casino malaysia
casino malaysia
Артиш – рукни муҳими давлатдории миллӣ

wrapper

  Таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногуни олам собит намудааст, ки ҳастии ҳар як кишвару ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он бе артиши пуриқтидор вуҷуд дошта наметавонад. Чунки, ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аз устуворӣ ва сатҳи зарурии ташкилӣ он вобастагӣ дорад. Артиш дар арсаи ҳаёти ҷамъиятӣ ба сифати институти сиёсӣ баробари пайдоиши давлат ташаккул ёфта, тадриҷан ба унсури ҷудонопазири ҳокимияти давлатӣ табдил гардидааст. Артиш муносибатҳои ҷамъиятиро дар худ таҷассум менамояд. Дар фаҳми сиёсатшиносиаш артиш ниҳоди қудратии давлатист.
 Профессор Зокиров Г.Н. се хусусият ва аломати махсуси артишро нишон дода, онро ҳамчун институти сиёсии ҷомеа муаррифӣ менамоянд:
  1. Артиш ниҳоди давлатист. Он манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумимиллиро таҷассум ва ҳимоя менамояд. Ба идораи ҷомеа машѓул гардида, таркиботи иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳимоя намуда, давлат дар олам ва дар дохили мамлакат вазифаҳо ва манфиатҳои махсуси худро дорад, ки моҳият ва ҳудудҳои он ҳам табиати давлат ва ҳам шароити таърихии инкишофи онро ифода менамоянд.
  2. Артиш ташкилоти мусаллаҳ мебошад. Аз муассиса ва институтҳои дигари давлатӣ артиш бо он фарқ менамояд, ки неруи мусаллаҳ аст. Вобаста ба ин ҳеҷ як ташкилоти дигар наметавонад чунин қудрат пайдо намояд.
  3. Артиш ташкилоти ҳарбии давлатии таъиноти махсус мебошад. Он қодир аст биҷангад ва ё дар сатҳи гуногун - тактикӣ, оперативӣ ва стратегӣ муборизаи мусаллаҳона барад. Қудрати артиш дар миқдор, сифати яроқ ва техникаи ҷангӣ, омодагии касбии таркиби шахсӣ, таркиби ташкилии мутаносиб, инкишофи илми ҳарбӣ ва омилҳои дигар таҷассум меёбад.
  Артиши миллии Тоҷикистон - маҷмӯи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини амнияти кишвар таъсис ёфтааст. Раванди ташаккули артиши миллии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мураккаб ва муқовиматбор сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки дар он рӯзҳои вазнин, ки ҳанӯз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор аз паси ошубҳои хиёнаткорона буданд бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар зарур буд. 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштубонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қувваҳои муссалаҳи љумҳурӣ дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳасоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт устувор гашт.
  Ҳадафи асосии таъсиси артишро ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, таъмини озодии шаҳрвандон ва мухторияти кишвар ташкил медоданд. Дар аввал гурӯҳҳои зудамал ташкил гардиданд, ки вазифаи муҳимтарини онҳоро мубориза ба муқобили қувваҳои оппозитсионӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ ташкил медоданд. Соли 1994 Артиши миллӣ қариб тамоми ҳудудҳои Тоҷикистонро зери назорат қарор дода буд. Солҳои 1994-1996 давраи сеюми ташаккул ва рушди Артиши миллии Тоҷикистон мансуб меёбад. Дар ин давра неруҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, неруҳои зиддиҳавоӣ таъсис ёфтанд. Марҳилаи чоруми таъсис ва такмили Артиши миллии Тоҷикистон баъди ба имзо расидани Созишномаи барқарор намудани сулҳ ва ризояти миллӣ оғоз ёфт.
  Воқеан ҳам, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.
Ҳамин тариқ, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд. Он яке аз сохторҳои низоми кишвар буда, фаъолияташро баҳри ҳимояи истиқлолият, амният, марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардум равона намудааст. Дар шароити муосир бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
  Тавре, ки Пешвои миллат дар Суханронии худ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан, вақтҳои охир зудтаѓйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ѓайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд. Дар баробари ин, амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор, метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад. Дар чунин шароит ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмин намудани амнияти Ватани азизамон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошад».
  Бояд гуфт, ки хизматчиёни ҳарбӣ, тайи сӣ сол баҳри ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда истодаанд. Махсусан, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили сохториро паси сар намуда, ба марҳалаи мувофиқ кардани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расиданд.
Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тољикистон барои ҳифзи хоки муқаддаси Тољикистон ва давлату миллати соҳибистиқлоли тољик аз ҳар гуна омилҳои хатарнок ҳаматарафа омода мебошад ва ин вазифаро сарбаландона иљро карда, намегузорад, ки ҳаёти амну осоишта ва рушди босуботи љамъиятию иқтисодии кишвари моро хатаре таҳдид кунад.
  Бояд гуфт, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Аз ин рӯ, имрӯз бояд ҳар ҷавони фидокор ва дар роҳи ҳимояи Ватани хеш устувор, ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, нисбат ба Ватан садоқати бепоён доштан, ҳамеша омода будан ба иҷрои қарзи ҳарбиро дар замири худ ҷой диҳанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи афсарону сарбозони ѓаюру шуҷои Ватанро ба ифтихори сисолагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
 
Зулайхо Қодирова 
ходими илмии шуъбаи масоили
фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia