casino malaysia
casino malaysia
Доир ба моҳият ва мазмуни падидаи Паёми Президенти кишвар

wrapper

  Яке аз падидаҳои муҳими воқеъияти шакли идоракунии ҷумҳурӣ ин падидаи муроҷиати Президенти амалкунанда ба мақомоти олии қонунгузорӣ - Парламенти кишвар  мебошад. Расман таърихи ин падидаи сиёсӣ аз пайдоиши давлати Иёлоти муттаҳидаи Амрико оғоз гирифтааст. Вале дар таърихи давлатдории кишварҳои гуногун, муроҷиати сарвари давлат ба мақомоти интихобии кишвар  оид ба масоили мубрамми рӯз мушоҳида шудааст. Масалан монархи Англия ҷаласаи аввалини Парламентро оғоз мебахшад ва нисбат ба фаъолияти он масъалагузорӣ менамояд. Ба андешаи муҳаққиқи масъалаи мазкур  Сайнозимзода Фируз: «Падидаи Паёми Президент ба парламент заминаи таърихии тӯлонӣ дошта, аз таҷрибаи давлатдории Англия маншаъ мегирад. Ба андешаи баъзе олимон сухани тахтии ҳамасолаи монархи Англия ба парламент монанд ба Паёми Президент мебошад. Анъанаи бо сухани тахтии ҳамасола баромад намудани монархи Англия дар парламент дар асри XIII рӯйи кор омад ва то ҳол идома дорад.
  Баъдан ҳамчун падидаи Паёми Президент ба парламент он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (минбаъд – ИМА) пайдо шудааст. Бо қабул гардидани Конститутсияи ИМА дар соли 1787 падидаҳои Президент ва Паёми Президент ба парламент бори аввал расман дар ин давлат муқаррар карда шудаанд.
  Ҳоло ироаи Паёми Президент ба парламент ба ҳукми анъана даромада, дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба маъракаи муҳимми сиёсиву давлатӣ мубаддал гаштааст»[2,11-12], ки таърихи пайдоиши онро ба таври мухтасар ва возеҳ номбар кардааст.
Ҳангоми таҳлили таърихи пайдоиши падидаи мазкур бояд қайд намоем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ин анъанаи давлатдории шакли ҷумҳуриро собитқадамона амалӣ намуда, моҳият ва мазмуни онро ташаккул ва такмил медиҳад. 
Саволе ба миён меояд, ки чаро падидаи Паёми Президент дар шакли идоракунии ҷумҳурӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст ва он расмиёте гардидааст, ки кулли ҷумҳуриҳо онро риоя мекунанд. Бо такя ба таҳлилҳои муҳаққиқон бояд қайд намоем, ки Паём дар шакли идоракунии ҷумҳурӣ яке аз падидаҳои мураккаби таҳия намудани сиёсати давлатӣ, таҳияи нақшаи фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар  кутоҳмуддат, муайян намудани вазифаҳо дар соли навбатӣ буда, масоили дар он гузошташуда, роҳҳалҳои он - нақшаи кории фаъолияти ҳар як мақомоту муассиса дар масъалаҳои гузошташуда гашта, ҳаллашон аз усулу роҳҳои пешбинишуда дар паём вобаста мегардад. Аз ин сабаб, Паём санади хеле муҳим дар ҳаёти сиёсии кишвар эътироф мегардад.
  Аҳаммияти он дар фаъолияти рӯзмарраи кишварҳои гуногун сабаб шудааст, ки баъзе сиёсатмадорон ва ҳатто ҳуқуқшиносон онро ҳамчун санади ҳуқуқӣ, санади меъёрӣ–ҳуқуқӣ, падидаи меъёрӣ ҳуқуқии конститутсионӣ номида мақоми онро аз қонунҳо баландтар мешуморанд[2,13]. Дар масъалаи мазкур аллакай рисолаҳои таҳқиқотӣ анҷом дода шуда, бомуваффақият дифо шуданд[2].
Таъкид кардан зарур аст, ки ҳарчанд падидаи Паём дар кишварҳои гуногун бо ин ном амалӣ мегардад, вале таърихи мавриди амал қарор гирифтан ва ворид намудани падидаи паём ва ҳамчунин масоиле, ки дар он мавриди баррасӣ қарор мегирад аз ҳамдигар тафовут доранд.
 Аз ин сабаб, агар ба таърихи падидаи паём дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, он бо тағйиру иловаҳо аз 26-уми сентябри соли 1999 ба матни моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, расман «Паёми Президенти ҶТ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» [1,мод. 55] номида шуд, яъне Президент ҳамасола дар бораи ҳолат ва дурнамои самтҳои асосии рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар назди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда ҳолат, мушкилот, самтҳои рушди онҳо, саҳми ҳар як мақомоту мансабдор, ҷоема ва шохаҳои ҳокимиятро дар амалисозии он мушаххасу муайян менамояд.
Бо рушду такмили Конститутсияи амалкунанда, минбаъд макон, мақомот  ва субъектҳои асосие, ки Паём ба онҳо нигаронида мешавад, дар  моддаи 55 Конститутсия дар асоси тағйиру иловаҳое, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҶТ аз 22-юми июни соли 2003 ворид шуданд, мушаххас гардид. Тибқи тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми моддаи 55 дар таҳрири нав муқаррар гардид, ки: «дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд» [1,модд.55]. Тибқи ин тағйирот макони ироаи Паём дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ муқаррар гардид. Ин меъёр аз аҳаммияти фавқулода муҳим доштани Паём дар ҳаёти кишвар шаҳодат медиҳад.
  Қайд намудан лозим аст, ки новобаста аз танзим нашудани шакли Паём ҳамчун санади расмӣ, мавҷуд набудани андешаи ягонаи пазируфташуда дар таълимоти ҳуқуқшиносӣ ва қонунгузории кишвар дар муайян кардани табиати ҳуқуқии он[2], рисолаи Паём ва масоили дар он баррасишаванда муҳимтарин самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақомоту муассисаҳо, куллан ҷомеа ва ашхосро дар бар мегирад.
  Аз як ҷониб, Паём хулосаи фаъолияти анҷомдодаи мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ бошад, аз ҷониби дигар вазифагузорӣ дар соли ҷорӣ мебошад. Инчунин, новобаста аз он ки Паём падидаи ҳарсола аст, махсусан Паёми Президенти Тоҷикистон дар аксар маврид масоили сиёсати давлатии чӣ дохила ва чӣ дар самти хориҷии фаъолият барои дарозмуддат муайян мекунад. Махсусан эълон кардани солҳои 2020-2040 солҳои рушди соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, эълон кардани саноатикунонӣ ҳамчун мақсади стратегии кишвар ва ғайра баёнгари хусусиятҳои хоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  Албатта, матн ва хусусияти хоси паём дар ҳар кишвар аз махсусияти таърих, фарҳанг, иқтисодиёт, дараҷаи рушди элитаи сиёсӣ ва дигар омилҳои маънавию фарҳангӣ, иқтисодиву сиёсӣ вобаста мебошад. Аз ҷониби дигар, масоил ва мушкилоти доғи рӯз муайянкунандаи муҳтаво ва мазмуни Паёми Президент мебошанд.
  Имрӯз дар Тоҷикистон Паём ба сифати муҳимтарин санаде, ки ҳолати имрӯзаи ҷамъиятро муайян намуда, дар баробари он барои ташаккул ва ҳалли мушкилоти ҷомеа, вазъи геополитикӣ ва афзун намудани нерӯи стратегии кишвар, дифои самаранок, вазъи иқтисодиву сиёсии кишвар равона шудааст. Аз ин сабаб, мо ба андешаи муҳаққиқони ин падидаи муҳими сиёсӣ, алалхусус  н.и.ҳ. Сайнозимзода Фирӯз мувофиқ ҳастем, ки минбаъд бояд кушишҳо баҳри муайян ва мушаххас намудани ин падидаи муҳим дар ҳаёти сиёсии кишвар дастгирӣ карда шавад.  
 
 Буризода Э.Б.
д.и.ҳ., профессор,  мудири Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуки Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқӯқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 
 


Адабиёт:
  1. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016. –Душанбе: Ганҷ, 2016. – 135 с.
  2. Сайнозимзода Ф.С. Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ: Автореф. дисс… н.и.ҳ. –Душанбе, 2022. – 35 с.
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia