casino malaysia
casino malaysia
Паём ва рушди бомароми ҷомеа

wrapper

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баёнгари вазъи кунунии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа буда, ҳамчун дастурамали рушди минбаъдаи кишварамон баромад менамояд. Дар Паёми имсола низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иҷтимоӣ, мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои онҳоро таҳлилу арзёбӣ намуда, дар назди мақомоти масъули соҳа вазифаҳои нав ва муҳимро  гузоштанд. Яке аз бахшҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши иҷтимоии он мебошад, зеро ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ робитаи бевосита дошта, барои ҳамзистии осоишта ва зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст. Маъмулан, бахши иҷтимоии Паём соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографиро фаро мегирад.
  Дар оғози Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони азизи мо соли бобарор буд, зеро дар шароити мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърих, бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона татбиқ ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнати шаҳрвандон афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ то 22,5% коҳиш ёфт ва вазъи шуғли аҳолӣ беҳтар гардид. Ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ 14,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки қариб ними ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро дар бар мегирад.
  Дар ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва маориф таваҷҷуҳи бештар дода мешавад ва ғамхорӣ кардан ба илму маорифро сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ меҳисобанд. Сарвари давлат ҳамеша ба омӯзгор эҳтироми хосса доранд ва омӯзгорро ҳамчун шахси мафкурасоз ва тарбиятгари насли наврас меҳисобанд, саводи мардум, бунёди миллати мутамаддин, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва рушди давлатро ба омӯзгор, мактаб ва маориф нисбат медиҳанд.  Дар Паём зикр гардид, ки дар давоми истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ҳол он ки дар 70 соли даврони то истиқлоли давлатӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд, инчунин шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
  Бояд ёдовар шавем, ки рушди бонизоми соҳаи илму маориф ва мақому манзалати олиму омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳисобида шуда, барои рушди соҳаи илму маориф ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии кормандони соҳаи илму маориф ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Дар ҷавоб аз ин ғамхориҳо аз кормандони илму маориф даъват ба амал оварданд, ки кашфиёту ихтироотро ба анҷом расонанд, усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосирро ҷорӣ намоянд, фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олиро мутобиқ ба равандҳои ҷаҳони имрӯза ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монанд, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосири бозори меҳнат тарбия кунанд ва дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
  Бахши дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишварамон соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои ҳифз ва барқарорнамоии саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, инчунин бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Дар Паёми имсола қайд гардид, ки дар давоми истиқлоли давлатӣ 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд, ҳол он ки дар 70 соли даврони то истиқлоли давлатӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд бунёд гардида буд. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
  Сарвари давлат ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки барои ҳифз ва барқарор намудани тандурустии аҳолӣ “таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд”. Инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани шароити  зиндагонии кормандони соҳаи тандурустӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд, ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, аммо омода намудани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.
  Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю сазовор ва рушди озодонаи шахсию касбиро фароҳам меорад. Сарвари давлат дар ҳар як суханронии худ махсус қайд менамоянд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад. Бо ин мақсад барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда мешаванд. Дар Паём қайд карда шуд, ки “то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад”.
Сарвари давлат бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки “ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд”. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия ва дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
  Масъалаи дигари иҷтимоие, ки дар Паём баррасӣ гардид, дастрасӣ ба манзили зист мебошад. Маълум аст, ки аҳолии Тоҷикистон босуръат зиёд мегардад ва моҳи июли соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар рафта расид. Табиист, ки бо зиёд шудани аҳолии Тоҷикистони камзамин талабот ба манзили зист низ афзуда, ба масъалаи муҳими иҷтимоӣ табдил меёбад.  Дар Паём қайд гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла “Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст”. Ҳамзамон, дар давоми истиқлоли давлатӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, ки барои таъмини аҳолӣ ба манзили зист ва беҳтар гардонидани шароити истиқоматии шаҳрвандон мусоидат намуд. Сарвари давлат барои сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди сангҳои ороишӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба мақомоти масъул супоришҳои саривақтӣ доданд.
  Масъалаҳои шуғлмандии аҳолӣ, таъсис додани ҷойҳои корӣ, ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, махсусан, ҷавонон ва касбомӯзии шаҳрвандон пайваста дар зери назари Сарвари давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш қайд намуданд, ки таъсис додани ҷойҳои корӣ ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани ҳамаи аҳолии қобили меҳнат яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба ҳисоб меравад. Роҳбари давлат мақомоти масъулро вазифадор карданд, ки  барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл, тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ омода ва амалӣ намояд. Бори дигар таъкид гардид, ки “Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд”.
Дар анҷоми Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамватанони азиз даъват ба амал оварданд, ки софдилона, содиқона, бо иқдому ташаббусҳои созанда ва ҳисси баланди масъулият ба Ватан ва халқ хизмат намоянд, барои таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, рушди давлат ва ободии Ватан бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.
  Умуман, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» як қатор пешниҳодҳо, супоришҳо ва вазифаҳо ба миён гузошта шуданд, ки ҳамчун дастурамал ва роҳнамои фаъолияти ҳар як шаҳрванд ва муассисаю ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ баромад намуда, барои рушди устувори ҷомеа, тағйири сифатии вазъи иҷтимоии ҷомеа, беҳтар гаштани шароитҳои зиндагии арзандаю сазовори шаҳрвандон таъсири бунёдӣ расонида, барои расидан ба ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
 
Шоисматуллоев Ш. – узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор,
 мудири шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ;
Миров Ф.С. – ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia