демографӣ мусоидат намояд. Ин масъалаҳо барои ҷомеаи мо низ имрӯз мубрам шудаанд. Масалан, фақат тайи шаш моҳи соли 2020 дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст. Тибқи омори соли 2019 бошад, дар Тоҷикистон 12 ҳазору 482 оила вайрон шуда буд [12]. Ҳисоб кардан мушкил нест, ки дар ҳамон сол ҳар моҳе зиёда аз 1040 оила вайрон шудааст. Магар ин ташвишовар нест? Чанд нафар кӯдакон дар ин оилаҳо мезистанд? Онҳоро чӣ интизор аст? Ин мушкилоти хеле ҷиддӣ аст. Масъалаи демографӣ сирф масъалаи иқтисодӣ нест, балки он масъалаи интихоби системаи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ҳам ҳаст, яъне он масъалаи интихоби идеология низ мебошад.
Мусаллам шудааст, ки дар ҷангҳои «гибридӣ»-и замони муосир василаҳои мафкуравӣ аз василаҳои ҳарбӣ дида пештар ба майдони муҳорибаҳо ворид мешаванд»[13]. Аз ин лиҳоз, ба хотири пояндагии миллату давлатамон, барои амалӣ намудани барномаҳои рушди давлат ва ҷомеа моро зарур аст, ки идеологияи умумимиллии худро ташвиқу тарғиб намуда, бартарии онро намоиш диҳем.
Идеологияи умумимиллӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон зарур аст, то ки ба буҳтону сафсатаҳои рақибон, ҳуҷумҳои иттилоотии созмонҳои экстремистию террористӣ муқовимат карда тавонад. Таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳанд, ки синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 40 сола мебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифт. Коршиносон муайян кардаанд, ки беш аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолияти ғайриқонунӣ доранд, аз ҷумла: «ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷараёни ифротии салафия», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тайба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти таблиғ», «Созмони таблиғот», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва ғ. Мақсади ин ташкилотҳои экстремистию террористӣ, пеш аз ҳама, барҳам додани давлати дунявию ҳуқуқбунёд ва побанду ғуломи давлати теократӣ кардани мардум мебошад.
Мо ҳеҷ гоҳ хомӯш буда наметавонем, агар дар арсаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи миллату давлатамонро бадхоҳону душманон паст зананд ё бе далел гунаҳкор ҳисобанд. Фақат душманони мо беибо талқин мекунанд, ки гӯё саодати миллати тоҷик бо гаравидан ба арзишҳои бегона вобаста бошад. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҳамватанони моро дилшикаста созанд, ба пешрафти миллат ва давлати тоҷикон монеъа шаванд, мардумро ба доми идеологии худ афтонанд. Дар чунин шароит мо – тоҷикон бояд дар майдони муборизаҳои идеологӣ манфиатҳои ватани худро ҳифз карда тавонем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки «…Зимни банақшагирӣ, идеологҳо ҳар як амалро, новобаста аз таъсири фоҷиабори он ба тақдири миллати ба ҳайси ҳадаф интихобшуда, мӯшикофона коркард мекунанд»[14]. Агар асосҳои консепсияи дақиқи ҷаҳонбинӣ ба ақли мардум ҷойгузин карда нашавад, пас инро ҳатман рақибони идеологиамон аз нигоҳи ғаразноки худ анҷом хоҳанд дод, чунки ноором кардани ҷомеаи мо ҳадафи асосии онҳо аст.
Дар марҳилаи муосир ҳар як давлати миллӣ ниёз ба идеологияи солими умумимиллӣ дорад. Чунонки мусаллам аст, дар охири асри ХХ-ибтидои асри ХХI давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъияти нав дучор гардидааст. Як қатор равандҳои глобализатсионӣ, пеш аз ҳама равандҳои ҷаҳонии демократикунонӣ, иқтисодикунонӣ, иттилоотикунонии глобалӣ, қолабишавии фарҳангҳо ва арзишҳо ба суст шудани мавқеи давлати миллӣ сабаб мегарданд.
Раванди демократикунонии саросарии ҷаҳони муосир омирона талаб мекунад, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ қоидаҳои айниятнок роҳандозӣ карда шаванд. Ҳамин тавр, глобализатсия сарҳади байни сиёсати дохилию хориҷиро шикаста, сиёсати мустақилонаи давлати миллиро то дараҷае ба сиёсати абарқудратҳо мутобиқ мегардонад.
Дар ин росто ҳувияти миллӣ ба панҷаи гирои раванди иқтисодикунонӣ меафтад, ки он фазои ягонаи иқтисоди ҷаҳониро ташаккул медиҳад. Албатта, барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар фазои иқтисоди ҷаҳонӣ, Тоҷикистон низ ногузир ба раванди муттаҳидшавӣ (интегратсия)-и умумиҷаҳонӣ ворид шудааст. Мусаллам аст, ки фақат ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, ҷомеаи мо метавонад рақобатпазир бошад. Бо вуҷуди ин, инро аз мадди назар набояд дур кард, ки дар аксари ҳолатҳо равандҳои интегратсионӣ метавонанд ҳувияти миллиро то дараҷае суст гардонанд.
Ҳамчунин бояд воқеъбинона арзёбӣ кард, ки иттилоотикунонии глобалӣ на ҳамеша ҷиҳатҳои мусбат дорад. Масалан, дар ин раванд шуури ҷомеаҳо зери таъсири давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта қарор гирифта метавонад. Ин ҳолат низ ба пойдории ҳувияти миллӣ хатар эҷод карда метавонад.
Густариши босуръати фарҳанги оммавии глобализатсионӣ дар аксари мавридҳо ҷавҳари фарҳангии ҳувияти миллиро тадриҷан нобуд мекунад. Дар ҷавоб ба ин, ҳар як давлати миллӣ ба таърих ва фарҳанги бойи худ такя карда, чораҳои ҷиддӣ меандешад. Ин раванд давом дорад, муборизаҳо барои ҳувияти миллӣ ҳоло дар пеш аст. Қолабишавии арзишҳо низ натиҷаи иттилоотикунонии глобалӣ мебошад. Дар ин раванд тавассути воситаҳои гуногуни иттилоотӣ арзишҳои кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва ИМА тарғиб карда мешаванд (вестернизатсия, американизатсия). Оқибати ин раванд алҳол чандон возеҳ маълум карда нашудааст, агарчи тахминҳо кам нестанд.
Ин мушкилоти болозикр бидуни дахолату фаъолияти муносиби давлати миллӣ ҳал шуда наметавонанд, зеро чунин давлат, пеш аз ҳама, манфиатҳои умумимиллиро пуштибонӣ мекунад. Давлати мо маҳз дар ҳамин самт фаъолияти худро собитқадамона пеш бурда истодааст. Ин сиёсат ва идеологияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Ҳамин тавр, идеология атрибути ҷомеа ва давлату давлатдорӣ, омили ҳатмии рушд ва пешрафти онҳо буда, пажуҳиши илмии масъалаҳои идеологӣ ҳамеша муҳим боқӣ мемонад.
Назар М.А.
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Назар М.А.
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
[1] Ятимов С. Асарҳо. Ҷилди 7. Идеология ва манфиати миллӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С.14.
[2] Идеологияи сиёсӣ (дастури таълимӣ) / Мураттибон: Муҳаммад А., Хидирова М. – Душанбе: Дониш, 2022. – С.10
[3] Ниг.: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашриёти Ганҷ, 2016. – 136 с.
[4]Эмомалӣ Раҳмон. Паёми табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ. 26.06.2014. [Манбаи электронӣ] //http://www.president.tj/node/6953 (Санаи муроҷиат: 02.12.2022)
[5] Ханна Арендт о «борьбе полюсов» [Электронный ресурс] //https://dmatveev.livejournal.com/74431.html (Дата обращения: 02.12.2022)
[6] Энгельс Ф. Письмо Конраду Шмидту 5 августа 1890 г. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч. 2-е изд. Т. 37. – С.370.
[7] Ятимов С. Асарҳо. Ҷилди 7. Идеология ва манфиати миллӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С.14.
[8] Петер Слотердайк. [Электронный ресурс] //https://ru.wikiquote.org (Дата обращения: 10.12.2022)
[9] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2018. [Манбаи электронӣ] //http://www.president.tj/node/19088(Санаи муроҷиат: 12.12.2022)
[10] Ятимов С. Асарҳо. Ҷилди 7. Идеология ва манфиати миллӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С.33.
[11]Эмомалӣ Раҳмон. Паёми табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ. 26.06.2014. [Манбаи электронӣ] //http://www.president.tj/node/6953 (Санаи муроҷиат: 14.01.2023)
[12] Давоми шаш моҳ дар кишвар 5486 оила вайрон шудааст [Манбаи электронӣ] //https://tajikpress.com/2020/07/13/... (Санаи муроҷиат: 16.01.2023)
[13] Хидирзода М. Амнияти мафкуравӣ – асоси суботи ҷомеа [Манбаи электронӣ] //https://khovar.tj/2023/01/tamini-amniyati-mafkurav-asosi-suboti-omea-andesha-oi-uzvi-kmir-mahfirat-hidirzoda-dar-oshiyai-payomi-prezidenti-to-ikiston-ba-ma-lisi-olii-um-urii-to-ikiston/ (Санаи муроҷиат: 26.01.2023)
[14] Ятимов С. Асарҳо. Ҷилди 7. Идеология ва манфиати миллӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С.19
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции