Нақши Пешвои миллат дар таҳкими маориф ва илм дар ҷумҳурӣ
- Душанбе, Фев 06 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамояд. Дар Паёми имсола низ ин нуктаҳо аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем... Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.” [3].
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо, мутаассифона, гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашта, дар баробари тамоми соҳаҳо илму маориф низ даҳсолаҳо қафо монд. Бо саъю талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз парокандагӣ, давлати он аз нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида, рушду пешрафти соҳаи маориф ва илм дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёт таъмин гардид. Бо назардошти ин рушду такомули соҳаи маориф ва илмро ба ду марҳилаи калон метавон тақсим намуд:
Марҳилаи якум солҳои 1991-1997-ро дар бар гирифта дар соҳаи мактабу маориф чунин падидаҳои буҳронӣ, ба мисли танқисии молиявии муассисаҳои таълимӣ, ба маротиб поён рафтани сатҳи маблағгузории давлатии соҳаи маориф, кам гардидани маоши омӯзгорон, соҳаи маорифро тарк намудани қисме аз омӯзгорон ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо, фарсудаву хароб гаштани биноҳои таълимӣ ва ғайра хос аст. Хусусан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншоотҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд.
Марҳилаи дуюм пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шуруъ гардида бо кӯшишҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат мушкилоти дар марҳилаи аввал ба миён омада на танҳо бартараф карда шуд, балки маориф ва илми кишвар аз нав рушд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, ки онҳоро мо дар ин мухтасар мушаххасан ва бо пайдарҳамӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳем дод.
Вобаста ба афзоиши буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар баробари дигар бахшҳои иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад. Соли 2023 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 7 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблағгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 570 баробар зиёд мебошад (бе назардошти инфлятсия).
Маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар солҳои 2001 – 2023, ки дар асоси қонунҳои буҷети давлатӣ тартиб дода шудааст [1]
(миллион сомонӣ)
СОЛ |
МАБЛАҒ |
СОЛ |
МАБЛАҒ |
СОЛ |
МАБЛАҒ |
2001 |
12,845 |
2009 |
1 110,208 |
2017 |
3 581,017 |
2002 |
15,588 |
2010 |
1 068,341 |
2018 |
3 863,064 |
2003 |
18,281 |
2011 |
1 363,359 |
2019 |
4 404,877 |
2004 |
36,574 |
2012 |
1 607,836 |
2020 |
4 533,628 |
2005 |
57,980 |
2013 |
2 130,836 |
2021 |
5 597,083 |
2006 |
77, 988 |
2014 |
2 516,965 |
2022 |
6 304,025 |
2007 |
506, 323 |
2015 |
2 918,639 |
2023 |
7 400,000 |
2008 |
691,248 |
2016 |
3 146,229 |
|
|
Дар ин замина, ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад. Масалан, дар соли 2012 музди кори онҳо, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо, барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи илм 30, фарҳанг ва стипендияи донишҷӯён 50 фоиз зиёд гардид [5, 156]. Дигар солҳо низ мунтазам маоши кормандони соҳаи маориф ва илм баланд бардошта шуда [2], аз ҷумла соли равон маоши омӯзгорон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шуд [3].
Бо вуҷуди он, ки таҳсилоти ибтидоӣ ва умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам норасоии ҳайати омӯзгорони касбиро ҳис мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои омода намудани омӯзгорон, таҳияи нақшаҳои таълим, таъмини риояи стандартҳои нави таълим ва ҳамчунин боло бурдани ҳавасмандӣ дар самти таҳсилоти умумӣ чораҳои зарурӣ таҳия ва татбиқ кардааст. Чораҳои андешида ба афзоиши бемайлон ва тадриҷии шумораи омӯзгорон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат намуд. Теъдоди умумии омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2010-2018 30,8% зиёд шуда, дар соли таҳсили 2019-2020 124593 нафарро ташкил додааст. Бо мақсади арзёбии сифати таҷрибаи омӯзгорӣ, махсусан, омӯзгорони ҷавон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №433 «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» ба мутахассисони ҷавон 10% иловапулӣ ба музди кор ва ба омӯзгорон қарзҳо пешбинӣ гардид [4].
Ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо –кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда, водор месозад, ки беш аз пеш заҳмат кашида, ба масъалаи рушди илм ва таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ диҳем, сатҳу сифати таҳқиқу таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Илму маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ буда, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Расулов Фотеҳ Мирқозиевич
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари
илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСваҲ ба номи А.М. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари
илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСваҲ ба номи А.М. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёт
- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ (солҳои 2001-2023). [манбаи электронӣ]. https://www.mmk.tj (санаи истифодабарӣ: 10.01.2023)
- Паём ва рисолати созандаи он (Маҷмуи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2016)). –Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. -516 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз12.2022 [манбаи электронӣ]. http://president.tj/node/29823 (санаи истифодабарӣ: 10.01.2023)
- Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз09.2020, №526 тасдиқ шудааст) манбаи электронӣ]. https://www.maorif.tj/storage/Dokument's/%D0%A1%D0%A2%D0%A0%D0%90%D0%A2%D0%95%D0%93%D0%98%D0%AF%D2%B2%D0%9E/b1f1813e0654f705a506e718fd627bc8.pdf (санаи истифодабарӣ: 10.01.2023)
- Шарифзода А. Фархундапай / А. Шарифзода, З. Қосимӣ. –Душанбе, 2014. -336 с.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции