casino malaysia
casino malaysia
Артиши миллӣ – сипари Ватан

wrapper

   «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад» (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 43)
 
  Аксарияти муҳаққиқон ва олимон масъалаи пайдоиши артишро бо пайдоиш ва инкишофи давлат алоқаманд кардаанд. Ҳар як давлат артиш ва ё қувваҳои мусаллаҳро ҳамчун як ниҳоди махсус барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ (барои амалӣ намудани ҳокимият ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар) таъсис медиҳад. Роҳбарияти сиёсӣ қувваҳои мусаллаҳро ҳамчун омили ҳарбӣ дар муносибатҳои қудратӣ, ҳифзи суботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат, таъмини манфиатҳои миллию давлатӣ ва албатта ҳамчун воситаи асосии пешбурди сиёсати ҳарбӣ ва дар ҷанг метавонад истифода барад. Ҳар як мамлакат дар лаҳзаҳои барояш душвортарин ба артиш ниёз дорад ва агар дар чунин вазъият мамлакат артиш надошта бошад, он метавонад ба зудӣ аз байн равад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ Артиши миллии худро дорад ва 23-уми феврали соли 1993 расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.
Мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад ва ваколатҳои дигари конститутсионӣ дар ин самт дорад, ки бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз он истифода мебарад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳарбӣ, ба афзалияти манфиатҳои миллӣ нигаронида шуд. Тамоюли устуворшавии давлатдорӣ, мутамарказии ҳокимияти давлатӣ пурзӯр гардид. Дар таъсисёбии қисму томҳои Артиши миллӣ дигаргуниҳои мусбат ба амал омада, мақоми хизматчиёни ҳарбӣ – посбонони Ватан беш аз пеш баланд мешавад. Дар Тоҷикистон муассисаҳои махсуси таълимӣ таъсис дода шуданд, ки ба тарбияи кадрҳои низомӣ ва таҳкими руҳияи сарбозон бо камоли кордонӣ машғуланд.
Бо шароити муосири геополитикӣ тақозо шуд, ки барои дифоъи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи ҳарбии мамлакат қавитар гардонида шавад. Артиши миллии неруманд алҳол метавонад вазифаи бунёдии худ – таъмини амнияти давлат аз ҳамлаи таҷовузкоронро сарбаландона иҷро намояд. Тавассути иҷро кардани вазифаҳои асосии худ, артиши мамлакат вазифаи бунёдиро дар соҳаи амнияти миллӣ ҳал мекунад. Дар қатори вазифаҳои асосии Артиши миллӣ инҳоро номбар кардан мумкин аст: муҳофизати истиқлолияти давлатӣ; ҳифзи манфиатҳои ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат; таъмини якпорчагии мамлакат; ҳифзи сарватҳои моддию маънавии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат. Артиши миллӣ барои иҷрои ин вазифаҳо дар ҳолати омодагии доимӣ қарор дошта, воқеан сипари Ватан мебошад.
Дар замони осоишта артиши мамлакат иқтидори ҳарбии худро, дар доираи қонунҳои амалкунанда, дар чунин самти корҳо истифода мекунад:
– пешгирии фаъолияту амали муташаккилонаи гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва қувваҳои дигари душманона;
– пешгирӣ кардани таҷовузи душманони эҳтимолӣ;
– дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ ё дигар, иштирок дар амалиёте, ки ба дастгирии ҳамзистии осоишта нигаронида шудааст;
– андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инчунин иштироки сарбозон ва воситаҳои техникӣ дар бартарафсозии оқибати офатҳо ва ғ.
Ҳамин тавр, сарбозони Ватан дар ҳар як вазъияти ногувор барои халқу давлати мо пуштбон ҳастанд, рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекунанд.  
Албатта, аксарияти мардуми кишварҳои ҷаҳон дар сулҳу салоҳ зистан мехоҳанд, вале мутаассифона, шароит на ҳамеша ба ин мусоид аст. Таҷрибаи ҳаёт нишон медиҳад, ки ягон мамлакат бидуни доштани артиш ва яроқу аслиҳа зиндагии осоиштаи шаҳрвандонашро кафолат дода наметавонад. Ҳатто мамлакатҳое, ки соҳиби яроқи ҳастаӣ мебошанд, онро «силоҳи боздоранда», омили ҳифзи мардум аз шиканҷаҳои душманон меҳисобанд. Бояд зикр кард, ки дар чунин шароит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии сарбозон, беҳтар гардонидани таъминоти техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Ҳамеша бояд дар мадди назар дошта бошем, ки ҳаёти осоиштаи мо маҳз ба туфайли он аст, ки нафароне ин осоиштагиро рӯзу шаб посбонӣ мекунанд, қарзи ватандории хешро дар сафи Артиши миллӣ садоқатмандона иҷро мекунанд.
 
 
Назар М. А.
номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia