casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Паёми тақдирсоз ва ояндабин

  Дар санаи 23-уми декабри соли 2022 дар парлумони кишвар ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз воқеаҳои муҳими ин давра ба ҳисоб рафта, дар он дастовардҳо, натиҷагириҳо ва дурнамои ояндаи  рушди давлатдории тоҷикон пешбинӣ карда шуд.
  Сарвари далат қайд намуданд, ки: «Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад». Аммо ба андешаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд». Муфассал ...
Хондан 403 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Паём ва рушди бомароми ҷомеа

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баёнгари вазъи кунунии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа буда, ҳамчун дастурамали рушди минбаъдаи кишварамон баромад менамояд. Дар Паёми имсола низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иҷтимоӣ, мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои онҳоро таҳлилу арзёбӣ намуда, дар назди мақомоти масъули соҳа вазифаҳои нав ва муҳимро  гузоштанд. Яке аз бахшҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши иҷтимоии он мебошад, зеро ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ робитаи бевосита дошта, барои ҳамзистии осоишта ва зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст. Маъмулан, бахши иҷтимоии Паём соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографиро фаро мегирад. Муфассал ...
Хондан 300 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Паём. Рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонон фишанги пешрафти давлату миллат хоҳад буд

  Ҷомеаи ҷаҳон ва кишвари Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи тақдирсоз ва хеле мураккаби таърих қарор дорад, вале чун мардуми мо ба ҳалли ҳаргуна падидаҳои мушкилзои оянда хушбин аст, медонад, ки роҳҳои аз ин гуна вазъият оқилона ва бо хушї баромадан ва ҳар гуна чолишҳои сиёсиву иқтисодиро ба имконияти рушди муваффақона табдил додан вуҷуд доранд. Ин нуктаҳоро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид ва онро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон якдилона ва бо диққати том тариқи васоити ВАО-и кишвар тамошо намуданд, тасдиқ мекунад. Муфассал ...
Хондан 451 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(4 Овозҳо)

Паём. Фарҳангу илми миллӣ беш аз пеш рушд хоҳад кард!

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи давлатдорӣ дар охири соли 2022 Паёми худро ба намояндагони расмии давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар расонданд. Чун ҳамеша Паёми Пешвои миллат ҳам дар самти сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ ва инчунин, аз рушди илму фарҳангу маориф фарогир буд.
Хусусан, Пешвои миллат дар самти фарҳангу илму маориф суханони созандаву дурнаморо ироа доштанд, ки албатта, барои кормандони соҳаҳои болозикр масъулияти дучандтарро тақозо мекунад. Дар ҳар баромад ё Паёми худ Пешвои миллат изҳор медоранд, ки сиёсати давлатдориашон аз ҳама бештар илму маорифро ҷонибдорӣ мекунад ва ҳам барои густаришашон тамоми имкониятҳоро фароҳам хоҳад овард. Муфассал ...
Хондан 271 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia