Паём. Мақоми зан дар ҷомеа
- Душанбе, Фев 06 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Зан-модар офаридгор, идомадиҳандаи насли инсон аст. Ў сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, олиҳаест, ки шукуҳу ҷилои сайёра ва оташи хонадон аз гармии меҳру муҳаббати зан сарчашма мегирад. Тору пуди зан-модар аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст ва беҳуда нест, ки дар ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ҳангоми пеш омадани душворӣ дар зиндагӣ мо пеш аз ҳама калимаи модарро ба забон мегирем, зеро модар ҳама вақт дар бари мо буда, ҳамнафасу ҳамқадами мо дар зиндагӣ аст. Бузургони олам низ дар назди бузургии зан- модар сари таъзим фуруд оварда, таъкид намудаанд, ки зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар давраи соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз ягон самти фаъолияти сохторҳои давлатиро бидуни иштироки фаъолонаи занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Имрўз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин аст, таъкид карданд, ки «Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд».
Дар Паёми Пешвои муаззам зикр карда шудааст: « ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш дода шавад, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем»
Дар асоси Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Мақсади асосии Стратегияи мазкур аз фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлат мебошад.
Дар ин самт дар паём зикр гардидааст, ки «ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд».
Ҳамчунин дар Паём қайд карда шудааст, ки «тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд».
Дар Паём таъкид гардидааст, ки «дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.
Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».
Инчунин дар Паём қайд гардид, ки «мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз равиши тоза гирифта истодааст.
Гуфтаҳои боло аз он далолат мекунанд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷиҳати фаъолияти босамари онҳо дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа тадбирҳои амалӣ ва саривақтӣ меандешанд, зеро занон ва модарони мо воқеан нерўи тавонои ақлонӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд..
Саидзода М.Ш.
ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи
давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи
давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции