casino malaysia
casino malaysia
Паём. Фарҳангу илми миллӣ беш аз пеш рушд хоҳад кард!

wrapper

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи давлатдорӣ дар охири соли 2022 Паёми худро ба намояндагони расмии давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар расонданд. Чун ҳамеша Паёми Пешвои миллат ҳам дар самти сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ ва инчунин, аз рушди илму фарҳангу маориф фарогир буд.
Хусусан, Пешвои миллат дар самти фарҳангу илму маориф суханони созандаву дурнаморо ироа доштанд, ки албатта, барои кормандони соҳаҳои болозикр масъулияти дучандтарро тақозо мекунад. Дар ҳар баромад ё Паёми худ Пешвои миллат изҳор медоранд, ки сиёсати давлатдориашон аз ҳама бештар илму маорифро ҷонибдорӣ мекунад ва ҳам барои густаришашон тамоми имкониятҳоро фароҳам хоҳад овард.
  Чӣ тавре, ки худ Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд:
“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.
  Мо дар тӯли сӣ сол давлатдории миллӣ бевосита мушоҳида мекунем, ки рушди илму маориф ва фарҳанг бесобиқа мебошад. Воқеан, таҳлилҳо нишон мидиҳанд, ки беш аз пеш соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг дар замони истиқлол ба комёбиҳои беназир мушарраф гардида, олимони соҳа дар самт хидматҳои шоёну назаррас намуда истодаанд.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бештар ба мактабу фарогирифтани ҷавонон ба илму дониш аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва пайваста Пешвои миллат таъкид месозанд, ки ҷавонон бояд аз таъриху фарҳанг ва гузаштаи худ ба таври комил огоҳӣ дошта бошанд ва дар ин самт супоришу дастурҳои бешумореро ҳам ироа доштаанд, ки ҷавонони кишвари азизамон аз онҳо баҳраҳо бардоштаанд. Дар Паёми навбатиашон ҳам Пешвои миллат зикр намуданд:
“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
  Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
  Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.
Аз ин суханони хирадмандонаи Пешвои миллат танҳо маърифатнок будану худшинос будану донишвар буданро метавон бардошт кард ва ҳамзамон, набояд мо фаромуш кунем, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг пули зиёде ҷудо мегардад, ин амалкарди Ҳукумати кишвар ба хотири он аст, ки соҳаҳои мазкур беш аз пеш рушд намоянд ва миллат, бахусус, ҷавонон соҳиби илму дониш гарданд.
Боиси хушнудист, ки дар аксарияти паёмҳои худ Пешвои миллат мӯзди меҳнати кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангро баланд мебардоранд ва супориш медиҳанд, ки шароити мусоидро баҳри кормандони соҳаҳои зикргардида, фароҳам оваред. Ин ҳама ғамхориҳои Пеҳвои миллат мо- кормандони ба вижа соҳаи илму фарҳангро водор менамояд, ки беш аз пеш баҳри пешрафти фарҳанги миллӣ ва илми миллӣ талош варзем.
Чунончӣ, Пешвои миллат дар Паём дар хусуси боло бурдани маош қайд карданд:
“Аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”...
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар баромадҳои худ изҳор медоранд, ки бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, таасубгароӣ набояд миёни мардум роҳ ёбад ва таъкид менумоянд, ки пеши роҳи ин амалҳои номатлубро танҳо саводу дониш ва илм гирифта метавонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба мардум кишвар, бахусус ҷавонон муроҷиат менамоянд, ки савод омӯзед, илмҳои замони муосирро азхуд кунед.
Мо худ шоҳиди он ҳастем, ки дар зарфи се чор соли охир, баҳри саводнокунии ҷавонон, Ҳукумати кишвар чанд озмуни ҷумҳуриявиро роҳандозӣ намуд, ба мисоли “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва амсоли инҳо озмунҳои сатҳи баландро миёни ҷомеа роҳандозӣ намуд. Дар ин озмунҳо барои ҳавасманд кардани насли ҷавон, ки бештар рӯ оранд ба илму дониш пули зиёдеро Ҳукумати кишвар ҷудо менамояд, ки агар мо мунсифона баҳо диҳем, ин иқдомест сутуданӣ ва боиси ифтихору истиқбол аст.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсуси нисбат ба соҳаи маорифу илм намудани Ҳукумати кишварро чунин баён доштанд:
“Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Аз ин нуктаҳои хирадмандонаи Пешвои миллат мо бояд чунин бардошт кунем, ки сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг шоистаи таҳсин аст. Моро чунин дастгириҳо бештар масъулиятамонро зиёд менамояд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод намоем ва ҳамзамон, баҳри пешрафти илму фарҳанги миллӣ саҳми боризи хешро гузорем.

Зоҳири С. 
ходими илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИСФҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia