Артиши миллӣ – мактаби ҷавонмардӣ ва ватандӯстии ҷавонон
- Сешанбе, Фев 14 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аксарияти кулли пурсишшавандагон – 93,6% бо ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто дар сурати пешниҳод шудани маблағи калон ҳам хиёнат намекунанд. Ҳамзамон 88,2%-и мусоҳибон омода ҳастанд, ки дар сурати ҳамлаи душман ба хоки кишварамон барои ҳимояи Ватан ҷонашонро дареғ намедоранд (нигаред диаграммаи 2). Аксарияти пурсишшавандагон (87,1%) қайд кардаанд, ки нисбат ба ватанфурӯшон нафрати беандоза доранд ва онҳоро хоину душмани миллат мешуморанд (нигаред диаграммаи 3).
Диаграммаи 2. Фарз кардем, ки душманон аз сарҳади кишварамон ворид шуданд, Шумо чӣ кор мекунед? (n=1500, %)
Диаграммаи 2. Муносибати Шумо нисбати ватанфурӯшон чӣ гуна аст? (n=1500)
Яке аз нишонаи ватандӯстии ҷавонон ҳифзи Ватан бо қалам ва сухан мебошад, яъне шахси ватандӯст намегузорад, ки касе ё гурӯҳе нисбати Ватан ва миллаташ суханҳои қабеҳу ноҷо ва душманона гӯяд. Махсусан, имрӯз баъзе аз шахсони ватанфурӯш ва хоини миллат аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нисбати кишварамон ва миллатамон ҳама гуна тӯҳмату суханҳои душманонаро паҳн менамоянд. Натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки аксарияти мусоҳибон (52,3%) дар вақти дар интернет пайдо шудани наворҳо ва ё навиштаҳои зидди Тоҷикистон ҳатман вокуниш нишон медиҳанд, шарҳи худро навишта, Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд. Аммо 9,9% қайд кардаанд, ки ин гуна навору навиштаҳоро тамошо мекунанд ва мехонанд, лекин ягон вокуниш нишон намедиҳанд (нигаред диаграммаи 4).
Диаграммаи 4. Дар вақти дар интернет пайдо шудани наворҳо ва ё навиштаҳои зидди Тоҷикистон Шумо чӣ кор мекунед? (n=1500, %)
Яке аз масъалаҳои асосие, ки ҳалли он дар назди мақомоти масъул вазифаи аввалиндараҷа аст – ин боло бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон мебошад. Таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки мусоҳибон барои баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон омилҳои гуногун, мисли ташкил намудани марказҳо ва клубҳои ватандӯстӣ (34,7%), ба роҳ мондани озмунҳо, намоишҳо ва ва фестивалҳои ватандӯстӣ (35,2%), ташкил намудани бозиҳои варзишӣ ва ҳарбӣ (23,9%), ҷашнгирии пуршукуҳи ҷашну идҳои миллӣ (21,6%), тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ (18,3%), нашр ва паҳн намудани адабиёти ватандӯстӣ (15,5%), ташкил намудани сомонаҳои интернетии хусусияти ватандӯстӣ (13,1%, бовар кардан, ки кишвари ман беҳтарин аст (10,4%), вохӯрӣ ва қадрдонии Иштирокчиёни ҶБВ ва Афғонистон (3,9%) ва ғайраҳоро номбар намудаанд (нигаред ба диаграммаи 5).
Диаграммаи 5. Дар вақти дар интернет пайдо шудани наворҳо ва ё навиштаҳои зидди Тоҷикистон Шумо чӣ кор мекунед? (n=1500, %)
Хизмат дар Артиши миллӣ яке аз нишондиҳандаҳои ватандӯстии ҷавонон мебошад. Аз чор се ҳиссаи мусоҳибон (75%) хизмат дар Артиши миллиро қарзи виҷдонии ҳар як ҷавон мешуморад. Аз се як ҳиссаи мусоҳибон (30%) хизмат дар Артиши миллиро ифтихор медонанд. Ба ақидаи онҳо хизмат дар артиш мактаби мардонагӣ буда, дар ташаккули характери ҷавонон (25,9%) нақши ҳалкунанда мебозад (нигаред диаграммаи 6).
Диаграммаи 6. Шумо нисбат ба хизмати ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ чӣ фикр доред? (n=952, %)
Хулоса, ҳифзи Ватан ва манфиатҳои миллӣ қарзи виҷдонӣ ва имонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагию ватандӯстӣ, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Ватани азизи худ буда, дар ташаккули ҷавонон ҳамчун неруи созанда нақши ҳалкунанда мебозад. Маҳз таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихори миллӣ, содиқ будан ба Ватан ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Шоисматуллоев Ш.
Узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор,
мудири шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ;
Миров Ф.С.
ходими калони илмии шӯъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции