casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Артиши миллӣ – мактаби ҷавонмардӣ ва ватандӯстии ҷавонон

  Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар дӯст доштану содиқ будан ба Ватан ва миллати худ, дарки манфиатҳои кишвари худ, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, ифтихор доштан аз дастовардҳо ва муваффақиятҳо ҳамватанони худ ва ҳамеша омода будан ба ҳифзи марзу буми Ватан ифода меёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад». Муфассал ...
Хондан 518 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Доир ба моҳият ва мазмуни падидаи Паёми Президенти кишвар

  Яке аз падидаҳои муҳими воқеъияти шакли идоракунии ҷумҳурӣ ин падидаи муроҷиати Президенти амалкунанда ба мақомоти олии қонунгузорӣ - Парламенти кишвар  мебошад. Расман таърихи ин падидаи сиёсӣ аз пайдоиши давлати Иёлоти муттаҳидаи Амрико оғоз гирифтааст. Вале дар таърихи давлатдории кишварҳои гуногун, муроҷиати сарвари давлат ба мақомоти интихобии кишвар  оид ба масоили мубрамми рӯз мушоҳида шудааст. Масалан монархи Англия ҷаласаи аввалини Парламентро оғоз мебахшад ва нисбат ба фаъолияти он масъалагузорӣ менамояд. Ба андешаи муҳаққиқи масъалаи мазкур  Сайнозимзода Фируз: «Падидаи Паёми Президент ба парламент заминаи таърихии тӯлонӣ дошта, аз таҷрибаи давлатдории Англия маншаъ мегирад. Ба андешаи баъзе олимон сухани тахтии ҳамасолаи монархи Англия ба парламент монанд ба Паёми Президент мебошад. Анъанаи бо сухани тахтии ҳамасола баромад намудани монархи Англия дар парламент дар асри XIII рӯйи кор омад ва то ҳол идома дорад. Муфассал ...
Хондан 342 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Артиши миллӣ – сипари Ватан

   «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад» (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 43)
 
  Аксарияти муҳаққиқон ва олимон масъалаи пайдоиши артишро бо пайдоиш ва инкишофи давлат алоқаманд кардаанд. Ҳар як давлат артиш ва ё қувваҳои мусаллаҳро ҳамчун як ниҳоди махсус барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ (барои амалӣ намудани ҳокимият ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар) таъсис медиҳад. Роҳбарияти сиёсӣ қувваҳои мусаллаҳро ҳамчун омили ҳарбӣ дар муносибатҳои қудратӣ, ҳифзи суботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат, таъмини манфиатҳои миллию давлатӣ ва албатта ҳамчун воситаи асосии пешбурди сиёсати ҳарбӣ ва дар ҷанг метавонад истифода барад. Ҳар як мамлакат дар лаҳзаҳои барояш душвортарин ба артиш ниёз дорад ва агар дар чунин вазъият мамлакат артиш надошта бошад, он метавонад ба зудӣ аз байн равад. Муфассал ...
Хондан 361 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Артиш – рукни муҳими давлатдории миллӣ

  Таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногуни олам собит намудааст, ки ҳастии ҳар як кишвару ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он бе артиши пуриқтидор вуҷуд дошта наметавонад. Чунки, ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аз устуворӣ ва сатҳи зарурии ташкилӣ он вобастагӣ дорад. Артиш дар арсаи ҳаёти ҷамъиятӣ ба сифати институти сиёсӣ баробари пайдоиши давлат ташаккул ёфта, тадриҷан ба унсури ҷудонопазири ҳокимияти давлатӣ табдил гардидааст. Артиш муносибатҳои ҷамъиятиро дар худ таҷассум менамояд. Дар фаҳми сиёсатшиносиаш артиш ниҳоди қудратии давлатист. Муфассал ...
Хондан 559 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(5 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia