casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Андешаҳои мутафаккирон оид ба пайдоиши ҷашни Сада  

  Иди Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврўз ва Меҳргон қарор дорад. Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврўз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврўз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рўзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рўзи мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рўз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодисаҳои пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозанд. Дар ин айём деҳқонон тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷўйборҳо, ба замин пошидани пору ва дигар корҳо машғул шаванд. Ғайр аз ин, Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз нигоҳи ниёгони мо ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевосиати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Муфассал ...
Хондан 296 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

«Наврўзнома»-и Абурайҳони Берунӣ (Наврўз, пайдоиши он ва масъалаи соли қабиса дар «ал-Осор ал-боқия»)

   Пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме дар баробари усулу воситаҳои дигари таъсиррасон ба ҷаҳонбинии ҷавонони имрўза аст, ки онҳоро аз роҳи талқин аз тақлид ба ҳаракатҳои ифротиву тундрави сиёсиву динӣ берун мекашад ва барои ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад. Падидаҳои бузурги фарҳангӣ ва илмӣ ҳамонанд, ки оламшумул бошанд, онҳо сарҳадҳои сохтаро убур кунанд ва барои тамоми ҷаҳониён бе тафовут аз ирқу нажод ва забону тамоили сиёсӣ хидмат намоянд. Падидаи миллӣ ва дар айни замон ҷаҳоншумул будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳир, ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуби мазҳабиву минтақавӣ дар таблиғу интишори илм кўшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Осори ҷовидонаи илмии онон дар Шарқу Ғарб баҳои сазовор гирифта, дар донишгоҳҳои онҷо таълим дода шуда ба ҳамин васила дар тўли асрҳои зиёд барои пешрафт ва шукуфоии инсоният хидмати босазо расонидааст. Абурайҳон Муҳаммад ибн Аҳме́д ал-Берунӣ дар шаҳри Киёти Хоразм 4 октябри соли 973 таваллуд шуда баъди умри бобаракат ва пур аз фарозу нишеб 9 декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнии (Афғонистоин ҳозира) ин олами фониро падруд гуфтааст. Беруни мутафаккири бузурги тоҷику форс, ки асли решаи эронии хоразмӣ дорад, ў чандин асарҳои илмӣ оид ба таърих, ҷуғрофӣ, илми адаб (филология), нуҷум, илми ҳисоб, илми механика, геология ва минералогия, ва инчунин минералогия, фармакология (дорушиносӣ), илми омўзишҳои куҳӣ (геология) ва ғ. Офаридааст. Соли 2022-2023 тибқи қарори ЮНЕСКО дунёи мутамаддин ҷашни бузургдошти 1050 солагии Абурайҳони Беруниро ботантана қайд мекунад.    Муфассал ...
Хондан 421 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ҷашни Сада рамзи оташ, нур, муқовимат ва нишони озодманишӣ

  Метавон арз намуд, ки Сада рамзи пирӯзии равшаниву нур бар торикиву зулмот, рамзи нур ва нишоту тантана аз кашфу ихтирои оташ аст, ки бар пояи он тамаддуни инсонӣ гузошта шудааст. Илова ба ин ин ҷашн нишонаи муқовимат бо маҳрумиятҳои табиӣ ва озодӣ аз душвориву гирудорҳои ҳаёт аст, Аз нигоҳи гоҳшиносӣ фарорасии он бо ба анҷом расидани чиллаи калон ва саршавии чиллаи хурд алоқаманд аст, яъне фосилаи роҳе аз ҳаракати Хуршед дар миёни шаби Ялдо (22 декабр) ва Наврўз (21 март). Дар даврони бостон ҷашни Сада маъмулан дар даҳумин рўзи баҳманмоҳи гоҳшумории аҷдодӣ, мутобик ба 30 январи тақвими милодӣ таҷлил мешуд ва ба боварҳои динию ҷаҳоншинохтии ориёӣ марбут буд. Тибқи одат дар аҳди қадим ва инчунин имрўз рӯзи 30 январ ҳама дар кӯча ҷамъ шуда, гулхан меафрӯзанд, гурўҳе намоз мехонанд ва гурўхе суруд мехонанд, рақсу хурсандӣ мекунанд, намоишҳои мусиқӣ ё театрӣ ташкил карда мешаванд. Муфассал ...
Хондан 350 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Ҷашни Сада – рамзи нури тамаддуни башар

  Аз давраҳои қадим дар сарзамини тоҷику форси бостон ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ бо ҳам алоқаманд буданд. Дар таърихи бостони халқи мо Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Ҳушанг – писари чаҳоруми Одам аст, яъне ба пушти чаҳоруми Одам мерасад. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд. Ў нахустин касест, ки заминро аз ҳар ҷиҳат ободон кард ва ба сохтмону шаҳрсозӣ рўй овард. Болотар аз ҳама он аст, ки оинҳо ниҳод ва дод густурд ва ба ин хотир ба ў лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[1] Муфассал ...
Хондан 343 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia