Нақши паёми Пешвои миллат дар таҳкими мубориза бо ифротагароӣ
- Душанбе, Фев 06 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар оғози Паёми имсолаашон гуфтанд: “ Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд”. Дигаргуниҳои дар овони ахир ба вуқуъ пайвастаи саёра вазъи муташанниҷи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, низоъҳо ва таҳоҷумҳои дорои характери гуногун (сиёсӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ,) аҳволи кунинии ҷаҳонро басо ҳассос ва мураккаб гардонида аз ҳарвақта дида ҷидду ҷаҳд ва муқовимати пуршиддатро нисбат ба зуҳуроти номатлуб чун ифротгароӣ талаб намуда ҳифзи ҳамаҷонибаи арзишҳои милливу манфиатҳои давлатиро бештар аз ҳарвақта аз дилхоҳ шахси бо ору номуси миллӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ дошта тақозо менамояд.
Вазъи нооруму нигаронкунандаи кишварҳои мусулмоннишини Ховари Наздик ва Миёна, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон нишон медиҳад, ки агар дар шароити буҳронии кунунӣ ҳама гуна равандҳои дорои моҳияту хусусияти динӣ аз доираи танзими ҳуқуқӣ ва давлатӣ берун шуда, аз маҷрои муътадили худ хуруҷ намуда, хусусияти ифротгароёна ва хушунатомез гиранд, пас ин ҳолат амнияту ваҳдатро дар давлат ва ҷомеа зери хатар мегузорад. Маҳз бо мақсади таъмини рушди устувори мамлакат ва дар ин замина иҷрои ҳадафҳои стратегӣ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарсола имсол низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм қайд намуданд: “Имрўзҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шарҳвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Зимнан, ба мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати ошкорсозӣ ва пешгирии хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, ки метавонад ба амнияти давлату миллат хатар эҷод кунад, фаъолияти худро боз ҳам пурқуввату ҷоннок намоянд, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки зери мафҳуми «ифротгароӣ» (экстремизм), пеш аз ҳама, фаъолияти таҳрибкорона, ҷиноятҳои мудҳиши ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар назар дошта мешавад. Дастрасӣ доштани ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба воситаҳои навтарини иттилотӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ғояҳои ифротгароёнаи худро ба таври густурда паҳн намуда, сафи тарафдорони худро аз ҳисоби афроди ноогоҳу манфиатҷў зиёд намоянд. Вобаста ба ин, Певшои муаззами миллат супориш доданд, ки ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои характери ифротагароӣ дошта ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад, ки ин иқдом саривақтӣ меьошад. Ҳеҷ як давлат ва ҷомеаи озоду демократӣ аз хатари ифротгароӣ ва терроризм эмин нест ва барои муқовимат бо он бояд аз ҳамаи воситаҳо ва имкониятҳои мавҷуда пайгирона истифода барад. Дар ин росто, пеш аз ҳама, таҳқиқи пайваста ва мунтазами илмии омилҳои ифротгароӣ ва коркарди роҳҳои муқовимат бо он зарур мебошад.
Бо дарназардошти он, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон мусулмонанд, масъалаи то кадом дараҷа ба мафкура ва амалиёти мудҳиши ифротгароӣ муқовимат карда тавонистани ҷомеаи Тоҷикистон аз сатҳи маърифати умумӣ, аз ҷумла фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Аз ин рў, омўхтани маҷмўи ин масоил ва коркарди асосҳои назариявӣ ва амалии муқовимат бо ифротгароии хушунатомез, дар ин асос таҳияву коркарди пешниҳоду дастуруламалҳо барои ҳифзи вазъи солиму муътадили равандҳои ҷамъиятӣ аҳамияти амалӣ дорад.
Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ кўшиш доранд, ки равандҳои глобализатсиониро ба манфиатҳои худ мутобиқ сохта, барои амалисозии ҳадафҳои геосиёсии худ бештар аз ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротгаро истифода баранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистони зери ҳокимияти Толибон қарордошта ҳамсарҳад аст. Аз ин рў, хатари ифротгароӣ ва таҳдиди он ба Тоҷикистон беш аз пеш эҳсос мегардад. Аз ин лиҳоз, шинохти хатар ва таҳдидҳои экстремизм ва терроризм, коркарди роҳҳои пешгирии он барои ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Ҷиҳати дигари мафҳуми ифротгароӣ – ҷанбаи сиёсӣ ва ҳуқуқии он ба шумор меравад. Барои пешгирӣ кардани хатари зуҳури ифротгароӣ дар ҷомеа, бояд давлат ба ҳамаи равандҳои ҳаёти диниву фарҳангӣ аз рўи принсипи дунявият муносибат намояд.
Ифротгароӣ маҳсули ҷомеаҳое мебошад, ки дар онҳо барои ташаккули муътадиди худ зербинои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии зарурӣ надоранд. Барои пешгирии ифротгароӣ бояд омилҳои тавлидкунандаи ин падида муайян карда шаванд. Беҳтарин ва маҳсулноктарин роҳ дар самти муқовимат бо ифротгароӣ – ба роҳ андохтан ва дар ҳаёти ҷомеа дар амал татбиқ намудани принсип ё модели дунявияти давлат мебошад. Чӣ тавре ки таҷрибаи Тоҷикистони муосир ва кишварҳои дигари демократию дунявии ҷаҳон собит намуда истодааст, татбиқи усули дунявият на танҳо барои пешгирӣ намудани ифротгароӣ, балки барои заиф сохтани пояҳои ҳама гуна ҷинояту каҷрафториҳо ва амалҳои дигари барои ҷомеа ва инсон хатарнок шароит фароҳам меоварад. Дар самти пешгирии зуҳури таассубу ифротгароӣ ва таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ истифода аз мероси маънавии ниёгон низ хеле муҳим ва муфид мебошад. Мероси маънавӣ яке сарчашмаҳои аслии ташаккули худшиносии миллӣ ба шумор меояд. Дар солҳои охир бинобар афзудани хатарҳои ифротгароиву бегонапарастӣ зарурати бештар барои муаррифии осори лабрез аз ғояҳои инсондўстона ва адолатмеҳваронаи ниёгон мушоҳида мегардад.
Анъана ва маросими миллӣ низ дар муқовимат бо ифротгароӣ нақши муҳимро иҷро мекунанд. Дар даврони Истиқлолият ба шарофати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва такмили мунтазами қонуни мазкур тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ҷашну маросимҳо як қатор урфу одатҳои хурофотиву аз лиҳози иҷтимоӣ ва иқтисодӣ зарарнок тадриҷан барҳам дода шуданд. Ҷашну маросимҳо ҳамчун меъёрҳои дигари амалкунандаи иҷтимоӣ табиат ва низоми ҳуқуқӣ гирифта, раванди таҷлилу баргузории онҳо ба низом дароварда шуд. Таҳқиқи раванди татбиқёбии Қонуни танзим ва пешниҳодҳои амалӣ барои такмили танзими анъана ва ҷашну маросим бешубҳа барои пешгирии ифротгароӣ, аз байн бурдани таассубу хурофот ва дигар падидаҳои хатарноки замони муосир заминаи устувори илмиву амалиро фароҳам хоҳад сохт. Омўзиши мунтазам ва таҳлилу баҳогузории интиқодии маводи васоити ахбор, ки инъикоси ҳаёти ҷомеа мебошад, барои сари вақт ошкор ва ҳал намудани масъалаҳо, коркарди чорабинӣ, пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати таъмини вазъи муътадили ҳаёти ҷомеа хеле зарур мебошад. Дар ин замина тарбият намудани насли ҷавон дар руҳияи баланди худшиносиву бедории сиёсӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ ва муҳаббати беандоза доштан нисбат ба меҳани хеш ва дар ин баробар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ метавонад аз омилҳои муаассиртарини муқовиматкунанда бар зидди ифротгароӣ бошад ва ҳамзамон заминаи созгоре баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти миллию давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ дар кишвари маҳбубамон бошад.
Холов Ш.А.
номазди илмҳои фалсафа,
мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баховаддинови АМИТ
номазди илмҳои фалсафа,
мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баховаддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции